Categories ТАҲЛИЛ

Озодӣ, ошнои ғариб

Озодӣ, ин вожаи бо шукӯҳ ва даҳанпуркун ба унвони яке аз муҳимтарин баҳсҳои ҷаҳони имрӯз матраҳ аст. Вожае, ки таваҷҷӯҳи маҳфилҳо, маҷаллаҳо ва расонаҳои гурӯҳиро ба таври ом ба сӯи худ ҷалб карда ва ҳама онро ба унвони ҳаққи мусаллами як инсон медонанд ва бар ин боваранд, ки рамзи ҳаракат ва пешрафт ва рушди ин мавҷуди хокӣ дар сояи он сурат мегирад, ҳарчанд мумкин аст қисмате  аз ин таблиғот ҷанбаи сиёсӣ дошта бошад ва матраҳ кардани ин масъала ба ин густардагӣ марбут ба фишорҳое бошад,ки аз тарафи ҳукуматҳои диктаторӣ ба мухолифонашон сурат мегирад, аммо воқеият аст, ки аз замоне Худованд ирода кард инсонро халқ кунад озодиро ҳаққи мусаллами ӯ қарор дод то ҷое, ки гурӯҳе аз олимони дин дамидани руҳро иродаи ӯ муаррифӣ кардаанд ва фиристодани Паёмбарон (а) ва нозил кардани китобҳо аз тарафи Худои ҳаким намуде аз ин амри бузург мебошад. Ҳамчунин аз нигоҳи мафҳумҳои даруни динӣ яке аз шароити мукаллаф будан озод будани инсон мебошад.Яъне то замоне эҳсоси вуҷуд накунад ба ин маъно, ки битавонад интихоб кунад, аз дидгоҳи дин инсони мукаллаф ба шумор намеравад. Инсон ҳам барои расидан ба ин муҳим аз ҳеч кӯшише кӯтоҳӣ накарда, балки ба ҷое расида, ки аз ҷону моли худ ҳам гузашта ва бо хуни худ таърихи озодиро рангин кардааст. Ин афрод аз хеле пеш мехостанд то нидои ин вожаи муқаддасро ба гӯши ҳама бирасонанд ва булбулони нағмахонро бо худ ҳамовоз кунанд. Муборизаҳое, ки тавассути бузургони ҳар ҷомеа бар зидди истеъмор сурат гирифта ва ҳамчунин мунозираҳое, ки байни фирқаҳои исломӣ дар тули таърих буда, гуёи ин ҳақиқат аст.Ҳарчанд худи ин кашмакашҳо баёнгари озодии андешаи онҳо будааст. Ба гуфти Мавлоно:

   Ин, ки фардо ин кунам ё он кунам,                        Худ далели ихтиёр аст эй санам.

  Ростӣ оё инсон будан дар ғайри сояи озодӣ маъне пайдо мекунад? Дар ин сурат чӣ фарқе миёни инсон ва ҳайвоноти атроф вуҷуд дорад? Ва ё чаро ҳаракоти замину осмон ба андозаи яке аз нафасҳои ин мавҷуди ношинохта мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фан  қарор нагирифтааст? Аммо ин, ки озодӣ чист? Чӣ таърифе дорад? Ҳудуди озодӣ то куҷост?  Ва оё метавон барои озодӣ маҳдудият қоил шуд? Саволҳое ҳастанд, ки андешамандон дар онҳо ихтилофи назар доранд.

  Таърифҳои зиёде барои мафҳуми озодӣ ироа шудааст. Файласуфи бузург Ҷон Лок озодиро ингуна таъриф мекунад: «озодии инсон дар он аст, ки ҷуз қонуни табиат қудрате бар ӯ фармонравоӣ накунад». Ҳамчунин Айза Берлин бар ин бовар аст, ки : «озодӣ дахолат накардани дигарон дар корҳои фардӣ мебошад».  Доктор Абдулкарими Суруш мегӯяд: «озодӣ вогузор кардани одамӣ ба худ, аз ончӣ ғайри ман аст ё ончӣ монеъ мешавад бар камол ва шукуфоии ман».

