Ҳаводис ва руйдодҳои солҳои охири ҷаҳон инсонро ба фикр вомедорад. Қатли оми инсонҳои бедифоъи диндор ё бедин имрӯз қалби аксарияти мардуми ҷаҳонро пора пора кардааст. То он ҳадде, ки ба ҷуръат метавон гуфт, ки ҳар касе имрӯз бо дидани саҳнаҳои ваҳшатноки террор, куштор, оворагӣ ва дарбадарии фарзандони одам ашк намерезад ё дилаш намесузад бояд имони худашро як бор бознигарӣ намояд.
Мушакҳову бомбаҳои чанд тоннаи бар болои хонаҳои мардуми Ғазза фуруд меоянду кӯдакони бегуноҳро тика тика мекунанд. Мардуми мазлуми Сурия, Эзадиҳои Курдистон, мардуми Миср, Либия, Афғонистон, Бирма ва ироқиҳои мазлуме, ки ба ҷои азон рузашон бо садои бомбаву таркишҳои интиҳорӣ оғоз мешавад ва кудакони фаластиние, ки бомбаву тиру туп аллаи шабонаашон гаштаасту ба ҷои бусаҳои ошиқонаи падару модар садои ваҳшатноки гургҳои оҳанинеро мешунаванд, ки ҳадяи фарҳангу тамаддуни қарни “шукуфоии ақлу илм” мебошанд.
Шиорҳои зебои ҳуқӯқи башар ва тарвиҷи ҳадафманду якҷонибаи демократияи машрута натиҷае ҷуз асорати инсонҳои ташнаи демократия ва озодӣ дар панҷаи диктаторҳо ва кудаточиён дарбар надоштааст. Дуруст фармудаанд, ки “замон беҳтарин довар аст”. Гузашти замон пучу сохтагӣ будани демократияи мавриди назари Ғарбро исбот намуд. Имрӯз тамоми мардуми огоҳи Шарқ медонад, ки демократияи ғарбӣ арзишмеҳвар не, балки манфиатмеҳвар будааст.
Масъалаи асосӣ ва саволи матраҳ ин аст, ки чаро дар бахше аз замин хушунату фасод ва дар бахши дигараш рафоҳ ва осоиш ҳоким аст? Оё ин тақсими дунё ба ду қисмати “сарзамини неъматҳо” ва “сарзамини ранҷҳо” тасодуфӣ аст ё бар асоси барнома ва тарҳи хоссе мебошад? Дар ҳоле, ки аврупоиҳову амрикоиҳо ва бархе дигар дар авҷи оромишу рафоҳ зиндагӣ мекунанд, дар Африка ва Осиё хуроки рузонаашон хуну дуду оташ шудааст ва ҳар рӯз кӯдакон дар пеши чашми волидайнашон кушта мешаванду шаҳрҳо ба харобазор табдил меёбанд. Идоракунандаи ин бозӣ кист ва ҳадафи ин бозӣ чист?
Ин вазъиятро метавон ба саҳифаи шатранҷ ё ҳамон шоҳмот монанд кард, то ҳақиқат беҳтар ошкор шавад. Дар бозии Шоҳмот ҳарифе, ки бо токтикҳо ва ҳилаҳои бозӣ ошноии бештар дорад, аввалин ҳаракати рақибашро дида, чанд ҳаракати баъдии уро пешбинӣ мекунад ва фикрашро мехонад. Ӯ барои аз байн бурдани бархе муҳраҳои асосии рақибаш чанд муҳраи худро ҳам қурбон мекунад ва бо барномаи аз пеш рехташуда ба пеш ҳаракат мекунад ва оқибат рақибашро мот мекунад. Имрӯз сарзаминҳои исломӣ аз дасти чунин бозӣ ранҷ мебаранд. Оғози ҷангҳо дар кишварҳои мусалмоннишин бар асоси ниёз ва барномаҳои тарроҳон мебошад. Гоҳе оташафрузӣ мекунанду ҳарвақт бихоҳанд ба номи ҳуқуқи башару дифоъ аз каромати инсонӣ оташбасҳои муваққат ё бемуҳлат барқарор мекунанд.
