ҲИҶРАТИ ПАЁМБАР (С): ДАРСҲО ВА ИБРАТҲО

ҲИҶРАТИ ПАЁМБАР (С): ДАРСҲО ВА ИБРАТҲО

Чанд нуктаи асосӣ вобаста ба омӯзиши фанни “Сирати набавӣ”

1. Мақсад аз омӯзиши сираи набавӣ танҳо огоҳӣ аз воқеаҳои таърихӣ нест, балки ҳадафи асосӣ аз омӯзиши он ин аст, ки шахси мусалмон ҳақиқати исломро ба таври яклӯхт дар шахсияти Паёмбар (с) ба таври амалӣ бубинад.
2. Ошноӣ бо Расули Худо (с), ки он Ҳазрат (с) танҳо як нобиғаи замон набуданд, балки болотар аз ин Паёмбари илоҳӣ буданд.
3. Шахс бо хондани сираи Паёмбар (с), дар пеши чашми худ дар ҳама паҳлӯҳои ҳаёташ, намунаи зиндаи ибратеро пайдо мекунад.
4. Роҳ ёфтан барои фаҳму тафсири ояҳои Қуръони карим.
5. Бо омӯзиши сираи Паёмбар (с) маҷмӯае аз маорифи исломӣ, аз қабили маълумоти эътиқодӣ, ахлоқӣ, аҳкому муомалот, ҳосил мегардад. 
Хусусияти аосии ҳаёти Расули акрам (с) аз он иборат аст, ки шахс бо хондани он дар ҳама паҳлӯҳои ҳаёт барои худ дарсу намунаи ибрате ба даст меорад. 

МАФҲУМИ ҲИҶРАТ ДАР ЛУҒАТ ВА ИСТИЛОҲ

Ҳиҷрат дар луғат маънои тарк кардани ин ё он корро мегӯянд. Маънои истилоҳии он, тарк кардани диёри куфр ва рӯй овардан ба самту муҳити солим ва ҷомеаи исломӣ мебошад. 
Расули Худо баъд аз сездаҳ соли мубориза ва тарбияи имонии шогирдонашон, дар таърихи 27-и моҳи Сафари соли 14-и нубувват, мутобиқ ба 12/13-и сентябри соли 622-и мелодӣ, ҳамроҳи Абӯбакри Сиддиқ ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуданд. (Ниг: Ар-Раҳиқу-л-махтум; Сафиюр-раҳмони Муборакфурӣ). 
Аксари донишмандон ба ин назаранд, ки ҳиҷрати Паёмбар (с) дувоздаҳуми моҳи Рабиъу-л-аввал сурат гирифта аст. Аллома Қаразовӣ мегӯянд: “Агарчи ҳиҷрат дар моҳи Рабиъу-л-аввал сурат гирифта бошад ҳам, вале аз сабаби ин ки моҳи Муҳаррам ибтидои сол ҳисоб мешавад, асҳоби Паёмбар (с) солшумориро аз ҳамин моҳ оғоз намуданд.


ПАРЛУМОН ВА ҚАБУЛИ ҚАРОРИ ҚАТЛ

Рӯзи панҷшанбе, 26-и моҳи Сафари соли 14-и нубувват аъзои Парлумони Макка ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуданд, то оиди масъалаи пешгирии Паёмбар (с) ба хулосае оянд. Аз ҳар қабила намояндагоне барои ширкат дар ин ҷаласа даъват гашта буд. 
Паёмбар (с) тавассути ваҳйи осмонӣ аз ин ҷаласаи махфӣ огоҳ гаштанд. (протоколи 32-20) Дар соатҳои нисфирӯзӣ, ҳангоми истироҳати мардум ба хонаи Абӯбакр омаданд. Ба Абӯбакр (р) хитоб карданд, ки инҳоро (касоне онҷо нишаста буданд) берун кун. Абӯбакр (р) гуфт, падару модарам фидои Шумо! Инҳо аҳли оилаи Шумо ҳастанд. Паёмбар (с) гуфтанд: “Ба мо иҷозаи ҳиҷрат дода шуд.” Абӯбакр (р) пурсид, ман ҳам дар ҳамсӯҳбатии Шумо ҳастам? Гуфтанд, бале. 
Бо ҳамин онҳо нақшаи сафари худро кашиданд. Расули Худо (с) шаб барои сафар нақша кашида, омодагӣ медиданд ва субҳ ба корҳои маъмулӣ машғул мегаштанд, то касе аз ин сирри онҳо огоҳ нашавад.
Ҳиҷрати Паёмбар (с) тавре донишмандон таъкид кардаанд, аз ҳиҷрати ҳама Паёмбарони илоҳӣ билкул фарқ мекард. Мақсади асосии Расули Худо (с) аз ин сафар фирор ва тарс аз душманон набуд, балки қасди асосии он пайдо кардани ҷомеа ва муҳити солим барои таъсиси ҷомеаи исломӣ буд. 
Расули Худо барои расидан ба Мадинаи мунаввара як нақшаи хеле ҷолиб ва комилеро ба таври зерин тартиб доданд:
1. Омода намудани маркаби саворӣ барои сафар;
2. Пайдо кардани роҳнамо, ки номаш Абдуллоҳ писари Урайқит аз қабилаи Дайлам ибни Бакр буд.
3. Интихоби рафиқи роҳ.
4. Ихтиёр намудани макони муносиб барои пинҳон гаштан.
5. Машқ додани ҳазрати Алӣ писари Абӯтолиб (р) барои ҷойгузинии Расули акрам (с).
6. Омодасозии хабаррасон аз Маккаи мукаррама ба Паёмбар (с) (Абдуллоҳ писари Абӯбакр (р))
7. Омода намудани нафаре барои овардани таом ва пӯшонидани пайи қадами вай. 

