“Паёмбаронашон ба онҳо гуфтанд: “Магар дар вуҷуди Худои эҷодкунандаи осмонҳо ва замин шакке ҳаст?! Ӯ шуморо даъват мекунад, то бахше аз гуноҳонатонро биомурзад ва шуморо то вақти муайян муҳлат диҳад”. Гуфтанд: “Шумо ҷуз башаре монанди мо нестед, мехоҳед моро аз он чи ниёгонамон мепарастиданд, боздоред, пас барои мо далели равшан биёред”. (Сураи “Иброҳим”, ояти 10).
Бо тиловати ояти қаблӣ, ки дар он ба инкори рисолати паёмбарон ва тавҳиди улуҳият ва рубубият ба мухолафат бархостани мушрикон тасвир ёфта буд, саволе ба миён меояд, ки паёмбаронашон дар посух ба онҳо чӣ гуфтанд? Ин оят ҷавоби паёмбаронро, ки ифодагари тааҷҷуби эшон аз шакку тардиди сабукақлонаи қавми мункиршуда аст, баён менамояд: “Паёмбаронашон ба онҳо гуфтанд: “Магар дар вуҷуди Худои эҷодкунандаи осмонҳо ва замин шакке ҳаст?! ”.
Аслан фитрати солим ба эҷодкунандаи ягона доштани олами ҳастӣ гувоҳӣ медиҳад ва ногузир ин ҳақиқатро эътироф мекунад, вале бо ин вуҷуд гоҳо дар қалби баъзе аз инсонҳо дар ин маврид шакку тардид роҳ меёбад. Дар ин гуна лаҳзаҳо инсон ниёзи шадид ба нигаристан ва тафаккур кардан ба далелҳое дорад, ки дасти ӯро гирифта ба ҳақиқати вуҷуди Офаридгор бирасонад. Танҳо ишорае ба он басанда аст, ки соҳиби фитрати солим дар аввалин дарке, ки аз ин олам мекунад, зуд ба худ ояд ва дар мавриди боварҳои хеш бознигарӣ кунад. Аз ин рӯ, паёмбарон барои исботи вуҷуд ва ваҳдонияти Худованд ва ба ин васила аз байн бурдани шакку тардиди мункирон аз офариниши осмонҳо ва замин ва низоми устувори онҳо, ки ба фитрати инсон дар мавриди он ки эҷодкунандаи онҳо Худованди яктост, сухан мегӯянд, далели равшану возеҳ меоранд. Ин намунаи зикршуда, ки далолат ба вуҷуд ва ягонагии эҷодкунанда мекунад, тавҳиди дар улуҳият ва рубубиятро, ки як мавзӯи инкори мушрикон аст, исбот менамояд.
Баъд аз исботи тавҳиди дар улуҳият ва рубубият, ба баёни ҳаққонияти рисолати паёмбарон ва ҳикмати ба сӯи мардум омадани эшон пардохта, ба мавзӯи дигари инкори онҳо ҷавоб мегӯянд: “Ӯ шуморо даъват мекунад, то бахше аз гуноҳонатонро биомурзад”.
Ҳикмату иноят ва раҳмати Худованди доно ва ҳаким иҷоб менамояд, ки башариятро бидуни раҳнамо ба ҳоли ҳудаш вонагузорад, балки ба сӯи онҳо паёмбар бифиристад ва ба василаи эшон онҳоро ба сӯи тавҳид даъват кунад ва ба баракати қабул кардани даъват онҳоро аз олудагиҳо ва гуноҳҳо пок намояд. Ин аст яке аз ҳадафҳои ниҳоии даъвати Худованд ба сӯи имон ва тавҳид. Ҳадафи дигари даъват ба хотири аз зиндагӣ хуб баҳраманд шудан ва роҳи такомули хешро паймудан дар рӯи замин ба вуҷуди ҳар қавму миллат то муддати муайян бақо бахшидан аст: “ва шуморо то вақти муайян муҳлат диҳад”.