Фаромуш накунем, ки тамаъ доштан ба манобеъ ва захоири Ховари миёна ба солҳо пеш бармегардад ва ба назар мерасад ин бозӣ ба зудӣ поён нахоҳад ёфт. Шиори “Ховари миёнаи ҷадид” бо як назокати хосс матраҳ мешавад ва ҷузъиёти он оҳиста оҳиста дар ҳоли иҷро шудан аст. Истеъмори иқтисодӣ, сиёсӣ ва фикрӣ хунсардона ва ором донаҳои шатранҷи ин бозиро ҳаракат медиҳад ва ба осонӣ бар рафтору тасмимоти мардуми бесарпарасти ин минтақа майдондорӣ мекунад, зеро эҳсосот, гароишот, қувватҳо ва заъфҳои мардуми ин минтақаро хеле хуб медонанд. Бар асоси ҳамин шинохте, ки натиҷаи солҳо мутолиъа ва таҳқиқоти шарқшиносони онҳо мебошад донаҳои шатранҷро ба ҳаракат медароранд. Мумкин аст ин шатранҷбози моҳир барои рахна кардан дар хатти дифоъи ҳариф бархе муҳраҳои худро ба ӯ тақдим кунад. Яъне бо додани бархе имтиёзоти маҳдуд ба баъзе гурӯҳҳо ва ҳокимони сарзаминҳои исломӣ ва осиёӣ онҳоро муваққатан сармаст намуда ба ҳадафҳои калон ва дарозмуддати худ дастрасӣ пайдо меукунанд. Ин бозӣ барои тарроҳонаш 2 манфиати аслӣ дорад.
1- Ба имтиёзоти калони моддӣ монанди нефту дигар захоири заминӣ дастрасии арзон пайдо мекунанд. Бо ин роҳ кишварҳои минтақа ба хотири душманӣ ва рақобат бо ҳамдигар ҳаркадом нефту газу дороиҳояшро бо нархи арзонтар ба онҳо ба фуруш мебарорад. Ҳатто ДИИШ, ҷабҳаи нусрат, пешмаргҳои курд ва дигар гурӯҳҳои хурд ҳам бо барномаи ин тарроҳон ба фуруши арзони нефт машғул мешаванд. Баъд бо фуруши аслиҳа ба ин кишварҳо ва гурӯҳҳо, ҳам аз дасти аслиҳаҳои қадимиву бекораи худашон халос мешаванд, ҳам пули нефтро дубора аз худ мекунанд ва бо сохтани насли ҷадиди аслиҳаҳои пешрафта барномаҳои баъдро тарроҳӣ мекунанд.
2- Динҳои тавҳидиро дар саросари ҷаҳон бадном мекунанд ва онҳоро сабаби ақибмондагӣ муаррифӣ менамоянд. Махсусан чеҳраи исломро ончунон зишту бад нишон медиҳанд, ки ҳамаи мардум аз он нафрат пайдо намуда онро душмани аввали худ пиндоранд. Ҳатто ин барнома дар худи мусалмонон ҳам асар кардааст. Чуноне, ки мушоҳида мекунем динситезӣ ва динзудоӣ дар аксарияти ҷаҳони ислом ва аз ҷумла ҷомеаи мо ҳам афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи ин муомилаҳо ҷаҳон якқутбӣ боқӣ мемонад.
Ба иловаи талошҳои тарроҳони фитна ва ғоратгарони сарватҳои милливу арзишҳои динии ҷаҳони севвум, омилҳои дохилие низ вуҷуд доранд, ки ба яғмогарӣ ва эҷоди фасод дар кишварҳои шарқӣ суръат мебахшанд.
Ф) Ҳокимият: Агар ба сохтори ҳар кадом аз кишварҳои ҷаҳони севвум махсусан кишварҳои мусалмоннишин аҳамият диҳем, мебинем, ки байни иродаи миллӣ ва системаи ҳукуматӣ фосилаи зиёд ва ошкоре вуҷуд дорад. Қудратҳои ҳоким бар кишварҳои мусалмоннишин хушк, инъитофнопазир, хашин ва худмеҳвар буда, вогузории қудрат ба ғайри худро худкушӣ мепиндоранд. Ба хотири онки интихобот дар ин кишварҳо камрангу таҳти идораву нуфузи як гурӯҳи хосс баргузор мегардад, интиқоли қудрат дар онҳо хеле кам рух медиҳад ва рақобатҳои сиёсӣ амалан бефоида ва ноком мешаванд. Далели аслии ин руйкард нигариши нодуруст ба ҷойгоҳ ва вазоифи ҳокимон аст. Яъне тамоми фикру зикру ҳамму ғами ҳокимон дар ин кишварҳо ҳифзи қудраташон аст. Ба ҳамин хотир сармояҳои миллии чунин кишварҳо дар дасти як гурӯҳи хосс қарор мегирад, масъулон ба ҷои ризояти мардум ба фикри ризояти роҳбарони болотар мешаванд ва рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бисёр сусту заиф мешавад. Дар чунин фазо эътимоди миллӣ камранг шуда мушорикати мардум дар тавсеъаи миллӣ заиф ва ҳатто нобуд мегардад. Ҳокимиятҳои чандинсолаи дарозумр дар кишварҳои ҷаҳони севвум худ далели дурустии ин гуфта ҳастанд.
