Categories Интихобот

Устод М. Кабирӣ: Оғози як марҳалаи ҷадид

Матни суханронии устод Кабирӣ дар ҷаласаи пасазинтихоботии ҲНИТ 

Оғози як марҳалаи ҷадид

Мову шумо бояд талош кунем ин насли ҷавонро, ки шояд аз ин равандҳои сиёсиву интихоботӣ ноумед шуда бошанд насиҳат кунем ва бифаҳмонем, ки ҳамагуна интихобот як марҳила аст, ниҳояти таърих ва ниҳояти кор нест. Барои ҳамин бародарону хоҳарони азиз ин интихоботро ва ҳатто ин рӯзҳои душворро, ки фикр мекунам дар таърихи наҳзат яке аз душвортарин рӯзҳо бошад, мову шумо бояд ҳамчун як нуқтаи ҷадид дар таърихи наҳзату миллат ҳисоб кунем. Нерӯи як ҳизб, як гурӯҳ дар ҳамон аст, ки битавонад чолишҳо ва таҳдидҳоро табдил ба фурсат кунад. Ман шахсан худам ин эътиқодро дорам, ҳамеша дар ҳаётам кушиш кардаам, ки душвортарин ҳолатро табдил ба як фурсати ҷадид кунам, гоҳо муваффақ шудаам, гоҳе не. Вале аксари вақт Худоро шукр мегӯям, ки муваффақ шудаам. Ҳамин рӯзу ҳамин ҳолат ҳам яке аз онҳо аст, шояд бисёриҳо фикр кунанд, ки раиси ҳизб моро ором мекунад, бо насиҳату фаҳмондадодан мехоҳад дарду аламу шиддатро сабук кунад ва хушбинона суҳбат мекунад. Ман ба ин хотир ин суҳбатҳоро накарда истодаам, ҷои насиҳату ором кардану ҳамдардӣ кардан ҷои дигар аст, ҳоло ман воқеиятҳоеро гуфта истодаам ки онро ҳис мекунам.

Аз рӯи таҷрибаи ками сиёсӣ ва масъулияте, ки доштам инҳоро дида истодаам. Шароити ҷаҳонро то ҳадде мешиносам, шароити минтақаву кишварро мешиниосам. Бомасъулину мутахассисин суҳбату таҳлил мекунем, ман бовар дорам, ки баро наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз оғози як марҳилаи ҷадид аст, марҳилаи бисёр хуб аст. Ҳар инсон ва ҳар як нерӯ ниёз ба як такон дорад, то агар он такон рӯх надиҳад, инсон шурӯъ ба тағйиру таҷдид намекунад.

Муколама дар шакли нав

Ҳамин рӯз ҳамин натиҷае, ки эълон карда шуд барои мову шумо як такон аст, рӯзе ҳаст, ки бояд фикру таҳлил кард,барои як ояндаи беҳтару хубтар ҳам барои ояндаи кишвару миллат ва ҳам барои ҲНИТ тарҳҳо ва барномаҳои ҷадидро фикр кард. Ман дар яке аз суҳбатҳоям гуфта будам, ки новобаста аз онки интихобот ба чӣ меанҷомад, наҳзати исломии Тоҷикиистон чанд тарҳи ҷадид барои миллат дорад. Мардум дар он ватқ дар бораи барномаи пешазинтихоботӣ суҳбат мекарданд, мо наҳазтиҳо дар бораи барномаи баъдазинтихоботӣ суҳбат мекардем. Яке аз тарҳҳое, ки мову шумо ба миллат муаррифӣ кунем, ҳамон тарҳе, ки қаблан доштем муколамаи сатҳи миллӣ, вале дар сиффати нав. Ин муколама бояд мавзуи мушаххас дошта бошад. Гуфтам, ки мо ниёз ба як суботи дохилӣ дар кишвар дорем, то ин ба ин таҳдидҳое, ки аз берун ба мо равона шудаанд, ҷавоб дода тавонем, чи ифротгароӣ бошад, чи бекориву мушкилоти иқтисодӣ. Вале ин суботи миллӣ бояд, ки дар як муколамаи шаффоф байни тамоми қишрҳо роҳандозӣ шавад. Албатта агар мо дар Парлумон мебудем барои мо осонтар мешуд, вале ҳанӯз ҳам фурсат вуҷуд дорад, ҳанӯз ҳам муколама байни наҳзат ва қишри уламо, байни мо ва рӯшанфикрон, зиёиён, байни мо ва ҳукумату тамоми қишрҳои ҷомеаро ҳарчи зудтар бояд, ки шурӯъ кард. Мо ниёз ба он дорем, ки чеҳраи ҳақиқии Исломро ба мардум муаррифӣ кунем, то имрӯз алҳамдулиллоҳ муаррифӣ кардем, вале аз нав бояд, ки талошу кӯшиш кард ва яке аз тарҳҳоямон ҳамин аст, ки бояд дар наздиктарин фурсат мизи гирд даъват карда шавад ва тамоми мутахасисин ширкат кунанд, аз Шӯрои уламо, аз вазоратҳои қудратӣ, аз ҳизбҳои сиёсӣ, донишмандони соҳаи ҳуқуқу сиёсат ва дар масъалаи будан ё набудан, зарурати як ҳизби динӣ дар кишваре мисли Тоҷикистон машварату суҳбат шавад. Наҳзати исломии Тоҷикистон барои миллат лозим буд, дар қонуни аосӣ ҷо дода шудааст ва то имрӯз шукри Худо фаъолият карда истодаем.

