Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши ҷурму ҷиноят ва ифротгариву пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ пайваста изҳори нигаронӣ мекунанд. Вале роҳи ҳалро танҳо дар тасвиби қонунҳое мебинанд, ки тазоҳуроти шаҳрвандонро манъ бидорад, инчунин истифода мебаранд аз “коктейли Молотов”, яъне қатъи интернету телефонҳои ҳамроҳ.
Ҳамчунин онҳо ба ҷои бо аслу решаи мушкилот мубориза бурдан, ба насиҳати муҳоҷирон машғуланд, гӯё бо ин васила ифротгароиро решакан мекунанд. Бо муллову тадриси Қуръон ва ҳиҷоб ҳам муборизаро шиддат мебахшанд, ки маъмулан ин навъ аз “чораҳои пешгирӣ” аксаран натиҷаи баръакс додааст. Зеро ин мубориза на бо асли мушкилот, балки бо касонест, ки худ дучори мушкиланд ва ба роҳнамоӣ ниёз доранд, ҷазову шиканҷа онҳоро ислоҳ намекунад, балки ба афзоиши ифротгароиву терроризм, пайвастан ба гурӯҳҳои экстремистиву мусаллаҳе мунҷар мегардад, ки оқибати инро дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон шоҳид гаштем.
Бубинед, масъулин дар Қирғизистон баъд аз иттифоқоте, ки дар мавриди ифротгароии ҷавонон ва пайвастани онҳо ба сафи афроди мусаллаҳ рух дод, ба ташхиси асли мушкилот ру оварданд. Ҳоло мубориза бо ифротгароӣ ва гумроҳии ҷавононро аз ҳам ташхис дода, бо дарки масъулият ин масъаларо пеш мебарад.
Ба ин хотир, ахиран вазорати маъорифи ин кишвар барои мубориза ва пешгирӣ аз нуфузи афкори инҳирофӣ ва ифротӣ дар байни ҷавонон, омӯзиши баъзе аз дарсҳои диниро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳатмӣ гардонид. Ва дар ин дарсҳо ба мавзӯъи “Дин дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ” ва омӯзиши таърихи баъзе аз мазҳабҳо авлавият дода шудааст.
Пештар Қирғизистон таълими динии ҷавонони зери 18-соларо дар хориҷ аз кишвар мамнӯъ кард, ҳамон кореро, ки дар Тоҷикистон ҳам шоҳид гаштем.
Ин ҳам аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки таҷдиди назар сурат мегирад ва дар ин маврид Ғанибек Усмоналиев, яке аз вакилони парлумони Қирғизистон хабар дода таъкид кард, ки парлумони Қирғизистон қонуни манъи фиристодани ҷавонони зери 18-сола барои таълими динӣ ба хориҷро баррасӣ ва қабул мекунанд, чун дар дохил имкони таҳсил фароҳам нест.
Қаблан ахборе дар ҷомеъаи Қирғизистон мунташир шуд, ки баёнгари гусели як гурӯҳи ҷавонони хурдсол аз ноҳияи Жумголски минтақаи Норин ба Бангладеш барои таълими улуми мазҳабӣ буд. Расонаӣ шудани ин масъала пас аз он сурат гирифт, ки мавзӯъи фиристодани гурӯҳе аз ҷавонон аз вилояти Уши Қирғизистон тавассути ашхоси ношинос ба Туркиё аз сӯи аъзои парлумони ин кишвар матраҳ шуд. Гуфта мешуд, ки ҷавонон барои интиқол ба Сурия ва ширкат дар муқовимати мусаллаҳона ба Истамбули Туркия равона шудаанд.
Дар ин ҳол, мақомоти қирғиз таъкид карданд, ки дар сурати манъи ҷавонони қирғиз барои таҳсил дар хориҷ, бояд шароити хуби таҳсилро дар дохили кишвар муҳайё кард. Масъулини қиғиз мегӯянд, фаъолияти мадрасаҳо бояд дуруст роҳандозӣ шавад ва ба ҷои сиёсатҳои сахтгирона, ба таълими улуми динӣ рӯй овард ва таълими улуми диниро ҳам бо ҷалбу ҷазби устодони ин ришта дар кишвари худ фароҳам сохт. Дар ин сурат дигар маҷол барои давлатҳои ғарбӣ барои ривоҷи исломҳаросӣ ва баҳрабардорӣ аз шароити иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ин кишвар низ боқӣ намемонад. Мавзӯъе, ки дар шароити феълӣ ва таҳти таъсири фаъолияти ҷараёнҳои вобаста қудратҳои ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳалқаи гумшудаи таъмини амнияти иҷтимоъӣ ва фарҳангии минтақа табдил шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз дар августи соли 2010 аз мардуми кишвар даъват ва тақозо кард, ки фарзандони худро аз мадориси мазҳабии кишварҳои дигар барои баргашт ба ватан ташвиқ кунанд. Андак баъд дастур ҳам дод, ки чунин як шароити хуби таҳсил дар кишвар фароҳам шавад, то донишҷӯён аз манотиқи мухталифи ҷаҳони ислом ба кишвар бозгарданд. Далелаш ин буд, ки ин гуруҳ аз донишҷӯён ба ҷамъи террористу ифротгароҳо изофа мешаванд. Ҷаноби Э.Раҳмон гуфт, волидайн ба хотири ояндаи фарзандони худ онҳоро барои таҳсил мефиристанд, вале дар онҷо амалиёти террористӣ ва тафаккури ифротгароӣ таълим медиҳанд. Донишгоҳи “Ал-азҳар”-и Миср, мадориси улуми динии Покистон ва Арабистони Саъудӣ дар дастури президент ҳадаф қарор гирифтанд. Аммо бо баргардонидани қисме аз ин гуна донишҷӯён на танҳо шароити кучаке муҳайё нашуд, баръакс бештари мадориси диниро дар Тоҷикистон бастанд ва маҳдудиятҳои мазҳабии фаровоне низ ҷорӣ гардид. Дар баробари ин гуна дарбандиву мамнуъиятҳо, инчунин дари масҷидҳое низ баста гардиду дар дигаре агар аз тариқи баландгӯ азон гуфтанро манъ дошта бошанд, ҳатто рафтани ҷавонон ба ин маконҳои маърифатӣ ҷиноят дониста мешавад. Риш мондани мардон ва сатри аврат ба бар кардани бонувон, тадриси Қуръон дар хона ва амсоли ин ҳам мамнуъ гардид, тадриси қуръоние, ки ҳамчун суннати миллӣ шинохта мешавад.
Бо ин гуна вазъ ҷавононе, ки аз хориҷ баргаштанд, ба таҳсил фаро гирифта нашуданд ва коре ҳам пайдо накарданд. Ин боис гардид, қисме аз онҳо ба Русия муҳоҷир шуда, теъдоди дигаре ба сафи ҷангиён дар Сурияу Ироқ ва Афғонистон пайвастанд. Сафар кардани онҳо ба кишварҳои даргири хушунат ва ҷанг аксаран аз тариқи Русия сурат гирифтааст. Яъне бо он ки ҷавононро аз хориҷ баргардонданд, шароит барои онҳо фароҳам карда натавонистанд, балки ин амалкарди мақомот мусоидат ва заминасози ру овардани ҷавонон ба террористу ифротгароҳо гардид.
Шуҳрат Набиев