Тарси аз даст ба даст шудани қудрат, ки аз тафаккури диктатурӣ ва салтанатталабиҳои бархе ҳокимон нашъат мегирад, фарҳанги саркуб ва душмантароширо дар ҷомеа густариш медиҳад, ки дар натиҷа ба фаъолтар шудани гурӯҳҳои мухталиф ва махсусан радикалҳо дар ҷомеа мунҷар мешавад. Дар бархе аз ин кишварҳо барои нокоромад кардани ҳар навъ андешаи озодихоҳӣ, мардумсолорӣ ва демократӣ аз назарияи Макявеллӣ истифода намуда, гуруснагиву фақри моддӣ ва маънавиро дар ҷомеа густариш медиҳанд. Зиндагӣ дар давлате, ки дорои чандин навъи маҳдудиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва динӣ бошад норизоятии умумиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Аммо ба хотири онки ба равшанфикрону андешамандони ин ҷомеаҳо иҷозати эътирозу интиқод дода намешавад, ин эътирозҳо ба кинаву нафрат нисбат ба ҳукумат табдил меёбанд ва ба ахгари зери хокистаре монанд мешаванд, ки дар фурсати муносиб ба шуълаи хонумонсуз табдил шаванд. Дар ин ҳолатҳо кофист, ки абарқудратҳо яке аз муҳраҳои худро ба ҳаракат дароваранд ё вориди бозӣ намоянд, ана ҳамон вақт ҳокимон ба фосилаи байни мардум ва ҳокимиятҳо пай хоҳанд бурд. Чуноне, ки Қаззофӣ дар дунёи хиёлоти худаш ҳамаи мардуми Либияро ошиқи худаш гумон мекард, вале ба ҷуз хешовандону атрофиёнаш ҳеҷ пуштибоне аз мардуми ин кишвар пайдо накард. Худсузии як ҷавони сабзиҷотфуруш дар Тунис бошад дар як шаб тамоми ин кишварро бапо хезонд ва диктатори қудратманде чун Бин Алиро сарнагун кард.
Ҳукуматҳои ғарбӣ ҳам вазъиятро хуб омухтаанд ва барои вобаста кардани ҳокимони ин кишварҳо ба худашон тамоми талошро мекунанд. Онҳо бо додани имтиёзҳое ба хонаводаҳо, гурӯҳҳо ва фирқаҳои марбут ба ин ҳокимон вазъияти мавҷудро ҳифз менамоянд то аз ҷабри онҳо ба нафъи худ истифода баранд.
Б) Огоҳии умумӣ: Агар бихоҳем тамоми як ҷомеа тавони таҷзия ва таҳлили масоилро дошта бошанд ин нодуруст аст, вале огоҳии сиёсӣ ва дар як сатҳи муайян фаҳму дарк кардани масоил бисёр муҳим ва зарурӣ аст. Агар ҷомеае дарк накунад, ки амдан дар фақру ҷаҳл нигоҳ дошта мешавад ва бозичаи бархе гурӯҳҳо гаштаанд, ҳидояти иродаи онҳо ба самти манофеъи гурӯҳҳои хосс хеле осон хоҳад буд. Дар боло бурдани огоҳии мардум нақши расонаҳо хеле муҳим аст. Аммо дар кишварҳои ғайридемократӣ расонаҳо маъмулан дар ихтиёри давлат қарор доранд, ки бо таблиғоти ғайривоқеӣ ва зиддидинии худ эътимоди мардумро аз даст медиҳанд ва ба гунае амал мекунанд, ки аксарияти мардуми ин кишварҳо ба расонаҳои давлатии худ боварӣ надоранд.
