“Ва онҳо (аз Худо) фатҳу пирӯзӣ хостанд ва (саранҷом) ҳар гарданкаши ботилгаро ноком шуд. Баъди ин навмедӣ ва нокомӣ ҷаҳаннам аст ва ба ӯ хуноба нӯшонда хоҳад шуд. Онро ҷуръа-ҷуръа менӯшад ва наметавонад ба осонӣ фурӯ барад ва (сабабҳои) марг аз ҳар тараф ба ӯ рӯй меорад, аммо ӯ намемирад ва азоби сахте дар пеш дорад”. (Сураи Иброҳим, ояҳои 15-17)
Баъд аз бархурдҳои зиёд вақте мустакбирон ба нуқтаи ниҳоии мухолафат расиданд ва бо таҳдидҳои шадид дасти паёмбаронро аз ҳама ҷо кӯтоҳ карда, зулму ситамро аз марзи тоқат гузаронданд, эшон аз имон овардани онҳо комилан ноумед гашта, аз Худованд ёрӣ ва фатҳу пирӯзӣ талаб намуданд. Дар ин оят бар алайҳи душманони даъват ёрӣ ва нусрат талаб кардани паёмбарон тасвир ёфтааст: “Ва онҳо (аз Худо) фатҳу пирӯзӣ хостанд ва (саранҷом) ҳар гарданкаши ботилгаро ноком шуд”.
Аз Худованд ёрӣ талаб намудани Нуҳ (а)-ро Қуръон ба унвони намуна зикр кардааст: “(Худоё!) Ман мағлуб шудам, маро ёрӣ деҳ!” (Қамар, 10).
Бояд гуфт, қавмҳои мункир аз паёмбарон бо ришханд талаб мекарданд, ки ваъдаи азобе, ки ба онҳо дода шуда буд, кай меояд? Чунончи намунаи он дар ояти 48 сураи Ёсин омадааст: “Ин ваъда кай хоҳад буд, агар рост мегӯед?” Ҳамчунин намунаи дигар дар ояти 28 сураи Саҷда аст: ”Ва мегӯянд: “Ин пирӯзи (и шумо) кай фаро хоҳад расид?”.
Яъне аз як сӯ паёмбарон ба хотири пирӯзии ҳақ бар ботил ва аз сӯи дигар куффор бо мақсади ба масхара гирифтан ва ба паёмбарон нисбати дурӯғгӯӣ додан фатҳи Худовандро металабиданд. Саранҷом паёмбарон нусрат дода шуданд ва қавми саркаш бар асари нузули азоб ҳалок гаштанд ва ин ҳалокату ноумедӣ насиби куффор шуд. Нокомию ҳалокате, ки бадхоҳони ботилпеша барои мунодиёни ҳақмадор чашмдор буданд, домони худи онҳоро гирифт ва бо ин ноумедӣ дунёро тарк карданд.
Дар ояти баъдӣ Худованд аз ҷазоҳое сухан ба миён меорад, ки бар асари набарди беамони ситамгарони саркаш бар алайҳи мактаби тавҳид ва мунодиёни он ва дигар аъмоли зишти онҳо, ки дар ин замина анҷом додаанд ва дар моварои ин ҳалокат ва нокомияшон ба онҳо мерасад: “Баъди ин навмедӣ ва нокомӣ ҷаҳаннам аст ва ба ӯ хуноба нӯшонда хоҳад шуд”.
Яъне баъди ҳалок шудан дар дунё, ҷаҳаннам дар интизори ин ситезагарони ситамгар аст ва аз баландии ҳарорати тоқатфарсои оташ вақте ташнагии тоқатшикан тамоми вуҷудашонро месӯзонад, дар ивази оби хунук ва софу гуворо ба онҳо хунобае омехта ба чирке, ки аз бадани аҳли ҷаҳаннам берун меояд, нӯшонда хоҳанд шуд.
Ояти баъди ҳолати нӯшидани онҳоро тасвир мекунад, ки ба заҳмат онро ҷуръ-ҷуръа ба даҳон мегиранд ва такрор ба такрор фурӯ бурданӣ мешаванд, вале аз он ки мисли оби маъруфи дунё нест, балки нӯшидание ниҳоят палиду бадбӯ, зишттаъму нобоб ва ниҳоят гарму сӯзон аст, онро фурӯ бурда наметавонанд: “Онро ҷуръа-ҷуръа менӯшад ва наметавонад фурӯ барад”.
Аз миёни азобҳои мухталифи ҷаҳаннам зикр шудани ин навъи азоб далолат бар он мекунад, ки сахттарин навъи азоб аст.
Гузашта аз ин, дар як навъи азоб боқӣ намемонад, балки ҳар лаҳза таъми талху марговари азоби сахттар ва машаққатбортар аз азоби қаблиро мечашанд. Азобҳои нороҳаткунанда ва марговари ҷаҳаннам, ки ниҳоят зиёд аст, онҳоро аз тамоми ҷиҳот иҳота мекунад, тамоми аъзои баданашон аз шиддати дард месӯзад. Бо мушоҳидаи ин ҳолати маргбор гумон мебаранд, ки ҳамин ҳоло маргашон фаро мерасад ва аз азоб халос мешаванд. Ягона василае, ки аз он хотирашонро тасаллӣ додан мехоҳанд, ҳамин аст. Вале ҳукми маргашон содир намегардад, ки бимиранд ва аз азоб раҳоӣ ёбанд: “ва (сабабҳои) марг аз ҳар тараф ба ӯ рӯй меорад, аммо ӯ намемирад”.
Дар чандин оёт ба ин мавзӯъ ишора шудааст, аз ҷумла дар ояти 36 сураи Фотир омадааст: “..на бар онҳо ҳукм мешавад, то бимиранд ва на азоби он аз эшон коста мешавад”.
Онҳо зинда мемонанд ва аз азоби дузах ба таври доимӣ ранҷ мекашанд, на танҳо азоб сабук карда намешавад, балки боз азоби сахттар аз азоби зикршуда пеш меояд: “ва азоби сахте дар пеш дорад”.
Шоиста ба зикр аст, ки Худованд бо омода намудани ин гуна азобҳо қасди зулм карданро надорад ва ин зулм дониста намешавад, балки ин як қонуни кулии илоҳӣ ва суннати ҳамешагӣ аст, ки ҳар қавму миллате, ки даст ба зулму ситам мезананд ва по аз марзи фармонҳои илоҳӣ берун мениҳанд ва бо мактаби тавҳид ба ҷангу ситеза бармехезанд ва дар сояи ин роҳи пешгирифтаашон даст ба зулму ситами мардуми мустазъаф мезананд, Худованд онҳоро дар панҷаи азоб мефишорад. Оташи қалби мазлумону мустазъафон дар рӯзи ҷазо ба оташи дузах табдил меёбад ва он чирку хунобаи аз бадани ҷаҳаннамиён берун омада, ки ба онон нӯшонда мешавад, бо хуни ҷигаре, ки золимон ба мустамандон дар дунё ҷуръ-ҷуръа нӯшондаанд пайванди устувор дорад. Бинобар ин, наметавон он ҷазоҳои мудҳишро зулм талаққӣ кард, чун онҳо дар гарави аъмоли ношоистаи хешанд.
Худованд дар ояти 182 сураи Оли Имрон дар ин мавзӯъ мефармояд: “Ин ба сабаби чизе аст, ки дастони шумо пеш фиристода ва Худованд дар ҳаққи бандагон ҳаргиз ситам нахоҳад кард”.
Зубайдуллоҳи Розиқ