Бо дидани ҳамсарони мухталиф мутаваҷеҳ мешавем, ки гоҳе зану шавҳарони ошиқ низ дар бархурд бо якдигар дучори ранҷиш мешаванд. Зеро ба таври табиӣ вақте касеро дӯст медорем аз ӯ интизороте дорем. Гоҳ аз ӯ беш аз дигарон ҳам тавақуъ дорем ва ҳангоме, ки интизоротамон бароварда намешавад меранҷем. Албатта ранҷиш амри табиӣ аст, аммо бояд муроқиб бошем ҳаргиз ва таҳти ҳеч шароите ранҷиши худро аз ҳамсар пинҳон накунем. Зеро ранҷишҳои кучак дар рӯҳамон анбошта мешавад ва саранҷом ба остонаи инфиҷор мерасанд. Дар ин марҳала аст, ки ҷарақае метавонад оташи хашми бепоёни моро шуълавар кунад. Мутаассифона чунин вазъияте аслан хушоянд нест. Зеро доду фарёд мекунем, носазо мегуем, нола ва шеван сар медихем ва хулоса ҳама чизро ба ҳам мерезем.
Ҳар системи ҳароратӣ як термостатор дорад, термостатори равони мо низ тахлияи фишорҳои дарунӣ аст. Деги зудпаз ё ҳамон деги бухорро ба ёд меоваред? Вақте деги зудпазе ба садо дар меояд, хатари инфиҷор дар пеш аст.
Оё беҳтар нест аз тариқи ошноӣ бо шеваҳои тахлияи фишорҳои дарунӣ танишҳои анбоштаи зеҳнамонро хориҷ кунем?
Бо гуфту шунид метавонем ҳар ранҷиш ва нороҳатиро аз худ дур кунем ба шарте, ки бо фанни гуфтугӯ ва роҳи рафъи ранҷишҳо шиносоии комил дошта бошем.
Фанни гуфтугӯ
Авоили издивоҷ ҳама кутоҳ меоянд, нодида мегиранд, аз ёд мебаранд, мабахшанд ва зуд оштӣ мекунанд. Аммо пас аз чанде ҳеч як аз ҳамсарон паст намеоянд, гузашт намекунанд, аз ёд намебаранд ва намебахшанд. Ҳама чиз аз зери заррабин (микроскоп) мегузарад, зуд меранҷанд ва меранҷонанд. Баъд ҳам мегуянд чаро ман барои оштӣ пешқадам шавам. Мутаассифона ин раванд ба ҳадде мерасад, ки зану шавҳар натиҷа мегиранд, ки ҳарф задан фоидае надорад. Яке мегӯяд чӣ фоида вақтамро сарфи гапзадан бо ӯ кунам! Ӯ ки аслан ба ҳарфам гуш намедиҳад, то ҳоло чанд бор имтиҳон кардам!
Дигаре мегӯяд ҳамсарам фақат ба хостаи худаш фикр мекунад, худхоҳ аст ва аслан фурсати ҳарфзадан ба ман намедиҳад. Ҳар вақт хостам бо ӯ ҳарф бизанам, фақат худаш гуфта ва худаш шунидааст ман ҳатто як калима ҳам натавонистаам бигуям. Вақте кор ба ин ҷо мекашад ҳамсарон дигар гирди гуфтугӯи мустақимро хат мекашанд.
