Categories ҶОМЕА

Роҳи дарози Ҷамшед: Ислом-Масеҳият-Ислом

Ҷамшеди Аҳмадзод 21-уми июли соли 1991 дар ноҳияи Ёвон дида ба ҷаҳон кушодааст, оиладор соҳиби фарзанд. Маълумоташ миёна таи се сол яке аз мубаллиғини фаъоли дини масеҳӣ дар зодгоҳаш маҳсуб меёфт бо лутф ва инояти Парвардигор чанде қабл ҳидояти илоҳӣ насибаш гардид ва бори дигар ба дини мубини Ислом руй овард. Ҳоло бо ин ҷавони ҷустуҷӯгар суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегирдонем.

Лутфан бигӯед, ки фазои хонаводагиатон чигуна аст?

Хонаводаи мо алҳамдулиллоҳ нисбат ба дини мубини Ислом эҳтиром қоил ҳастанд, ҳатто модарам дар хонаводаи руҳонӣ ба дунё омадааст, бародарам аз улуми исломӣ каме ҳам бошад таълим гирифтаву бархурдор аст. Вале фазо як фазои ба истилоҳ боз ва мутаассифона камаҳамият нисбат ба мо фарзандон буд. Албатта ин дар гузашта чунин буд. То замоне, ки ман дур аз маърифати исломӣ будам.

Ҳоло бигуед, ки кадом омилҳо боиси рӯ овардани шумо ба дини насронӣ гардид?

Албатта тавре қаблан зикр гардид, хонаводаи мо то андозае аз дини мубини Ислом огоҳӣ доштанд, вале ба андешаи ман ин кофӣ набуд, зеро чун фақру нодорӣ домангири мо гардид, сабаби гароидани ман ва як хоҳари калонам ба дини масеҳият шуд. Имрӯз бештари мубаллиғони адёни дигар бо истифода аз фақру тангдастии мардуми мо даъвати худро пеш мебаранд ва ман фикр мекунам мо бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем.

Хоҳаратон ҳам дубора ба Ислом баргашт?

Чун хоҳарам, шоҳиди он гардид, ки ман Исломи азизро пазирўфтам, мегуяд ман низ тарки дини масеҳӣ кардам, вале ҳанӯз ба пиндори ман шубҳаҳое, дар дилаш ҷой дорад. Хушбахтона ҳоло машғули даъвату таблиғи масеҳият нест. Ман ҳам кушиш кардаистодаам, ки шакку тардидҳояшро бартараф кунам. Боварӣ дорам, ки ӯ як мусалмони хуб мешавад дар оянда.

Маъмулан ба шумо чи чизҳо дода мешуд?

Моро ҳар сари вақт бо хӯрок ва ҳатто сару либос таъмин мекарданд. Инчунин аз кишварҳои Амрико ва Русия намояндаҳои дини масеҳӣ бо мо вохӯриҳо мегузаронданд.

Ҳамчун масеҳӣ шахсан худи шумо машғул ба даъвати ин дин будед?

Бале, чун яке аз масъулиятҳои асосии мо даъват маҳсуб меёфт, ки дар ин росто чанд нафарро даъват ба масеҳият карда будам, вале бо лутфи Илоҳӣ пас аз ин ки ҳидоят ёфтам, боз ҳамон нафарҳоро расонидам, ки ин роҳи мову шумо нест. Мо маҷбур будем дар муқобили хӯроку либосе, ки мегирифтем мардумро ба масеҳият даъват кунем.

Кадом солҳо ба даъвати масеҳият машғул будед?

Аз соли 2006 то соли 2008, ки ин тақрибан бештар аз ду солро дар мегирифт.

Пас чӣ гуна ин ҳидояти илоҳӣ насиби шумо гардиду бори дигар рӯ ба Ислом овардед?

Худовандро бе андоза сипосгузорам, аз ин ки суҳбатҳои уламои маъруфи кишварамон, Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷи Мирзо ва дигар пешвоёни дин боиси он гардид, ки Исломи азизро ҳамчун дини ҳақ бипазирам. Ин наворҳо маро бедор карданд. Аз тарафи дигар таълимоти масеҳият ҳам дар минтақаи мо дар сатҳе набуд, ки одамро қонеъ кунад. Бинобарин вақте суҳбатҳои уламоро мешунидам якхел ба онҳо ҷалб мешудам. Маҷбур мешудам, ки фикр кунам.

Оё ғайр аз наворҳои уламо ягон каси дигар дар баргаштатон ба ислом таъсиргузор буд?

Оре, буданд бародароне, ки аз улуми динӣ бархурдор буданд, ва моро бо панд ва мавъизаи нек даъват ба дини ҳақ мекарданд. Бародароне буданд, ки вақте мо онҳоро ба масеҳият даъват мекардем онҳо моро ба Ислом даъват мекарданд. Ҳамаи инҳо ба ман таъсир мекард.

Чаро аъзои дигар аҳзоби сиёсӣ нею маҳз узвият дар ҲНИТ-ро ихтиёр кардед?

Вақто мушарраф ба дини мубини Ислом гардидам, ниёзи бештар ба дарки моҳияти ин дин доштам, бинобар ин тавассути яке аз дӯстон ба ҷаласаҳои ҳизбӣ дар бахши ноҳиявӣ даъват шудам, ва чун дидам он ҷо ҳама дар чаҳорчӯби қонун фаъолият мекунанд ва ҳамзамон гурӯҳи хеле муътадилу бо диёнатанд, узвият ба ин ҳизбро пазирӯфтам.

Ҳоло кадом масъулиятиҳизбӣ ба ӯҳдаи шумо вогузор шудааст?

Оре, бо фазл ва кӯмаки Худованд иҷрокунандаи масъули бахши ҷавонон дар ноҳия мебошам.

Аз ин давраи омӯзишие, ки давоми ин ҳафта бояд баргузор гардад, ҳамчун ширкаткунанда чӣ бардоштҳо кардед?

Чун ҳадаф аз баргузории ин давраҳо рушди маърифатнокии ҷавонон аст, банда хеле ғизои руҳӣ ва маънавӣ ҳосил намудам. Инчунин барои ташаккули дарки масоили сиёсӣ ва қавонин чунин давраҳо хеле мусоидат мекунад. Ва аз дастандаркорони ин омӯзишҳо изҳори сипос ва ташаккур менамоям.

Шумо ба ягон кори дигар дар зиндаги машғул ҳастед ва чӣ шуғл доред?

Албатта, ҳоло чанд муддатест, ки ба ҳайси шогирд машғули таъмири мошин мебошам.

Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Гуфтании дигаре доред?

Илоҳо ҳамеша сулҳу субот ва оромиву амният дар саросари кишвар, ва тамоми кураи замин барқарор бошад!

Сӯҳбаторо М. Асозода


More From Author

You May Also Like