ИБРАТҲО АЗ ҲИҶРАТ

1. Истифода аз асбоби халқкардаи илоҳӣ, ки ҳукми қонуни собити Худовандро дорад.
2. Эътимоди комил ба Аллоҳ таоло (ماظنك باثنين الله ثالثهما).
3. Умедворӣ ва хушгумонӣ ба оянда (وكاني بك يا سراقة تلبس سواري كسرى).
4. Ҳирси Паёмбар дар интихоби дӯсти содиқ.
5. Паёмбар-роҳбари намуна.
6. Омодагии Абӯбакри сиддиқ барои амал дар ҳар зарфияте набошад.
7. Талоши даъватгар (Сиддиқ) барои даъват бо ҳама аҳли оилааш. 

ҲИҶРАТИ НАБАВӢ ВА НАҚШАИ ЗИНДАГӢ

Муҳимтарин дарс ва ибрат аз воқеаи ҳиҷрати Паёмбар (с), ин омӯзиши сохтани нақша, дар ҳама кору фаъолити ҳаётӣ аст. Шояд солҳо ва соатҳои гузашта ин андеша ба зеҳнамон намеомад, ки барои соли оянда нақшае дошта бошем, вале набояд дар олами хаёли солҳои сипаришуда зиндагӣ кунем ва ҳамеша аз нокардаҳои худ ҳасрат хӯрему бас. Балки аз ин ба баъд барои соли ояндаамон нақша тартиб диҳем. 
Тавре доктор Роғиб Сирҷонӣ таъкид карда аст, нақшаи мо беҳтар аст бандҳои зеринро дар бар гирад:
1. Паҳлӯи имонӣ.
Оё Шумо аз ҳолати имонии худ дар соли сипаришуда розӣ ҳастед?! Аз ин сабаб барои беҳбудии он, дар нақшаи худ нуктаҳоеро вобаста ба тиловати Қуръон, намози шаб, рӯзаҳои нофила, хилват бо Худо, намози ҷамоат, зикри Аллоҳ таоло, дурӣ аз маъсияту гуноҳ, ворид намоед.
2. Паҳлӯи даъват ва ислоҳ.
Як бор саҳифаи рӯзҳои пештараатро варақ зада бубин, ки дар солҳо ва рӯзҳои сипаришуда чанд нафар бо талоши ту ба ҳақиқате расиданд?! Барои соли ояндаат нақша гузор, ки дар ин самт чӣ кореро анҷом медиҳӣ. Зеро даъват самараи имон аст ва зарф вақте пур мешавад, ҳатман ба замин ё ҷойи дигар мерезад.
3. Ҷониби илму тахассус.
Ба маълумот ва тахассусат нигоҳ кун. Оё аз он розӣ ҳастӣ?! Ин тавр бошад, барои соли оянда нақша бикаш, ки дар яке аз тахассусҳо диққати бештар дода, онро комил мекунӣ.
4. Маърифати умумӣ.
Ғайр аз барои соли оянда бандеро дар нақшаат дохил намо, ки тибқи он маълумоти умумӣ ба даст меорӣ. Масалан хондани фалону фалон рӯзномаҳо, китобҳо, рисолаҳо ва ғайра.
5. Паҳлӯи саломатӣ. 
Барои соли ояндаат нақша бикаш, ки гоҳ-гоҳ аз муойинаи тиббӣ мегузарӣ, то баданат солим бимонад.
6. Паҳлӯи иқтисодӣ.
Кӯшиш кун, ки дар солҳои оянда вазъи молии худро беҳтар гардонӣ, зеро моли ҳалол барои марди бо тақво неъмат аст.
7. Касбу пеша.
Барои тараққӣ додани худат дар ҳар соҳае, ки аз касбу пеша имконият дошта бошӣ, талош намо. Масалан бо гирифтани давраҳои кӯтоҳи ихтисосӣ дар бобати таълими талабагон, албатта, агар омӯзгор бошӣ.
8. Паҳлӯи оилавӣ.
Набояд ҳаққи оилаат ва фарзандонатро фаромӯш созӣ. Бояд дар нақшаи солонаат бандҳои хос барои тараққӣ додани онҳо аз нигоҳи имонӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ дохил намоӣ.
9. Паҳлӯи пайванд бо хушу ақрабо.
Гоҳо солҳо мегузаранд, вале мо аз ҳоли хешону наздиконамон хабар надорем. Аз ин нуқтаи назар, барои зиёрати онҳо бандеро дар нақшаи кории соли ояндаат, дохил кун.
10. Паҳлӯи иҷтимоӣ, ки доираи он аз оила ва хешу ақрабо васеътар аст. 
Барои зиёрати дӯстон, ҳамкорон, хидмати мардум вақт ҷудо намо. 
Баъд аз сохтани нақша, ҳама корҳои худро ба Аллоҳ таоло ҳавола намо, зеро корсози ҳақиқӣ ӯ аст ва нақшакашӣ танҳо сабаб асту бас.

Манбаъ: Сомонаи расмии Доктор Роғиб Сирҷонӣ
Мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода бо иқтибос аз сарчашмаҳо ва назароти дигар таърихнигорон


More From Author

You May Also Like