Шикасти саҳюнизм бо ҷони беш аз 2100 нафар мусалмон

Шикасти саҳюнизм бо ҷони беш аз 2100 нафар мусалмон

Дар натиҷаи ҳуҷуми 51 рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин беш аз 2100 шаҳрванди мулкӣ ба шаҳодат расонида, ҳудуди 11 ҳазор нафар захм бардоштанд, ки аксари онҳоро кӯдакону занон ташкиш медиҳанд. Ҳазорон хона вайрону валангор гардида, миллиардҳо доллар ба иқтисоди Фаластин хисрот ворид гардид.
Аҳмад Мансур, яке аз рӯзноманигорони боистеъдоди шабакаи Алҷазира дар рӯзномаи “Алватан” мақолаеро дар хусуси таъсири пирӯзии нерӯҳои муқовимат ба ҷомеъаи Исроил ба нашр расонид. Дар он гуфта мешавад, ҳангоме оташбас байни низоми саҳюнистӣ ва ҲАМОС рӯзҳои аввали худро мегузаронид, ҷанги пуршиддат дар дохили ҷомеъаи исроилӣ оғоз шуда буд ва он ба шикасти бузурге рабт дошт, ки саҳюнистон аз ҷониби нерӯҳои муқовимат мувоҷҷеҳ гаштанд ва байни тоифаҳои мухталиф бо сардории Натаняҳу ва вазирону мухолифонаш ба вуқуъ пайваст.
Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, набарди дохилӣ дар рафти ҷанг бо муқовимати фаластинӣ мувоҷҷеҳ гардид, вале баъди имзои оташбас бе қарори Шӯрои хурди вузарои исроилӣ ин масъала аланга пайдо кард. Аз дигар тараф, “норозиҳо хисороти моддиро, ки 6 миллиард доларро ташкил медиҳад ва 70 куштаю ҳудуди 700 захмиро дар бар дорад, талаби муҳосиба доранд”.
Узви парлумони Исроил посухи зиёни башарию моддӣ ва касодшудани соҳаи сайёҳиро аз Натанёҳу, сарвазири ин кишвар талаб дошта, посухи сабаби ин ҳама зарарҳорро интизор аст. Ҳамчунин дигарон ҳам пурсиданианд, ки чӣ тавр ҲАМОС шарики асосӣ дар музокирот гардид ва шартҳои худро матраҳ кард? Чаро силоҳи пешрафта василаи амну истиқрори Исроил нашуд? Ин ҷанг ояндаи Исроил ва лидеронашро дар раъси Натанёҳу муайян мекунад. Аксари тарафҳои даргири сиёсӣ дар ҷомеъаи яҳудӣ муътакиданд, ки Натанёҳу аз нигоҳи сиёсӣ дигар оянда надорад.
Ба навиштаи торнамои “Суннинюз”, пирӯзӣ дар ин ҷанги таҳмилӣ аз сӯи бузургтарин артиши нерӯманди минтақа, ки чаҳорумин артиши абарқудрати ҷаҳон ба шумор меравад, бар сипоҳони ҲАМОС, ки солиёни сол аз замину осмон ва дарё дар муҳосираи комил қарор доранд, чунон возеҳу равшан буд, ки ба ҳеҷ унвон касе гумон намекард ин мубориза то ба самар расидани ҳадаф ниёз ба чанд дақиқа вақт дошта бошад. Аз ин хотир, тамоми расонаҳои Ғарб ва кишварҳои арабӣ дар ҳамоҳангӣ бар сози Исроил рақсидандк ҲАМОС-ро ба таслим шудани бечуну чаро дар муқобили душмани сар то по мусаллаҳ ташвиқ карданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, агар режими саҳюнистӣ рӯзона беш аз 300 маротиба ғайринизомиёнро бомбарон мекарду ҷони ҳазорон инсони бегуноҳро дар як чашм задан аз байн мебурд, на танҳо натавонист ҳиммати фулодин ва иродаи нерӯҳои қассомиро зери шубҳа қарор диҳад, балки аз ҳаракатҳои низомӣ ва пешрафтҳои зеризаминии муҷоҳидон хайратзада ва ҳайрону сарсон монда буд.
Бояд гуфт, қассомиҳо бо истифода аз тактикҳои низомӣ ва ғайри қобили тасаввур, душманони худро ғофилгир карданд. Дар як мижа задан аз зери замин даҳҳо мушаки дастсоз ба сӯи Исроил парвоз мекарданд ва сипари дифоъии Исроилро пора- пора карда, ба фурудгоҳ ва марказҳои низомии шаҳрҳову полоишҳои гази исроилӣ мерасониданд.
