Фархунда василаи таблиғ ё мусибати дарднок

Фархунда василаи таблиғ ё мусибати дарднок

Хабари кушта шудани Фархунда ва ба оташ кашидани ҷасадаш дар тамоми расонаҳои ҷаҳон ба суръат пахш гардид. Як гурӯҳ ба ин хотир, ки гӯё Фархунда қуръонро оташ задааст ё қасди оташ заданашро доштааст ба ӯ ҳамла намуда ӯро куштаанд. Дар ҳоле, ки ба гузориши бархе расонаҳо ин духтари ҷавон худ як даъватгари исломӣ будаасту аз бемории равонӣ ранҷ мебурдааст. Гузоришҳову таҳлилҳои зиёде дар ин мавзӯъ дар расонаҳо ба чоп расид. Бештари инсонҳо онро маҳкум карданд. Аслан ин кор бо тамоми меъёрҳои диниву инсонӣ мардуд ва маҳкум аст. Касе, ки ба дин бовар дорад бидуни шак ин амалро маҳкум мекунад.

Аммо ба бархе паҳлуҳои ин масъала чандон диққати ҷиддӣ дода намешавад. Барои мисол оташ задани Қуръон аз тарафи бархе афрод дар ҷомеаҳои мусалмоннишин худ магар як амали ифротгароёна нест? Чаро касе чунин амалҳои фитнаангези бархе афроду гурӯҳҳоро маҳкум намекунанд?

Аз тарафи дигар оташ задани Қуръон ва куштани як нафар дар шароити феълии Афғонистону минтақа ба нафъи кист? Оё ин корҳо маҳз ба бадном кардани мардуми мусалмон ва исломиҳо роҳандозӣ намешаванд? Дураст аст, ки ба дасти як тоифа мусалмони ноогоҳи эҳсосотӣ чунин амалҳоро пиёда кардан аз шеваҳои маъмулии бархе гурӯҳҳо ва созмонҳост. Аммо мардум ҳам бояд дигар ба чунин фитнаҳо дода нашаванд. Бозичаи дасти дигарон шудан то кай идома меёбад?

Тарафи дигари масъала низ он аст, ки агар Фархунда Қуръонро оташ зада бошад ҳам аз нигоҳи шаръӣ бо ӯ чигуна бояд бархурд шавад? Магар ҳар касе аз роҳ расид ҳуқуқ дорад мардумро барои ҳар як амале, ки ҳатто воқеият будану набуданаш исбот нашудааст муҷозот кунад? Агар чунин кор ҷоиз бошад, вазифаи қозӣ дар ислом чӣ маъно дорад? Яъне ҳамон қозӣ имрӯза ба маънои суд ё дигар ниҳодҳои қонунии мавҷуд аст.

Аммо бо камоли таассуф бояд бигӯем, ки дар ҷомеаҳои исломӣ бархе роҳабарон ва гурӯҳҳо тавре амал кардаанд, ки мардум дар ҳолати ҷаҳлу фақр қарор гиранд. Вақте ҷомеаи маданӣ дар як кишвар заиф бошаду мардум маърифати дуруст надошта бошанд, ақлу хирад ҳамеша дар сояи эҳсосот ва таассубот боқӣ мемонад.

Адами маърифат ва огоҳӣ дар миёни кишварҳои ҷаҳони севвум ба як мушкили умумӣ табдил шудааст. Мушкиле, ки решаи тамоми мусибатҳо ва фақру ноамниҳои минтақаи мост.

Аз ҳамин заъф истифода бурда бархеҳо ин амалро ба ислом нисбат медиҳанду аз он ба нафъи худ таблиғ мекунанд. Ин кор натанҳо ба нафъи мардуми мусалмон нест, балки танишҳо ва чолишҳоро бештар низ мекунад. Ба хусус пас аз онки ба хотири интиқоми Фархунда шахси дигаре дар кишвари дигаре даст ба сузондани Қуръон мезанад, ин баёнгари ҷаҳлу таассуби умумист на исломӣ.

More From Author

You May Also Like