Categories Интихобот

Ин тақаллуб аст ё иштибоҳ?

Ин тақаллуб аст ё иштибоҳ?Дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино 22 номзади маҳаллии ҲНИТ Эшназаров Муҳсин сабти ном шуда буд. Аммо саҳар ҳангоми овоз додан дар ин ҳавза, интихобкунандагон ба номзади ҲНИТ занг зада мегӯянд, ки мо мехоҳем ба шумо овоз диҳем, вале дар муқобили номи шумо хонача вуҷуд надорад. Мо чикор кунем?

Вақте номзад ба масъули ҳавза муроҷиат мекунад, масъули ҳавза мегӯяд ” шумо сазовори пилуси калонтар ҳастед, барои ҳамин пилуси шумо дар хонача намеғунҷад”. Ҳатто бар хилофи дигар номзадҳо номи падари номзади ҲНИТ ҳам дар блютен қайд нагардидааст.

Пештар дар ҳавзаи Рӯдакӣ низ як чунин мушкил ба вуҷуд омада буд. Муовини раиси ҲНИТ М. Ҳаит ҳам огоҳӣ меёбад, ки дар муқобили номаш хонача вуҷуд надорад. Бинобарин ба масъулини ҳавза шикоят мекунад. масъулин блютенҳоро аз сари нав чоп карда ба участкаҳо тақсим мекунанд.

Аммо савол инҷост, ки чаро пилуси номзадҳо ҲНИТ дар хонача намеғунҷад ва оё ин амал огоҳона аст ё фақат як иштибоҳи техникӣ мебошад?

More From Author

You May Also Like