Ҳаракати Муқовимат ҷанги дифоъии худро “Каъасфим-маъкул” номида, ба режими ҷинояткор расонид, ки то ӯ алафи хоидашударо бар замин туф накунад, даст аз сараш барнахоҳад дошт.
ҲАМОС собит кард, ки шуҷоъату далерӣ метавонанд пирӯзиро ба даст биёранд, ки артишҳои буздили саропо мусаллаҳ аз касби он оҷизанд. Ғазза нишон дод, ки пирӯзӣ самараи имону таваккали ростин ба Худованд аст ва силоҳу нерӯе, ки бо такя ба имон истифода мешаванд, ҳаргиз шикаст нахоҳанд хӯрд.
Ҳамчунин маъракаи Ғазза парда аз ҷиноятҳои давлатҳои минтақа ва саҳюнистҳо, ки дар либоси Ислом хазида буданд, баркашид. Буздилоне ҳам, ки бо ҷомаву аммома худро бар миллатҳо таҳмил карда, зери номи раҳбарони динӣ мардумро азоб медоданд, шинохта шуданд.
Хулосаи ду сафи имону куфр, бо мунофиқоне, ки дар рикоби он гирд омада буданд, ба хубӣ аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Дар тули 51 рӯз, ки Ғазза 24 соат зери борони мушаку бомафканиҳои душман ҷон медоданд ва дурбинҳои расонаҳо ба таври зинда ҷиноятҳои режими саҳюнистиро ба ҷаҳон инъикос медоданд, садои пурҷӯшу хуруши миллати захмдида ва дилераш, заҳмиҳои ғарқаи хун, модарони доғдида, фарзандони бесарпараст ва бепаноҳ, падароне, ки лошаҳои тикапораи ҷигаргӯшаҳояшонро дар бағал гирифта, дар пайи гуристон буданд, хоҳарону бародароне, ки бо пои пиёда дар паи амбулансҳо медавиданд, шояд асаре аз падару модари пир ва ё соири аъзои хонаводаҳояшонро биёбанд, танҳо як замзамаро мешунидӣ: “Аллоҳу Акбар, Ҳасбуналлоҳу ва неъмал-вакил, неъмал-мавло ва неъман-насир…”.
Оғӯши модарони Ғазза чӣ афсонаофариноне тарбият кардаанд!
Сад салому ҳазорон дуруд бар миллати шуҷоъ ва далери Ғазза!
Ба иттилоъи расонаҳо, бо ғуриши маргофарини мушакҳои дастсози ҲАМОС Худованди Маннон чунон ваҳшатеро дар синаҳои буздили лашкарони ҷинояткори режими саҳюнистӣ андохт, ки бисёре аз онҳо даст ба худкушӣ заданд. Бархе пойҳои худро захмӣ карданд, то аз рафтан ба майдони ҷанг халосӣ ёбанд. Бархи дигаре аз шиддати ваҳшату тарс равонаи бемористонҳо шуданд.
Ҳар он чӣ аз шаҳрвандони исроилӣ дар рӯзҳои аввал тавони фирор аз кишварро ёфтанд, ба сарзаминҳои аслии худ фирор карданд. Сарватмандоне низ фурсати фирори амволи худро ёфтанд, дороияшонро аз бонкҳои исроилӣ ба хориҷ интиқол доданд.
ҲАМОС осмони Исроилро тамоман муҳосира кард, бозорҳои он ва корхонаҷоту гардишгариро таътил ва зиндагии саҳюнистҳоро барҳам зад, яъне ба мардуми Исроил иҷозат дод, ки ба хонаҳои аслии хеш бозгашт намоянд.
Худованди бузуруг дар Қуръони Карим аз яҳуди Бани Назир дар сураи Ҳашр хуб тасвире дорад: “Ӯ касест, ки кофирони аҳли китобро дар нахустин бархӯрд (бо мусалмонон) аз хонаҳояшон берун ронд. Гумон намекардед онон хориҷ шаванд ва худашон низ гумон мекарданд, ки қалъаҳои мустаҳкамашон онҳоро аз азоби илоҳӣ монеъ мешавад, аммо Худованд аз он ҷо, ки гумон намекарданд, ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, ба гунае, ки хонаҳои худро бо дастони хеш ва бо дастони мӯъминон вайрон мекарданд, пас ибрат бигиред, эй соҳибони чашм”.

More From Author

You May Also Like