Даҳҳо нафар аз мардуми Кобул дар эътироз ба иҳонат ба Паёмбар (с) аз давлати Афғонистон хостаанд, то сафорати Фаронса дар ин кишварро бекор кунад.
Ба гузориши хабаргузориҳо аз расонаҳои Афғонистон, тайи эътирози даҳҳо нафар аз пойтахтнишинони кишвари Афғонистон ба интишори карикатураи Паёмбар (с) аз ҳукумат хостори баста шудани сафорати Фаронса дар Кобул шуданд.
Муътаризон бо роҳандозии тазоҳуроте аз ҳукумат хостаанд, то сафорати Фаронса дар Кобулро таътил ва фаъолияти дипломатҳои фаронсавӣ дар Афғонистон мамнуъ эълом шавад.
Бо ин ҳол, муътаризон дар баробари даромадгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва наздики дафтари СММ таҷаммуъ карда ва ҳушдор доданд, ки агар ба хостаҳошон расидагӣ нашавад ва Ҳукумати Афғонистон иҳонат ба Паёмбар (с) – ро нодида бигирад, тазоҳуроти бузургтаре ба роҳ менадозанд.