Categories Интихобот

Шумориши овозҳо пушти дарҳои баста

Ба гузориши ситоди интихоботии муовини раиси ҲНИТ С. Ҳусайнӣ дар аксарияти участкаҳои интихоботӣ масъулин нозирони ҲНИТ –ро аз участка берун намуда, сипас сандуқҳоро кушода ва раъйҳоро мешуморанд. Дар ин бора худи номзад гузориш дода мегӯяд, нозирони мо аз участкаҳо гузориш доданд, ки ҳангоми шумориши овозҳо моро аз участка берун кардаанд. Чунин гузориш аз минтақаи Кӯлоб, Рӯдакӣ, Қурғонтеппа ва Душанбе низ ба мо расид.

Шаффофияти ин интихобот то ҳадде ҳаст, ки шумориши овозҳояш ҳам пушти дарҳои баста мегузарад. Агарчӣ нозирон дар шумориши овозҳо таъсири чандоне надошта бошанд ҳам, масъулони ҳукумат ҳатто тавони роҳ додани онҳоро ҳам дар ҳангоми шумориши овозҳо надоранд.

Дар ҳоле, ки аъзоёни тамоми участкаҳо аз як ҳизб ҳастанду намояндагони ҳизбҳо ва номзадҳо дар участкаҳо вуҷуд надоштанд, тарси масъулон аз нозирон чӣ маъно дорад?

Ҳоло ба қавли маъруф шаффофияти ин интихоботро худ қазоват кунед, ки чигуна аст!

More From Author

You May Also Like