  Ҳарчанд ҳар кадом аз ин таърифҳо баёнгари нуктаҳоест, ки сабаби маҳдуд кардани таърифи озодӣ мешавад, ба ин маъно, ки :

 Аввалан: озодии мутлақ вуҷуд надорад. Яъне таърифҳое, ки ироа мешавад худ ба худ боиси марзбандиҳое аз тарафи соҳиби назария мешавад. Дар Қуръон низ ба ин нукта ишора шудааст, мазмунҳое ҳамчун «олиҳа» ё «арбоб», ҳамчунин баррасии масъалаи тавҳид баёнгари ин матлаб аст, ки инсони озод ва раҳо вуҷуд надорад ва онҳое, ки иддаъо мекунанд дар дин ҳечгуна маҳдудияте вуҷуд надорад, комилан дар иштибоҳанд. Бояду набоядҳо ва таърифҳое, ки аз ҳалолу ҳаром мешавад худ баёнгари ин матлаб аст ва дин низ комилан ин амрро таъйид мекунад, яъне ҳам аз лиҳози фикрӣ ҳам аз лиҳози амалӣ инсон маҳдуд ба хатти сурхҳое аст, ки бояд бипазирад, ҳатто мумкин аст аз лиҳози фикрӣ озод биандешад, аммо аз лиҳози амалӣ ин имкон барои ӯ вуҷуд надорад. Инсон ба ҳар ҳол аз тарафи нерӯе маҳдуд аст, аммо ин марзбандӣ аз тарафи чӣ касе ва чигуна анҷом мегирад, баҳси дигарест. Ба ҳар ҳол ҳар инсоне дар ҷое муқобили худ ин хатти сурхро хоҳад дид ва ҳаққи шикастани ин марзро надорад. Дар воқеъ набудани марз барои таърифи озодӣ худ нобудкунандаи ин мафҳум хоҳад буд, зеро як тараф ҳарчӣ бихоҳад анҷом медиҳад, аммо дар тарафи муқобил ин имкон вуҷуд надорад. Имрӯзҳо низ ошкоро мебинем ба исми озодӣ ва бо номи ҳуррият ҳуқуқи дигарон зери қадамҳои истеъмори хушхатту хол нобуд мешавад ва ҳатто ба ҷое расида, ки ҳаққи зиндагӣ, ин бахшиши Худододӣ аз инсон салб мегардад.

  Дуввум : ин маҳдудиятҳо бар асоси навъи нигариши ҳар фард нисбат ба инсон сурат мегирад, яъне чӣ таърифе аз ин мавҷуди ношинохта дошта бошад ва то чӣ андоза ба хусусиёти шахсӣ ва иҷтимоии ӯ шинохт дошта бошад, марзбандиҳояш дар ин росто қарор мегирад ва ё ин, ки чигуна мехоҳад ин инсонро ба камол бирасонад ба ҳамон андоза таърифаш бо дигарон фарқ дорад. Ба гуфти Мавлоно:

         Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,               Аз даруни ман наҷуст асрори ман.

Ҷолибтар ин, ки ҳар кас муътақид аст озодӣ дар сояи андешаи ӯ имконпазир аст ва ғайри ӯ  андешааш, инсоният ва озодии ӯро маҳдуд кардааст, бо ин шиор, ки : “озода набошад он, ки озоди ту нест”. Яъне агар инсоне мехоҳад озод зиндагӣ кунад бояд дар сояи ончӣ, ки ӯ меандешад ва мефаҳмад зиндагии худро таъриф кунад. Ҳоло агар касе бихоҳад озод бошад ба маънои дақиқ ва комили он, бояд чӣ равияе дар назар бигирад? Бар асоси ончӣ, ки то ҳол гуфтем бояд чанд нуктаро дар назар дошта бошад:

