Categories Ахбори рӯз

Боздошти 4 зан дар Фаластин

Силоҳбадастони исроилӣ 7 зан фаластиниро ба иттиҳоми сар додани такбир “Аллоҳу акбар” дар Масҷид ал –Ақсо боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, ин занҳои фаластинӣ ба ҳамроҳи шумори дигар аз мардуми Фаластин ба мақсади дифоъ аз Масҷид ал –Ақсо нишаста буданд, ки исроилиҳо вориди он шуданд, дар ин ҳангом занони фаластинӣ фарёди “Аллоҳу акбар” сар доданд.

Рамзӣ Катилот, вакили мудофеи занҳо боздошти фаластинӣ бо баёни ин ки ин занҳо дар додгоҳи исроилӣ муҳокима хоҳанд шуд, ба хабаргузории “Фаронса” гуфт, пулиси Исроил бар дарвозаҳои Масҷид ал –Ақсо интизори занон монд ва ҳангоми хуруҷи онҳо ба тарафи манзилҳояшон, онҳоро боздошт кард.

Тибқи хабаргузориҳо, ингуна ҳолату вазъ ҳамеша сари занҳо ва ҳатто тифлакони бегуноҳи фаластинӣ рух медиҳад, ки Исроил ҳамеша онҳоро заҷру шиканҷа дода, ба зиндонҳо равона месозад.

More From Author

You May Also Like