Андарзҳое аз Доктор Ануша (равоншинос)

Дар чашми касоне, ки парвозро намефаҳманд, ҳарчи қадар баландтар парвоз кунӣ кӯчактар хоҳӣ шуд.

Гулҳо ҷавоби заминанд ба саломи офтоб

На зимистоне бош ки биларзонӣ

На тобистоне бош ки бисузонӣ

Баҳоре бош ки бируёнӣ

Дар ҷустуҷӯи хурсандӣ бош, зеро ғам худ ба наздат меояд

Инсони муваффақ касест, ки бо сангҳое, ки ба тарафаш меандозанд, барои худ хона месозад.

Инсони муваффақ касест, кибитавонад таҳдидҳоро табдил ба фурсат кунад.

Мудири муваффақ касе аст, ки агар ба шумо гуфт бале яъне шояд.

Агар ба шумо гуфт шояд яъне не.

Агар ба шумо гуфт на асло мудир нест.

Як мудири муваффақ ҳеҷгоҳ ба касе не намегуяд.

Муваффақият барои инсонҳои безарфият ибтидои густохист.

Онгуна зиндагӣ кун, ки умре бо ту будан як лаҳза ҷилва кунад ва лаҳзае бе ту будан як умр ҷилва кунад.

Ба ҳама ишқ биварз, ба иддаи каме эътимод кун ва ба ҳеҷ кас бадӣ макун.

Тақдими як шоха гул ба шахси зинда ҳазорон маротиба беҳтар аз тақдими як тоҷи тиллоӣ ба сари қабри он аст.

Ҳар вақт эҳсос кардӣ, ки гуноҳи касе он қадар бузург аст, ки наметавонӣ онро бибахшӣ бидон, ки аз бузургии гуноҳи ӯ нест, ин аз кӯчакии рӯҳи ту аст.

Бо мардум зиндагӣ кун, дар хидмати мардум зиндагӣ кун, аммо барои мардум зиндагӣ накун.

Касе ки барои мардум зиндагӣ мекунад, қатъан бозанда аст.

Зиндагӣ кун, ки қиматат боло биравад, ба ҳар қиммат зиндагӣ накун.

Шарофати мард ба бакорати зан мемонад, як бор ки лаккадор шуд, дигар қобили ҷуброн нест.

Мунтазир бошед, вале мутаваққиф набошед.

Тааммул кун, муъаттал набош.

Ҷасур бош, густох набош.

Сарсахт бош, лаҷуҷ набош.

Сабур бош, бепарво набош.

Содда бош, соддалавҳ набош.

Шитоб кун, шитобзада набош.

Бигу оре, нагу ҳатман.

Бигу на, нагу ҳаргиз.

Бигу бароят мемонам, нагу бароят мемирам.

More From Author

You May Also Like