Мушкили хушксолии ҳамроҳ бо тағйири иқлим дар ҷаҳон ба як проблемаи калони сиёсӣ табдил шудааст. Дар айни ҳол истифодаи якҷояи рудҳои марзӣ дар осиёи Марказӣ ба яке аз масъалаи калидии кишварҳои ин минтақа табдил шудааст.
Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ доктор Жилтсов. С вазъият дар гирди ин масъала ба он хотир печида мешавад, ки то ҳанӯз кишварҳои минтақа сиёсатҳои худро барои ҳалли ин масъала муайян накардаанд.
Ин кишварҳо дар муддати 20 сол натавонистанд, ки зиддиятҳои хешро барои ҳалли истифодаи дуруст ва оқилонаи оби рудҳои митақаро ба роҳ монанд, гарчанде дар солҳои аввали истиқлолият бар он таъкид карданд, ки дар ин росто ҳамкории зич ба роҳ хоҳанд монд. Вале каме баъдтар ин кишварҳо ҳар кадомашон ба хотири дифоъи манофеъи хеш ба роҳҳои худ рафтанд. Узбекистон Тоҷикистон ва Қирғизистонро бидуни газ монд ва Бишкек дар ҷавоби ин иқдом оби обанбори Токтогулро сар дод ва инро ҳамчун зарурати истеҳсоли барқ дар давраи зимистон ва пур кардани он дар давраи тобистон шарҳ дод.
Ба назари доктор Жилтсов ба тағйири сиёсати истифодаи об аз ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон омилҳои муаяни мавҷуда таъсир расондаанд. Ин пеш аз ҳама аз байн рафтани робитаҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баланд шудани нархи захоири нафтии зарурӣ барои кишварҳое мисли Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.
Ба ақидаи ин коршинос санадҳое ки дар ин авохир аз ҷониби мақомоти ин кишварҳо ба имзо расидаанд, мушкилро ҳал накардаанд. Зеро ин санадҳо меконизми ҷуброни дутарафаи зарарҳои ин кишварҳоро муаян накардаанд. Ба ҳам наомадани манофъеи кишварҳои минтақа вазъиятро буҳронӣ мекунад ва дар ояндаи наздик имкони табдил шудан ба конуни ноамнӣ дар минтақа вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол ҳалли масъалаи истифодаи захоири обӣ энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ дорад, балки сиёсӣ, зистмуҳитӣ ва байналмиллалӣ дорад. Бо вуҷуди он ки ин кишварҳо шартномаҳои зиёди байнидавлатӣ имзо кардаанд, вале роҳкори муассири истифодаи якҷояи оби минтақа ҳануз вуҷуд надорад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ояндаи наздик низ ин масъалаи муҳим ҳалли мусбии худро нахоҳад ёфт. Дар ҳоле ки истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ, сохтани неругоҳ ва хушксолӣ зиддият дар байни кишварҳои минтақаро бештар мекунад.