Аммо зиндагии муштарак ҳамчунон идома дорад. Ногузир барои шинохти тарафи муқобил ва хостаҳои ӯ ба ҳадс ва гумон мутавассил мешаванд. Мушаххас аст ин шинохт наметавонад дарунӣ ва амиқ бошад. Ранҷишҳо ҳам зиёд мешаванд ва кор ба киноягӯӣ мекашад ба ин тартиб рӯз ба рӯз робита бадтар мешавад. Ҳамсари ранҷида мекушад ҳоққонияташро собит кунад. Ақида дорад, ки рафторе беинсофона ва дур аз адолат бо вай шудааст. Марди ранҷидахотир ба тадриҷ контроли равони хешро аз даст медихад. Ӯ агар қадаме барои рафъи ранҷиши худ барнадорад оҳиста оҳиста он афзун мегардад ва кор ба қаҳр мекашад. Дар тамоми мароҳили боло ҳамсуҳбат шудан метавонист дарҳои оштиро бикушояд. Гоҳе шарму ҳаё боис мешавад, ки барои рафъи дилхурӣ қадам пеш нагузорем. Гоҳ аз воқеият фарор мекунем ва мушкилро раҳо месозем . Гоҳе ҳам ба таври ҳайратоваре моилем дигаронро монанди худ кунем. Дар ҳақиқат ба ин далел, ки худ таъйид шавем. Дар ҳоле, ки маълум нест мисли мо шудан дуруст бошад. Дар сони аз куҷо маълум ҳама чиз тағйир кунад ва шароити зиндагиамон беҳтар шавад? Бояд даст аз худхоҳӣ бардорем бояд бипазирем робитае маъқул ва мавриди писанд аст, ки бар асоси эҳтиром ба ақида ва гуфтори тарафи муқобил устувор бошад. Бояд ҳамсарамонро ҳамон тавр, ки ҳаст қабул кунем. Барои ин, ки ба хостаҳои мантиқиамон таваҷҷуҳ кунад, бояд ба хостааш эҳтиром гузорем, бояд бо шеваи писандидае бо ӯ ҳарф бизанем. Агар бо ӯ суҳбат накунем аз куҷо бидонад чӣ хостае дорем!
Касоне, ки муътақиданд аз гуфтугу натиҷае нагирифтаанд, бояд бидонанд ба шеваи дурусти ҳарфзадан шиносоии кофӣ надоштаанд. Ҳар ҷанге саранҷом пои мизи музокира ҳаллу фасл шудааст. Ҷанги хонаводагӣ низ поёнпазир аст ва бо гуфтугӯ фосилаҳо ва дилсардӣ аз байн меравад.
Як нукта бигуямат ба таҳқиқ бисанҷ,
Гар оқилу комили маранҷону маранҷ.
Дар зиндагии заношуӣ дилхуриҳо, ранҷишҳо шикоятҳо ва мушоҷираҳо фаровон аст. Агар чунин набошад бояд нигарон буд, зеро ба яқин робитаи завҷҳо ба сарди гароида ва нисбат ба ҳам беэътино шудаанд ва дигар ҳамдигарро дӯст намедоранд, ки аз якдигар намеранҷанд. Аммо ончи муҳим аст ва ба пойдории робитаашон мадад мерасонад, наҳваи бархурд бо ин мущкилот аст. Ҳар гуфтугӯе одобе дорад, ки агар ба ҳама тарафҳояш таваҷҷуҳ шавад, поёни хуш ҳохад дошт, аммо агар бо пешбиниҳои манфӣ ва сиёсати аз қабл таъин нашуда иқдом ба шиква ва шикоят кунем чӣ басо вазъ аз ончи ҳаст бадтар шавад. Дар бандҳои зер роҳҳои як гуфтугӯи хубро шарҳ медиҳем, то бо ошноӣ бо фунуни он битавонед ин марҳалаи ҳассосро пушти сар гузоред:
1.Пеш аз он ки ранҷиши худро бо ҳамсаратон дар миён бигузоред ибтидо онро дақиқ рӯи коғаз бинависед. Ба ин тартиб саҳми худро дар пешомади марбута беҳтар хоҳед дид аз суи дигар навиштани моҷаро аз ибтидо то интиҳо боиси оромиши нисбиатон мешавад ва дар айни ҳол бо ёдоварии моҷаро ба иллатҳои он беҳтар воқиф мешавед.
2. Пеш аз суҳбат саъй кунед худро ҷои ҳамсаратон бигузоред бо ин кор беҳбар ба мушкилоти ӯ пай мебаред.
3. Пеш аз суҳбат бо ҳамсар ҳаргиз мавзуъро бо дигарон матраҳ накунед, зеро мумкин аст гуфтаҳоятонро воруна ё бо шоху барг ба ӯ бирасонанд ва ӯро бар аллайҳи шумо бишуронанд
4. Дар интидои суҳбат таъкид кунед қасди шумо аз матраҳ кардани ранҷиш расидан ба ҳусни тафоҳум аст зеро қаҳрҳои тулонӣ ва ҷидол беҳуда аст ва роҳ ба ҷое намебарад
5. Пешопеш ёдоварӣ кунед, ки шояд асли моҷаро як суи тафоҳум (нофаҳмӣ) бошад ва қасдатон аз суҳбат рафъи он аст.
