Ба Худое, ки халқ иқроранд,
Ба Худое, ки дӯст медоранд.
Андарин гетӣ, гетии фонӣ,
Ба Худо, бо Худо ба пайкоранд.
Душманӣ бо Расули Ӯ варзанд,
Санг бар дӯстони ӯ боранд.
Бо Яҳудо канор биншинанд,
Ба Фаластин зи дил намезоранд.
Бо пули душманони Пайғамбар (с),
Дар Ватан тухми хасм мекоранд.
Дари масҷид ба халқ мебанданд,
Аз намозу ниёз безоранд.
Худ мусулмону душмани Ислом,
На насоро, на аҳли куффоранд.
Ҳайратам мекушад, намедонам…
Душманони Худо чи бисёранд!
Исфандиёри Назар