1-      Бояд дар таърифи инсон ва инсон будан дар назар дошта бошад, ки ин инсон як мавҷудест, ки ҳам аз ҷисм ва ҳам аз руҳ иборат аст, ҳам дорои хашм аст ва ҳам муҳаббат, ҳам дар ҳол сер мекунад ва ҳам дар оянда. Яъне ба таври куллӣ  инсонро ба унвони як воқеъияте, ки ҳаст қабул кунад ва хусусиятҳо ва вижагиҳояшро он тавр, ки дар ӯ вуҷуд дорад бипазирад на он тавр, ки худ меандешад. Аксари таърифҳое, ки саранҷом ба нобудӣ ва нобасомонӣ боис мешавад баргирифта аз шинохти ноқиси ин инсон аст. Ҳамеша таърифҳои ноқис аз ҳар чизе боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти хосси худ дар он росто шудааст дар ҳоле, ки ин мавҷуд ношинохтааш бештар аз шинохта шудааш мебошад то ҷое, ки машҳур ба «як мавҷуди ношинохта» аст. Ҳамчунин ёдамон наравад ончӣ,ки гуфтем дар тамоми инсонҳо бо тамоми тафовутҳое, ки байни онҳо вуҷуд дорад муштарак аст ва ҳеч ҷудоие дар ин байн вуҷуд надорад дар натиҷа агар ҳаққе вуҷуд дошта бошад ҳама дар он – магар дар мавридҳои истисно – яксон ҳастанд.

2-      Дар ҳуқуқе, ки барои ҳама дар назар доштем гоҳе байни ду нафар ихтилоф пеш меояд. Дар ин ҳолат бояд бифаҳмем чӣ касе аз доира ва маҳдудияти худ хориҷ шуда ва вориди ҳарими хусусии дигарӣ шудааст – ҳарчанд дар таърифи ҳарими хусусӣ ҳам ихтилоф вуҷуд дорад – дар ин сурат бояд ба маҳдудаи худ баргардад ё баргардонда шавад. Бо ин нигоҳ метавон таърифи тақрибан ҷомеъ аз озодӣ ва озодандеш дошта бошем.

  Ба умеди рӯзе, ки фазое фароҳам шавад то ҳама дар онҷо атри озодиро буй кашанд ва бо тамоми вуҷуд парвози дилороме дошта бошанд.

  Бо таваҷҷӯҳ ба ончӣ баён шуд донистем, ки озодӣ бузургтарин неъмат ва бахшиш ва болотарин ҳаққест, ки аз тарафи Худованд ба башар дода шуда. Ҳаққест, ки ҳар инсоне дар тули зиндагии чандсолааш аз пайи он мебошад ва ҳаёти ҳар инсон ба нисбати озодиаш маъно ва мафҳум пайдо мекунад.

  Аз миёни ҳуқуқи озодӣ, ҳаққи озодии дин ҷойгоҳи хоссе дорад ба ин маъно, ки ҳар инсоне ҳақ дорад он тавр, ки мехоҳад биандешад ва ба ончӣ, ки мехоҳад муътақид бошад ва бе дахолати ҳеч неруе аз тарафи ҳар кас ва ё созмоне онро баён кунад, зеро ақида бештар аз ончӣ барои афроди ҷомеа як ҳақ бошад як зарурат аст, яъне пойдории ҷомеа вобаста ба ин амри муҳим аст. Дар дини ислом бар ин амр таъкиди бисёр шудааст. Нидои : «дини шумо барои шумо ва дини ман барои ман» таъйиди ин амр аст. Ислом муътақид аст, ки ҳар кас дар интихоби дин ба анҷоми маносики динӣ ва ибодии худ комилан озод мебошад ва ҳаргуна монеъ дар ин роҳро ба шиддат инкор мекунад ба тавре, ки аввалин паёме, ки ояти мазкур дорад эътироф ба ҳуқуқи дигарон аст, яъне бо вуҷуди ин, ки муътақид аст, ки садояш садои ҳақиқат ва бузургию пешрафт аст ва танҳо оҳанге мебошад, ки дар оянда навохта мешавад ва оянда дар қаламрави ислом аст, аммо муътақид ба хомӯш кардани садои дигарон нест, зеро бар ин бовар аст ақида ҳамон тавр, ки аз лафзи он пайдост «ақд» ба умуре гуфта мешавад, ки бо дилу руҳи инсон гиреҳ хӯрда бошад гиреҳе, ки  ҷиҳати зиндагии инсонро мушаххас мекунад ва мисли оби равоне дар тамоми зиндагиаш ҷараён дорад, ба гуфти Мавлоно:

Ҷоҳу ҷалоли  ман туӣ, мулкату моли ман туӣ,

Оби зулоли ман туӣ, бе ту ба сар намешавад.