6. Саъй кунед аз нукоти мусбати корҳои ахири ӯ ё он чи аз ӯ писандидаед зикре ба миён биоваред, то фазои музокира самимӣ шавад
7. Бо лаҳни дӯстона ва меҳрубонона суҳбат кунед тамоми муддати гуфтугӯ мовозиб бошед хашмгин нашавед. Ҳеҷ гох аз лафзи “ту” истифода накунед, ки роҳи иҳонат ва бадгуиҳои баъдиро боз кунед.
8. Таъкид кунед, ки мумкин аст муқасири ин моҷаро худатон бошед, бинобарин фақат барои рафъи дилхурӣ иқдом ба суҳбат кардаед. Агар тақсире доштаед ҳатман онро ба забон биоваред ва аз ҳамсаратон бахшиш бихоҳед. Ин коратон фазои гуфтугӯро беҳбуд мебахшад ва ҳамсаратон фикр намекунад муҳокимае даркор аст. Дар зимн ӯ низ дар навбаи худ омодаи пазируфтани иштибоҳаш мешавад зимни ҳалли масоил саъй кунед ҳарфҳоятонро бо захми забон, киноя, таҳқир ва тамасхур баён накунед, зеро вазъият аз он чи ҳаст бадтар мешавад як гуфтугуи хуб аз таҳдид, тамасхур ва ҳамла дур аст.
9. Ҳаргиз ҳамсаратонро бо дигарон муқоиса накунед ва хубиҳои дигаронро ба рухаш накашед агар мехоҳед муқоисакунед, саъй кунед ӯро бо худаш, яхне хатои эҳтимолиашро бо рафтори хуби худаш дар мавқеияти дигар муқоиса кунед.
10. Аз дилхуриҳо ва ранҷишҳои кучак шурӯъ кунед, ва аз гузаштаҳои дур ёд накунед. Пас аз рафъи дилхурӣ ӯро водор накунед ба гуноҳаш эътироф кунад ва аз шумо узр бихоҳад, зеро ин амр ғурурашро мешиканад ва инкор вазъро бадтар мекунад.
11. Аз якравӣ ва таассуб бипарҳезед, агар мавриде дар он ҷаласа ҳал нушуд, гуфтугӯро ба баъд вогузор кунед.
12. Ҳангоми гуфтугӯ агар ҳамсаратон хост ҳарфе бизанад монеаш нашавед ва саропо гӯш бошед. Фурсат диҳед то изҳор бикунад. Бо ин рафторатон собит мекунед ӯ низ дорои ҳақу ҳуқуқе аст. Аз тарафи дигар ҳамсари шумо бо ҳарф задан тахлияи равонӣ мешавад. Вақте гуфтаҳояш тамом шуд оромиш ва роҳатии зиёде эҳсос хоҳад кард ва пеши худ хоҳад гуфт, ман ҳам ҳарфамро задам ба ин тартиб имкони оштӣ ва расидан ба тафоҳуми мутлақ фароҳам мешавад.
13. Ба ҳар шакле, ки метавонед рафъи дилхуриро ҷашн бигиред, бо хадя додани шохаи гуле ё ҳар чизе, ки мавриди ниёзи тарафи муқобил бошад. Хонум метавонад аз ҳунари ошпазиаш баҳра бигирад ва кейк ё ширинӣ бипазад. Оқо метавонад даъват ба асрона ё шом дар берун кунад ва….
Ба ин тартиб ба сулҳе нисбатан тулонӣ мерасед. Оштиҳои иҷборие, ки ношӣ аз омадани меҳмон, тамоюли ҷинсӣ ё иттифоқи муҳим аст бунёни суст дорад, зеро решаи ихтилофҳо ҳамчунон ношинохта ва дастнахурда боқӣ мондааст.
Таҳияи З. Ҳусайнӣ