Categories АКС

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)colorstart:#000000Имрӯз бо амри ҳайате аз намояндагони Хадамоти санитарӣ ва оташнишонӣ, инчунин Кумитаи дин, ки ба дафтари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд субҳ ташриф оварданд, баъд аз чанд соъати раду бадал атрофи масоили мухталиф дари онро бастанд ва сабаби бастани дафтари вилоятии ҳизбро дар ислоҳ накардани камбудиҳои қаблан нишон додаи худ арзёбӣ кардаанд.

Тавре Илҳомҷон Ёқубов, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо «Наҳзат» гуфт, онҳо омилони баста шудани дафтари вилоятии ҳизбро вуҷуд доштани баъзе аз камбудиҳо дар ноқилони барқӣ ва зиддисӯхторӣ гуфтанд. Аммо масъала ин аст, ки вақте дафтари корӣ баста мешавад, роҳ ва чигуна рафъ кардани камбудиҳо ҳам баста мегардад.

Амалкарди мақомот дар ҳоле сурат гирифт, ки аз баргузор шудани як нишасти матбуъотӣ дар рӯзи 23 – юми январ бо ширкати Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари ҲНИТ, вакилони мудофеъи марҳум Умеҷон Тоҷиев ва наздикони ӯ аз тариқи ВАО як рӯз қабл эълон пахш гардид, агарчи дар матни эълони мазкур охиран тағйироте ба хотири таъхир шудани баргузории ин нишаст иттилоъ дода шуда буд.

Таври маълум, Умедҷон Тоҷиев рӯзи 19 январ дар бемористон дар асари шиканҷа, бахусус истифода аз шиддати барқ аз сӯи мақомоти интизомӣ, ки баъди боздошт шуданаш истифода бурданд ба шаҳодат расид ва шаҳодати ӯ нигарониҳоеро дар ҳизб ба вуҷуд овард.

Вакили мудофеъи марҳум ҳам аз мақомоти экспертизаи тиббӣ тақозо карданд, ки баъд аз ташхиси ҷасади марҳум сабаби марги ӯро мунсифона ва шаффоф иқрор шаванд./colorend

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)

Дафтари вилоятии ҲНИТ-ро дар шаҳри Хуҷанд бастанд (АКС)

More From Author