Боз ҳам фишор…

Боз ҳам фишор...

Раиси танзим дар ноҳияи Ёвон бо номи Собирҷон ба назди Шоев Асрор котиби бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ёвон омада аз номи мақомоти амният таъкид кардааст, ки аз ҳизб хориҷ шавад.

Шоев Асрор мегӯяд: “ин масала ба замони интихобот бармегардад. Дар даврони интихобот вақте машғули таблиғ будам маро боздошта ба ШКД –и ноҳия бурданд. Онҷо муфаттаиш Набиев Хуршед ба ман гӯфт, ки ин кори шумо ғайриқонунӣ аст ва шумо набояд маводҳоро тақсим кунед. Набиев Хуршед гӯфт мо ин дафъа шуморо мебахшем, вале дигар тақсим накуне. Аммо ман гӯфтам, ки ин кор қонунӣ аст ва ман барои ҳизби расман сабтином шуда таблиғот мекунам.

Аммо пас аз чанд муддат дирӯз масъули танзими ноҳия бо номи Собирҷон омада ба ман гӯфт, ки бод аз ҳизб хориҷ шавам ва ин дастури амният будааст. Ман ба ӯ ҷавоби рад додам, вале боз аз амният ба ман занг зада даъват намуданд, ки аз ҳизб хориҷ шавам. Ман қабул накардам. Ҳоло имрӯз ҳам маро ба амнияти ноҳия даъват кардаанд ва талаби хориҷ шуданам аз ҳизбро доранд”.

Ин дар ҳолест, ки фишорҳо болои ҲНИТ баъди интихобот идома оштааст ва як раванди хориҷ кардани аъзоён аз ҳизб дар саросари кишвар ҷараён дорад. Ин хориҷ карданҳоро ҳар касе ба таври худ шарҳ медиҳад ва баъзеҳо ба ин боваранд, ки ҳадаф аз ин раванд фалаҷ кардани сохтори ҲНИТ дар минтақаҳо мебошад ва мехоҳанд аз ин ҳизб як ҳизби фалаҷ ва ғайри фаъол бисозанд.

Аммо манъи фаъолияти як ҳизби расмии динӣ дар кишвар ба нафъи кӣ хоҳад буд? Оё дар чорчубаи қонун фаъолият намудани як гурӯҳи калони диндорон боиси пешгирӣ аз ифротгароӣ нест ва манъи фаъолияти он дар чунин шароити буҳронии минтақа чӣ паёмадҳое хоҳад дошт?

Маълум нест, ки ин бархурдҳои ифротӣ бо рақиб дар ҷомеаи мо то куҷо идома меёбад ва намедонем чаро муколама ва гуфтугӯ дар ҷомеаи мо ғариб шудааст?

More From Author

You May Also Like