Вокунишҳои зиёди довталабон ва талаби истеъфои вазире

Вокунишҳои зиёди довталабон ва талаби истеъфои вазире

Фармони Нусратуллоҳ Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мавриди додани имтиёз ба донишҷӯёни баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ бо вокуниши сахти корбарони “Озодагон” рӯ ба рӯ шудааст. Аксари шарҳнависон аз ин фармони вазир шадидан нигаронӣ кардаву гуфтаанд, азбаски дар фармони вазир бештари имтиёз ба донишҷӯёни як минтақа дода шудааст, он хусусияти маҳалгароӣ дошта, хилофи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мебошад.
– Идрис, як корбари “Озодагон” навиштааст: фармони Салимзода хилофи Сарқонуни Тоҷикистон мебошад. Вазири тандурустӣ ҳаққи содир кардани чунин як фармонро надорад, чун дар Сарқонун, баробарии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз маҳал тазаккур ёфтааст.
Идрис барои ҳалли ин мушкили пешомада ва ҷилавгирӣ аз ба миён омадани ҳиссиёти маҳалгароӣ миёни бархе аз ҷавонон дар пайи фармони мазкури вазири тандурустӣ пешниҳод кардааст: Ҳар нафаре бо дониши худ 450 бал гирифтаааст, донишҷӯ эътироф карда шаваду нафарони бо имтиёз қабулшуда, то соли оянда тайёрӣ бинанд.
Ҳамчунин афзудааст, дар сурати ба ин дастур таҷдиди назар сурат нагирифтан, ин амали вазир нобахшиданист.
– “Тамошобин”, корбари дигар низ дар шарҳи гуфтаҳои боло навиштааст, ин фармони Нусратуллоҳ Салимзода боиси аз курсии донишҷӯии Донишгоҳи тиббӣ дур мондани ҷавонони болаёқат мешавад. Ҳарчанд ҷаноби вазир ин имтиёзро ба донишҷӯёни навоҳии мазкур барои он додааст, ки баъд аз хатми таҳсил ба зодгоҳашон баргарданд, вале таҷриба нишон додааст, на ҳамаи онҳо бармегарданд. “Имтиёз бояд умуман бардошта шавад, он лозим нест, танҳо воситаи дилхунукшавии довталабони арзандаи шаҳру ноҳияҳои бекоэффитсиент мегардаду халос”.
“Тамошобин” дар идома савол гузоштааст: агар ҷаноби вазир ба хотири дар оянда бо кадрҳо таъмин намудани навоҳии мазкур ба донишҷӯёни онҳо имтиёз додааст, пас, квота, ки ҳамасола бар асоси он садҳо донишҷӯ ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, барои чист?
– Акрам, шарҳнависи дигар, ки аз худ ҳамчун довталаби курсии донишҷӯии Донишгоҳи тиббӣ аз вилояти Суғд ном мебарад, гуфтааст: агарчӣ 430 холро соҳиб шуда буд, ба ин донишгоҳҳо қабул нашуд. Дар ҳоле ки яке аз ҳамроҳонаш аз ноҳияи Данғара, минтақаи имтиёздор тавонист, бо гирифтани 401 хол донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шавад. Чун ба ӯ бар асоси дастури вазир 125 холи дигар тӯҳфа кардаанд. Акрам дар шарҳи гуфтаҳои худ изофа кардааст, ки тасмим дорад дар ин бора ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон шикоят барад.
Дар ҳамин ҳол, Саид, яке аз корбарон хостори ба истеъфо рафтани Салимзода шуда, гуфтааст: Вазири муҳтарам, аввалан хатогиҳои сиёсиашро бартараф карда, баъдан ба истеъфо раваду бас.
Аммо вазорати тандурустӣ навиштааст: “марҳамат, ҳар нафаре, ки норозӣ аст, рӯзи шанбе аз соати 8 то 12 рӯзи қабули вазир аст. Метавонед бо аризаи хаттӣ ба вазир муроҷиат кунед, андешаҳои Шумо ҳатман шунида мешавад ва асоснокии фармон ҳам ба шумо фаҳмонда мешавад. Вазорати тандурустӣ дар шарҳи ин гуфтаҳо фармони вазирро бар асоси қонунҳои амалкунандаи медонад. Аммо маълум нест, ки “дар асоси моддаи кадом қонун ин фармон навишта ва чаро бартарият маҳз ба донишҷӯёни Хатлон дода шудааст.
Дар пайи вокуниш ва нигарони шадиди корбарон аз ин фармони ҷаноби Салимзода ва баҳси квотаву имтиёзҳо ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар бо суханҳои маҳалгароӣ корбаре бо номи “Тоҷикдухтар”, ки қисмате аз саргузашти худ бо хоҳарашро дар ин бора навиштааст, ишораест аз корҳои маҳалгчигӣ ва хешутабобозӣ. “Салом хабаргузории Озодагон! Умедворам, ин навиштаи ман рӯи чоп меояд. Дар хотир дорам, соли 2006 бо “квотаи президентӣ” ману хоҳарам ба пойтахт, шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи омузгорӣ омада будем. Вақте маблағи зиёдро сарф карда омадему дар рӯзҳои имтиҳон хостем имтиҳон супорем, ба мо гуфтанд, ба шумо ин имконият нест, чун квотаатонро алакай дигар кас соҳибӣ кардааст. Модари сарсонам ҳамоно ба ду вазорат: тандурустӣ ва маъориф равон шуданд, вале дар онҷо ҳам гуфтанд, ин квотаҳоро кайҳо ба дигар довталабон додаанду ҳукумати ноҳия моро фиреб кардааст.
Ин ҳама сарсониҳо гузашт, чун дар ин зиндагӣ хама чиз мегузарад. Ҳам ман ва ҳам хоҳари дар он рӯзҳои сарсонӣ ноумедгаштаам ҳоло соҳиби касби худ шудем, аммо ноадолатӣ то ҳанӯз идома дорад. Аз ин маълум мешавад, ки ба умеди ягон кас ё орзуи хом шудан лозим нест, чунки дар урфият мегӯянд: Аз худат мондӣ – мурдӣ!
Барои ҳамин, халқи тоҷик маҳалгароиро монеду якдигарро дастгирӣ кунед, чун агар рӯзи сахт ба саратон омад, на ҳукумат ва на дигару дигар ба додатон намерасад”.
Гирдоваранда Раҳматулоҳи Раҷаб

More From Author

You May Also Like