Ҳарфи аввалу охирро миллат мезанад, як маротиба миллат дар назарсанҷӣ ин райъашро гуфт ва дар Конститутсия сабт шуд, боз ҳам миллат дар оянда райъи худро хоҳад дод. Як масъалае ҳаст, ки бояд ба мсъулин бирасад, дар масъалаи ҲНИТ бояд саросема нашаванд, агар лозим шуд наҳзат худ тасмим мегирад, миллат тасмим мегирад, вале набояд саросема шуд. Зеро ҳодисаҳо дар ҷаҳон зуд тағйир ёфта истодаанд, дар минтақа ҳам баъд як вақт зарурат ба ҳизб ё ҳаракате мисли наҳзат пайдо мешавад, ки дер мешавад он вақт. Ҳатман ингуна зарурат барои нерӯи сиёсие мисли наҳзат дар ҷомеа ҳаст ва хоҳад монд, зеро таҳдидҳое, ки аз тарафи ифротгароёну ДОИШ, аз тарафи Ал-қоида ва гуруҳҳои дигаре, ки дар натиҷаи сиёсатҳои нодурусти ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадаанд, инҳо барои миллату Ислом таҳдиданд. Ҳич ҳукумат ба танҳои наметавонад пеши роҳи ин таҳдидҳоро бигирад, магар он ки тамоми миллат бо тамоми ҳизбу ҳаракатҳо ва қишрҳояш дар ҳамкорӣ бошанд.

Ман аз шумо як хоҳиш дорам вақте ки бармегардед ба минтақаҳои худ, ба назди бародару хоҳарон аввалин паёме ки мерасонед ин ташаккуру миннатдории раҳбарияти ҳизб аст, баъдан хоҳиши моро расонед, ки ҳеч вақт ба эҳсосот дода нашванд, оромишу субот ва қонуниятро дар ҳама ҳолату шароит риоя кунанд. Мову шумо ҳақи як қадам берун баромадан аз қонунро, ҳатто дар душвортарин ҳолат ҳам надорем. Ва мутмаъин бошед, ки раҳбарияти ҳизб дар сатҳи Шӯрои Сиёсӣ ва Раёсати Олии ҳизб ҷамъ мешавем, баҳогузорӣ мекунем, мавқеи худу шуморо нисбати ин интихобот муайян ва эълон хоҳем кард. Ва ҳар тасмиме, ки дар сатҳи шӯро гирифта шуд ба яко яки шумо мерасад ва мутмаин бошед, ки тасмимҳои мо ҳамааш, ҳатто тасмиму қадамҳои эътирозӣ низ дар чорчӯби қонун бо назардошти давлату миллат ва аъзоёни ҳизб гирифта мешавад. Шумо аз вазъияти ба вуҷуд омада нороҳат набошед, агарчи ба гуфтан осон аст, ки нороҳат набошед, вале ҳамеша ин ояи Қуръонро дар ёд дошта бошед, ки (…гоҳе шумо коре ё чизе ё амалеро бад мебинед, вале дар он барои шумо хайре ҳаст). Иншоаллоҳ, ки дар ҳамин ҳолатҳо ҳам паси парда ҳикматҳое ҳаст, ки вақтҳои дигар хоҳем дид.

Худованд нигаҳдори ҳамаи шумо бошад

More From Author

You May Also Like