Яъне то замон ва муддате, ки Худованд интиҳои умри шумо қарор додааст, ки ба он мерасед, агар имон биёред, дар акси ҳол шуморо қабл аз он вақт ҳалок хоҳад кард. Дар оёти қуръонӣ аз нобудии қавму миллатҳое, ки бар асари напазируфтани даъвати паёмбарон ва баҳра набурдан аз мактаби тавҳид ҷомеаро ба фасоди фарҳангӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мувоҷеҳ карданд, ахбори зиёд омадааст. Аз ҷумла дар ояти 6 сураи Анъом чунин омадааст: “Пас онҳоро ба сазои гуноҳонашон нобуд кардем ва пас аз эшон қавми дигарро падид овардем”.
Қавму миллатҳои роҳи инкорро пешгирифта дар сояи ҷаҳолаташон ба ҷои он ки даъвати ҳаётбахши Худоро бипазиранд ва дар баробари ҳақ таслим шаванд, бо хирасарӣ “Гуфтанд: “Шумо ҷуз башаре монанди мо нестед”.
Ба замми ин мақсади ба парастиши Худои ягона даъват кардани паёмбаронро таъвили ғалат карда, гуфтанд: “Мехоҳед моро аз он чи ниёгонамон мепарастиданд, боздоред”.
Саркардагони мункирон аҳли тақлид буданро бартарият доданд, чун ҳифзи мақом ва таъмини манофеашонро дар сояи боқӣ мондани аҳли ҷомеа дар тақлиди кӯркӯрона медиданд. Ҳамзамон ба қасди устувор намудани мавқеи худ аз паёмбаронашон далели равшан талаб карданд, ки агар шумо даъвои рисолат доред ва рост мегӯед, аз ҷониби Худо муъҷизаи равшантари дигаре биёред, ки далолат бар фазли шумо ва сиҳҳати даъвоятон кунад: “пас барои мо далели равшан биёред”.
Вале ин талаби онҳо, ки ҳуҷҷату далелҳои овардаи паёмбаронро эътибор накарда, муъҷизаи дигар хостанд, ҷуз ситеза ва озоррасонӣ чизи дигаре набуд.
Бояд гуфт, баҳсу муҷодалаи дар ин оят тасвирёфта, кашмакаш ва радду бадалҳоест, ки ба таври ҳамеша дар миёни паёмбарон ва зӯрмадорону ҳокимони туғёнгар ва гурӯҳе, ки дар паҳлуи онҳо қарор доштанд, сурат мегирифт. Бинобар ин, Худованд он ҳамаро ба таври яклухт баён кардааст.
Ин оят ба мо меомӯзонад, ки зинда мондан ва ё аз сафҳаи ҳаёт маҳв гаштани ҳар қавму миллат ва ҷомеаи башарӣ ба роҳи дар зиндагӣ ихтиёр намудаашон пайванд мехӯрад. Ҳар миллат ё ҷомеае, ки дар он арзишҳои ба Худо, ҳақиқат ва ахлоқ алоқаманд аз байн биравад ва гуноҳ, таҷовуз, зулму ситам, туҳмату буҳтон, нобаробарӣ ва монанди ин гуноҳҳои кабира ривоҷ ёфта, табдил ба фарҳанги миллӣ шавад ва аҳли он панду андарзнопазир гарданд, ба сабабҳои гуногун ва шеваҳои мухталиф аз байн хоҳанд рафт ва ҳалок хоҳанд шуд. Таърих гувоҳӣ дода, ки қавму миллатҳо ва ҷомеаҳои зиёде замоне арзи вуҷуд доштанд, вале ба иллатҳои зикршуда маҳву нобуд гашта, аз эшон ному нишоне боқӣ намондааст. Вале ҳар миллате, ки дар ин дунё бар асоси ростӣ қадам бардошта, худро аз олудагиҳои фаҳшу фуҷур, туҳмату буҳтон ва дигар гуноҳҳои азим пок сохта, дар ҷомеа адлу адолат, бародарӣ, меҳру муҳаббат, суботу амниятро ҷорӣ намуданд, умри тӯлонӣ диданду хоҳанд дид. Ва ноил гаштан ба ин гуна мақоми покию покизагӣ танҳо барои миллате муяссар хоҳад гашт, ки зиндагияшро бар ақидаи ҳақ ва мактаби тавҳид роҳандозӣ кунад.
Зубайдуллоҳи Розиқ