Бинобар ин ақида чизест, ки ислом онро дар умқи қалб медонад. Хонае, ки болотар аз ҳукм ва тасаллути шамшер мебошад ҳамон тавр, ки шамшерҳо наметавонанд кӯҳҳоро ба ҳаракат дароваранд, зӯр ҳам наметавонад дилҳоро дигаргун кунад. Ҷолибтар ин, ки вақте дар маънои калимаи имон меандешем ба ин нукта мерасем, ки ин калима аз «амн» омада, ки сурати салоси муҷарради он ба маънии ба оромиш расидан аст, яъне ончӣ, ки инсонро ба оромиш бирасонад ва ин як амри қалбист. Ҳоло нукта инҷост, ки маҷбур кардани инсон барои пазируфтани ин амри муҳим метавонад бо дил гиреҳ бихӯрад ва оромиш дар пай дошта бошад ва ё ҳатто маҷбур кардани ӯ барои мондан дар ончӣ, ки қаблан ба он бовар дошта метавонад ба ончӣ, ки гуфтем бошад. Нуктаи дигаре, ки қобили тааммул аст решаи калимаи Аллоҳ (ҷ) мебошад. Теъдоде аз аҳли луғат муътақиданд, ки калимаи муштақест аз «Илоҳ» гирифта шуда дар миёни араб истилоҳи «алаҳал-фасил» бисёр роиҷ буд, яъне бачаи шутуре, ки муддате модарашро надида вақте модарашро мебинад чӣ вазъияте барояш пеш меояд, чӣ иштиёқе барои дидани модараш дорад. Дар истилоҳи араб агар бихоҳанд ишитиёқеро, ки маъшуқ барои ошиқ дорад, тавсиф кунанд аз ин истилоҳ истифода мекунанд ва «лиллоҳи масалул-аъло» робитаи байни обид ва маъбуд ҳам ба ин сурат мебошад. Яъне имон муҳаббатест дар ҳадди аъло «ашадду ҳуббан лиллоҳ» ва ё тибқи ҳадиси Пайғамбар(с) : «ва ин, ки Худо ва Расулаш барои ту дӯстдоштанитар аз ғайрашон бошанд». Яъне муҳаббате, ки ӯро водор ба итоати бечуну чаро кунад :

  Қуръон:

«Эй Муҳаммад(с)! Бигу агар Худоро дӯст медоред пас маро итоат кунед, Худо шуморо дӯст медорад ва гуноҳҳои шуморо мебахшад, ба дурустие, ки Худованд бахшанда ва меҳрубон аст».

 Ба тавре, ки муҳаббати ғайр аз маҳбуб дар сояи он маъно пайдо намекунад. Шайх Ибни Таймийя дар «Алъубудият» баъд аз баррасии дараҷоти муҳаббат мегӯяд : «болотарин дараҷаи муҳаббат ба дараҷаи ибодат мерасад». Ба ростӣ оё чунин муҳаббате бо икроҳ сурат мегирад? Оё маънои убудият ва бандагӣ бо икроҳ ва иҷбор созгор аст? Ё ин, ки ҷомеаеро дар назар бигирем, ки фикр ё ақидаро бо зӯр ва икроҳ ба онҳо таҳмил шавад ғайр аз мунофиқсифатӣ армуғоне ба ҳамроҳ хоҳад дошт? Дуввум саранҷоми чунин ҷомеъае ба куҷо поён меёбад? Яке аз омилҳои дингурезии ҷомеаҳо икроҳ ва иҷборест, ки барои пазируфтани ончӣ, ки фард ба он эътиқод надорад ва оё маънои убудият ва абд «банда» будан бо икроҳ ва иҷбор созгор аст?

