Як аъзои ҲНИТ бо исми Шоирахон Юнусова, сокини деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара шикоят аз фишорҳои пайи дар пайи раиси ҷамоати ин деҳа мекунад.
Ба гуфтаи хонум Шоирахон 3 маротиб аст, ки Насибиддин Нуриддинов, раиси ҷамоати деҳаи Ворух ӯро ба ҷамоат даъват карда, таҳдид ҳам мекунад то аз аъзогӣ даст кашад, вале ин хонум ба ин розӣ нашуда, мегӯяд “бори аввал раиси ҷамоат маро даъват карда, хоҳиш кард, ки аз ҳизб барояму бо онҳо ҳамкорӣ кунам. Ман бошам дар ҷавоб гуфтам боз фикр мекунам, бори дуввум низ даъват карда гуфтанд, ки аз ҳизб даст кашам. Аммо ман гуфтам аз аъзогӣ намебароям, вале он кас зуроварӣ карда, гуфтанд, ки дар ҳоли аз ҳизб набаромаданам мағозаи маро мебанданд. Бори саввум вақте ба наздаш рафтам ба ман фишор оварда, аз мағоза сухан кард, аммо ман асабӣ шуда, мизи дар наздам бударо (тела) кардам, ки афтида шикаст. Дар ҳамин вақт раиси ҷамоат кормандони милисаро даъват карду ман бо онҳо рафта, баёнот ҳам додам”.
Илова бар ин раиси ҷамоат бар ивази даст кашидан аз ҳизб ба хонум Шоирахон ваъдаи кор ҳам додаасту гуфтааст, ки барои сафар кардан ба Хонаи Худо кумак мекунанд, аммо хонум аз ин даст мекашад. “Маро чанд маротиба ба Шӯъбаи милиса даъват карданду пурра баёнотро навиштам. Бори саввум низ маро бо раиси ҷамоат кормандони милиса рӯ ба рӯ карданд, раиси ҷамоат бошад маро тӯҳмат ҳам кард. То ҳол раиси ҷамоат мегӯяд аз ҳизб барояму бо ҷамоат, дар масъалаи танзим ҳамкорӣ кунам.Раиси ҷамоат ба ман мегӯяд шарм намедорӣ, ки ба ҲХДТ аъзо нашудию ба ҲНИТ аъзо шудӣ”.
Ҳамчунин хонум Шоирахон иброз медорад, ки “чанде пеш хонаи маро дӯзд зада буд, вақте ба Шӯъбаи милиса рафтам, сардорӣ шӯъба гуфт, ки аввал аз ҳизб бароям баъд кори маро тафтиш хоҳанд кард. Кори маро дар аввал муфаттиш Абдуллоев мебурд, ҳоло бошад дар ӯҳдаи Нусратов ҳаст, ки то ҳол тафтиш нафётааст. Пас аз ин хунукназарии кормандони милиса ба Прокуратура муроҷиат кардам, аммо натиҷае надод ва то ҳол ҳуҷҷатҳои ман тафтиши худро наёфтаасту ҷинояткор ҳам пайдо нашудааст”.
Билохира Шоирахон Юнусова ба раиси ҷамаот мегӯяд танҳо ба як шарт ариза навишта, аз ҳизб берун мешавад, “ман ба раис гуфтам дар аризаам менависам, ки раиси ҷамаот ба ман фишор овард ва ман аз аъзогӣ даст кашидам, аммо ба ин он кас розӣ нашуданд”.
Ин аввалин маврид нест. Дар ҳама ҷо аъзоёни ҲНИТ-ро маҷбур мекунанд, ки “бо ихтиёри худ” аз ҳизб хориҷ шаванд. Ба назар мерасад “танҳо мушкили” ҷомеаи мо ҳамин аъзоёни ҲНИТ ҳастан. Дигар дар кишвар на мушкили ҷои кор, на мушкили роҳ, на об на барқ ва на маош вуҷуд надорад. Агар онҳо аъзоёни ҲНИТро аз ҳизб хориҷ кунанд кишвар пешрафт мекунаду гулгул мешукуфад.