Categories МУҲОҶИРАТ

Афзоиши расмишавии муҳоҷирони корӣ ва фоидаи Русия

Як мақоми баландпояи Русия дар як суҳбат гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба таври расмӣ сабти ном шудаанд ва ҳамзамон иҷозаи расмии фаъолият дар ин кишварро доранд афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши як хабаргузорӣ ба нақл аз хабаргузории русии “ИТАР-ТАСС” навиштааст, ки Алексей Майоров иброз дошта, ки акнун теъдоди ин афрод дар соли ҷорӣ ба 2 миллиону 186 ҳазор нафар расида, ки расмӣ шудани иҷозаи кор ва иқомати онҳо аз нигоҳи молӣ низ барои шаҳрдории пойтахти Русия даромади фаровоне доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, расмӣ будани коргарони муҳоҷири ӯзбак, тоҷик ва қирғиз имкон медиҳад, то онҳо аз ҳолати кори қочоқӣ ва иқомати ғайри расмӣ берун шаванд ва ҳамзамон соҳибкорони русӣ низ дар фикри дармонии онҳо бошанд.

Ба гуфтаи ин мақоми амниятии Маскав аз миёни 2 миллиону 186 ҳазор нафар коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки дар пойтахти Русия иҷозаи расмии кору иқомат дарёфт кардаанд, беш аз 81 дарсад аз се кишвар Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастанд, ки барои сафар ба Русия низоми раводид (виза) надоранд.

Дар ин миён 27 дарсади ин афрод шаҳрвандони Ӯзбакистон, 18 дарсад Тоҷикистон ва 13 дарсад Украина мебошанд.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, мизони ҷурму ҷиноёт дар миёни коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар шаҳри Маскав тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи соли қабл коҳиш ёфтааст, ки ин мавзуъ дастоварди муҳиме ба ҳисоб меояд. 

More From Author

You May Also Like