Categories Интихобот

Хитоби дастёрони наҳзат ба рақибон

Агар шумо моро дар парлумон дидан намехоҳед мо шуморо дар қасрҳои ҷанннат дидан мехоҳем. Чунин буд хитоби яке аз дастёрони наҳзат дар ҷаласаи пасазинтихоботӣ дар маркази ҲНИТ. Дар ин ҷаласа ҳамагон аз тақаллубҳову ноадолатиҳо сухан гӯфтанд. Натоиҷи интихоботро золимона хонданду инсофу адолатро аз ин интихобот бегона гӯфтанд.

Гурӯҳҳои таблиғотӣ ва дастёрони наҳзат дар даврони таблиғот заҳматҳои зиёде кашиданд. Онҳо аз истиқболи мардум хушҳол буданд, вале аз натиҷаҳои интихобот норозиву нороҳат.

Яке аз дастиёрони дигар ҷавоне буд, ки бо ашк мегӯфт ман наҳзатро бо ин пирузиаш табрик мегӯям. Пирӯзӣ рафтан ба парлумон нест. Пирӯзӣ ҷо гирифтан дар қалби мардум аст. онҳо санг заданд, туҳмат карданд бад гуфтанд, вале наҳзат дасти дӯстиву бародарӣ дароз карду гул тақдим намуд. Наҳзат дар даврони таблиғоташ нишон дод, ки барои ин миллат чӣ мехоҳад. Мардум дигар кару кур нестанд. Агар худашон ба назди мардум нарафтанд мо рафтем. Агар онҳо танҳо бо масъулони ҳукумативу муллимону раисони ҷамоатҳо мулоқот карданд, мо бо ҳамаи мардум мулоқот кардем. Агар онҳо бо дурӯғ парлумонро соҳиб шуда бошанд, мо бо садоқату дӯстӣ қалбҳои мардумро соҳиб шудем.

Бархеҳо хостанд аз мо душман, ифротӣ ва хоин нишон диҳанд. Аммо мо нишон додем, ки ин Ватану миллатро чиқадар дӯст медорему ба он содиқ ҳастем. Мо дар гуфтору амал нишон додем, ки мо ватандӯст ва хоҳони оромиву суботи ин Ватан ҳастем. Мо ба касе кина надорем. Мо касеро туҳмат накардаем ва нахоҳем кард.

Хоҳари ҷавоне дар охир баромада хитоб ба масъулони интихоботу ҳукумат гӯфт: “Агар шумо моро дар парлумон дидан нахостед, мо шуморо дар қасрҳои ҷаннат бо худамон дидан мехоҳем. Ҷаннат ҷоест, ки ҳамаи мо дар он ҷо мешавем. Устодони мо сулҳ карданд то мову шумо бо ҳам бошем. Ҳам дар ин дунё ва ҳам дар биҳишт. Парлумон шояд муҳим бошад, вале ҳадафи ниҳоии мо наҳзатиҳо нест. Мо дуо мекунем, ки шумо ҳам рӯзе бозгардед ва адолатро дар ҷомеа ҳоким намоед. Шумо ҳам ҳақи мардумро ба онҳо баргардонед ва ҳама бо ҳам дар “парлумони” ҷаннат дар канори ҳам бошем.

Агарчӣ баъзе суханҳо пургудозу бо ашк буд, вале ҳама самимӣ ва содиқона буд.

More From Author

You May Also Like