Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон қарор кард, ки анҷумани қабл аз интихоботии ҳизб рӯзи 16-уми декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
Чунин буд натиҷаи баҳсу баррасии ин ниҳоди олии ҳизб дар рӯзи 28-уми сентябр, баъд аз гузориши масъулини ситоди омодагириҳо ба интихоботи парлумонӣ, ки интизор меравад дар моҳи феврали соли 2015 баргузор гардад.
Раёсати олии ҳизб ширкат дар интихоботро айни субот ва пешрафти кишвар арзёбӣ кард. Фишору монеъагузориҳои зиёди мақомот дар ин чанд соли ахир ҳам мавриди таҳлил қарор гирифтанд, ки ин раванд ҳамчун канор бурдани афкори ҷомеъа аз воқеъиятҳои он ва дасткашӣ аз нигоҳ доштану тақвият бахшидани василаву институтҳои демократӣ дониста шуд.
Дар воқеъ, вазъи нигаронкунандаи минтақа, фаъол гаштани неруҳои сиёсии мухолиф бо истифода аз равандҳои демократӣ, афзоиши тунгароӣ, фишор болои аҳзоби қонунмеҳвару муътадил фазои интихоботиро печида мегардонад. Маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеъиятҳо Раёсати олии ҲНИТ ширкат дар интихоботро айни субот ва ороми Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Масоили дигаре, аз қабили пешгирӣ аз тақаллуб дар интихобот ва фишорҳои эҳтимолӣ болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар раванди интихобот ҳам мавриди баррасии аъзои Раёсати олӣ қарор гирифт ва пешниҳод шуд, ки ситоди омодагирӣ ба интихобот ҷанбаҳои мухталифи масъала, аз ҷумла тақвияти бахши иттилоърасонӣ, омузиши ҳуқуқӣ ва сиёсии фаъолони ҳизбро афзоиш бахшад.
Раёсати олии ҲНИТ ҷанбаҳои дигари ширкат доштан дар интихоботи парлумониро низ муҳокима кард ва ба танҳоӣ рафтан дар интихоботро авлавият қоил шуд, вале дари ҳизбро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсони алоҳида боз гузошт. Меъёри асосиро дар ин маврид қонуният, манофеъи милливу давлатӣ, арзишҳои муштараки милливу демократӣ ва шаффофияти интихобот донист.