  Худованд дар интихоби дин аз ду дидгоҳ ба мавзӯъ нигоҳ мекунад:

1-      Илм ;

2-      Ирода;

   Ва ҳеч кадом аз ин дуро бе дигарӣ намеписандад. Зеро агар касе дар зиндагии худ аз тамомияти ирода бархурдор бошад, аммо нисбат ба мавзӯъ ҷоҳил бошад, натиҷаи матлуб ба даст намеояд. Қуръон мушриконро сарзаниш мекунад аз ин ҷиҳат, ки ба умуре дил баста буданд, ки хиёлӣ ва ваҳмӣ ҳастанд ва мегӯяд:

  Қуръон:

«Гумон ба ҳақиқат чизе намеафзояд»(Юнус: 36).

   Ё аз чизоҳе пайравӣ мекарданд, ки аз падару бобояшон ба мерос бурда буданд, ки он ҳам таҳқиқӣ набуд. Ҳоло агар илм дошта бошад, аммо аз иродаи лозим ҷиҳати иҷро ё инкори он бархурдор набошад, чӣ рух медиҳад? Ин мавзӯъро метавон дар садри ислом дар миёни саҳоба ҷустуҷӯ кард. Аммор писари Ёсир вақте, ки ӯро маҷбур ба бадгӯӣ нисбати Пайғамбар(с) ва тамҷиди бутҳо карданд бисёр нороҳат шуд, аммо вақте,ки аз вазъияти қалбаш пурсиданд ҷавоб дод, ки мисли рӯзи равшан ба ончӣ муътақид аст имон дорад. Ба ҳамин хотир Пайғамбар(с)дар ҷавобаш гуфтанд: «агар дубора барои азоб додани ту баргаштанд, боз тамҷиди бутҳояшонро такрор кун». Дар фиқҳи исломӣ фақеҳон низ бобе барои ин мавзӯъ боз кардаанд «ман кафара биллоҳи мин бади имониҳи илло ман укриҳа ва қалбуҳу мутмаиннун бил-имон».

  Нуктаи дигаре, ки қобили таваҷҷӯҳ аст ва мавзӯъи бисёре аз маҳфилҳои дӯстон ва ҳатто душманон мебошад, баррасии ҳукми иртидод (баргаштан аз ислом) мебошад, ки оё озодии дин бо ин мавзӯъ чӣ таносубе дорад? Оё ҳукумати исломӣ бевосита ё ба восита ҷомеаашро ба пазириши дин маҷбур намекунад?

   Ҳарчанд ин мавзӯъ дар байни фақеҳон ҷои ихтилоф аст ва мумкин аст мавзӯъи доманадоре бошад, аммо шояд раъйи бартар бар ин бошад, ки иҷрои ҳукми иртидод як амри мавзуъӣ ва як амри ҳукуматӣ бошад на як ҳад. Яъне Пайғамбар(с) замоне, ки  дин дар ибтидои роҳи ҳаракаташ буд барои ин, ки дин мавриди тамасхур қарор нагирад ва ҳар вақт, ки бихоҳад аз дин баргардад ва ҳастии ҷомеаи навпои исломӣ пояҳояш муҳкам шуд, дигар он ҳукм танҳо ба хотири иртидод ва баргаштан аз дин иҷро нашуд. Намунаашро дар замони Пайғамбар(с) мебинем, ки шахсе ба номи Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Аби Сарҳ муртад шуд, аммо ба сабаби восита қарор гирифтани ҳазрати Усмон(р) ин ҳукм иҷро нашуд дар ҳоле, ки агар ба унвони ҳад шинохта мешуд, Пайғамбар(с) воситаро қабул намекард. Дуввум тибқи ончӣ гузашт ҳукми иртидод ба унвони ҳад бо мақосиди шариат ҳамоҳанг нест.

  Натиҷа ин ки  афроди ҷомеа то замоне муртакиби корҳое, ки  фитна ва ошӯб дар пай дошта бошад нашуда бошанд дар умури динӣ, ибодӣ ва маносикашон озод мебошанд ва ҳеч неруе ҳаққи манъи онҳоро аз анҷоми умури ибодӣ нахоҳад дошт.

                                                                                                      Таҳияи Карими Ориф

More From Author

You May Also Like