Categories Ахбори рӯз

Зани мусалмон ба ҳаққи худ соҳиб шуд

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) зани мусулмоне пас аз он ки шавҳараш ӯро талоқ додаву аз хона ронданӣ шуд дар мурофиаи судӣ ба ҳаққи манзили зист ва тарбияи фарзандонаш соҳиб гашт, навиштааст «Nеws24».
Хадиҷа ва Однон Ойзек ҳарчанд тайи 13 сол зиндагонии якҷоя доштанду соҳиби ду фарзанд буданд ақди никоҳи расмӣ надоштанд ва танҳо бо никоҳи исломӣ иктифо карда буданд. Ҳамчунин дар манзили зисти онҳо танҳо номи шавҳар қайд гардида буду бас.
Дар рафти мурофиа, чунончи ҳимоятгари Хадиҷа гуфтааст, «шавҳараш пас аз он ки хост бо зани дигаре издивоҷ кунад, ӯро бо фарзандонаш аз хона рондааст, то ҳамсари навашро ба хона оварад». Аммо бо дар назар гирифтани тамоми ҷонибҳо ва шаҳодати атрофиён, суд манзилро ба зан ва ду фарзандаш вогузор кард.

More From Author

You May Also Like