Обама аз таҷрибаи Буш истифода мекунад ва бо Ирон ба тавофуқ мерасад?

Обама аз таҷрибаи Буш истифода мекунад ва бо Ирон ба тавофуқ мерасад?Президенти Амрико Барак Хусейн Обама дар гуфтугӯ бо шабакаи “Эй. Би.Си.” таъкид кардааст, ки агар бо Ирон ба тавофуқ бирасем натанҳо кунгураро, балки мардуми Амрикоро ҳам метавонам мутақоид бисозам. Аммо дар идома ишора кардааст, ки ҳатто агар бо Ирон дар масъалаи ҳастаӣ ба тавофуқ бирасем ҳам, бар сари масъалаи терроризм ва мавзеъашон дар баробари Исроил бо онҳо мушкил хоҳем дошт.

Аммо ба гуфтаи аксарияти таҳлилгарон ҳардутараф то инҷо талоши зиёде кардаанд то ба тавофуқи ниҳоӣ даст пайдо кунанд. Зеро фардо охирин рӯзи музокироти Ирон бо гурӯҳи 5+1 аст. Аммо то шоми рӯзи 23 юм яъне як рӯз пеш аз поёни муҳлат хабаре аз тавофуқи ниҳоӣ нест. Аммо ба гуфтаи бархе расонаҳо аз ҷумла хабаргузории Форс ва сойти “Тобнок” дар марҳилаи охир тарафҳо ба як “тавофуқи сиёсӣ” даст ёфтаанд. Гӯфта мешавад дар сурати тавофуқ бар сари ин тавофуқнома ҷузъиёти он фардо эълон хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки масоили боқимонда асосан бар сари ғанисозӣ ва замони бардоштани таҳримҳои Ирон аст. Ба назар мерасад тими музокиракунандаи Ирон тавонистааст аз мавқеъи худаш ба хуби дифоъ кунад ва хостаҳояшро дар ниҳоят ба гурӯҳи 5+1 таҳмил намояд.

Аз тарафи дигар Обама низ дар рӯзҳои охири ҳузураш дар Кохи Сафед мехоҳад ин масъаларо зудтар хотима бахшад. Чуноне, ки Буш дар соли 2008 як чунин тавофуқномаро бо Ҳинд имзо кард ва дар охирин рӯзҳои президентиаш бар баҳси ҳастаии мушкилу доманадори Ҳинд хотима гузошт.

Инбор ҳам мавқеияти Обама ба Буши соли 2008 хеле шабоҳат дорад ва эҳтимоли такрор шудани ин масъала баъид нест. Пас метавон гӯфт, ки фардо бар сари масъалаи ҳастаии Ирон ҳам як тавофуқе сурат хоҳад гирифт.

More From Author

You May Also Like