Аз тарафи дигар ончунон маҳви таблиғоти шахсиятҳо ва корҳои беҳудаи худ мешаванд, ки наметавонанд огоҳии мардумро боло бурда, дар мавқеъгириҳояшон таъсир расонанд. Ба ҳамин хотир бозингарон дар ин саҳифаи шатранҷ муҳраҳоеро мисли ДИИШ, Алқоида ва дигарон ба вуҷуд меоваранд ва бо улгуҳо ва арзишҳои динии мо низ бозӣ мекунанд. Тамоми амалҳои ғайридинӣ ва ғайриинсониро бо дасти онҳо содир намуда ба номи ислом сабт ва муаррифӣ мекнанд. Ҳатто гузоштани номи “давлати исломӣ” ба як гурӯҳ ва аз тариқи он содир кардани тамоми ҷиноятҳои зиддиинсонӣ ҳам беҳадаф нест. Пештар ҳам дар замони пайдоиши ин давлати ҷадид гуфта будем, ки ин ҳам як баҳонаи дигар барои бадном кардани Ислом ва ҳамла намудан ба ин минтақа мебошад. Ҳоло аксарияти расонаҳои маъруф ҳадафмандона ҷанги кунуниро ҷидол байни “давлати исломӣ” як давлати ваҳшӣ, хунхор, зиддиинсонӣ ва душмани башар ва “тамаддуни ғарбӣ” ҷабҳаи тарафдори ҳуқуқи башар ва мазлумон муаррифӣ карда, мехоҳанд дар афкори умум Исломро дини террор, хушунат, зиддиинсонӣ ва тахрибкор намоиш диҳанд. Оё буридани сари инсон бо фарёди “аллоҳу акбар” қатли омми мардум ба номи даъват ба дин ва таҷовуз ба молу номуси мардум ғайр аз нафрат ва бадбинӣ барои ислом чизи дигаре ба ҳамроҳ дорад? Оё ин кор таъйиди ҳамин даъвои бозингарони ин саҳна нест? Чаро як давлати ваҳшӣ ва хунрез ба номи ислом ҷойгузини як давлати мардумсолор, озод, инсонпарвару қонунмеҳвари Муҳаммад Мурсӣ дар Миср шудааст? Чаро ҳангоми баёни мушкилот давлати Исломгарои Туркия ва ҳукумати исломгарои наҳзат дар Тунис гуфта мешавад, вале дар ҳангоми муаррифии дастовардҳо исломгароии онҳо комилан ба кунҷи фаромушӣ супурда мешавад? Оё тамоми инҳо ҷуз мубориза бо дин ҳадафи дигаре доранд?
Мутаассифона бархе мусалмонон ҳам ба хотири манофеъи худ ё аз ноогоҳӣ ба ин мавҷ ҳамроҳ шудаанд ва мехоҳанд исбот кунанд, ки ин ҷиноятҳо бо усули исломӣ ҳамоҳангӣ доранд. Агар эътиқод ва бовари динӣ дар миёни мардуми мусалмон амиқ ва таҳқиқӣ мебуд ба осонӣ дурустро аз нодуруст ҷудо намуда пеши роҳи чунин хушунатҳо ва ҳаракатҳои номатлубро мегирифтанд.
В) Равшанфикрон ё зиёиёни муқаллид ва тарсончак: Инҳо хоста ё нохоста дар саҳифаи шатранҷи сиёсат дар хидмати бозигарон қарор доранд. Ин гурӯҳ тамоми мушкилоти ҷомеаро ба дин рабт дода, фикр мекунанд бедин будан ё зидди дин будан пешрафту тараққиёт ба ҳамроҳ дорад. Ё шояд аз тарси ҳокимон бошад, ки муборизаашонро на ба муқобили ҷаҳолату фақр, балки бар алайҳи дин оғоз мекунанд. Дар ҳоле, ки дар аксари ҷомеаҳои исломӣ қукумат дар ихтиёри дунявиҳост на диндорон.
Хулоса инки дар ҷомеаи мо имрӯз бонги хатар аз дину диндорон сар додаанд, вале хатари воқеӣ дар ҷои дигар аст. Ба хотири ҳифзи қудрат ва идомаи ҳокимияти худ динро душман сохтан кори оқилона нест. Ҳамеша ДИИШ ва Алқоидаро мисол овардан ва тарсондани ҷомеа аз онҳо шояд чанд рӯзе таъсир дошта бошад, вале мутмаин бошед, ки дароз давом нахоҳад кард. Зеро намунаи беҳтаре ҳамчун Туркия, Тунис, Марокеш, Малайзия ва дигарон ҳам вуҷуд доранд, ки муқобили намунаи хушунатталаби динӣ ҳастанд.
Нуктаи муҳим ин аст, ки аксари мусалмонон имрӯз ба ин натиҷа расидаанд, ки бо зинда кардани арзишҳои аслии динашон метавонанд заминаи саодати мардум ва ободии кишварҳояшонро фароҳам оваранд. Каромати инсонӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон барои мусалмонон дигар арзишҳои ғайриисломӣ нестанд, зеро ҳамаи инҳо дар Қуръону суннат реша доранд. Танҳо бо ҳоким кардани ҳамин арзишҳо метавонанд “дузахи шарқ”-ро ба биҳишт табдил намоянд.
Рисолати аслии ҳар як зиёии миллатдуст ва ҳукуматдори огоҳ имрӯз муқобила бо ҷаҳлу фақр аст, на бо дину диндорон. Танҳо бо ҳамкории наздики давлат, миллат ва нухбагон метавон қалъаи нуфузнопазире дар муқобили таҳдидоти сиёсӣ, низомӣ, динӣ ва ҷуғрофиёӣ ба вуҷуд овард. Аммо ин ҳамкорӣ танҳо бар асоси гуфтугӯ ва муколама ба вуҷуд меояд, на чизи дигар.
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