Ду рӯз қабл 27 нафар аз сокинони деҳаи Қизилиро ба ҷамоати Комсолобод бо далели аъзои ҲНИТ будан даъват карда, меӯянд, ки дар ҳоли аъзо будан дар варақае имзо кунанд. Ин дар дар ҳолест, ки Абдумуъмин Ҳакимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод мегӯяд ин ҷавонон аъзои ҳизб набуда, аз 27 нафар 15 нафарашон ба ҷамоат рафтаанд. “Нафарони даъватшуда ягонтоашон на ба ҳизб алоқа доранду на аъзо мебошанд. Танҳо дар кӯча бо онҳо саломуалейк мекунему халос. Муовини раиси ҷамоати Комсомолобод, Наҷиев Файзулло имзои ин нафаронро гирифта, ҷавобашон медиҳад”-иброз медорад раиси бахши ҳизб дар Нуробод.
Categories
Ахбори ҳизбӣ