Абдуҷаббор
Раҳмонов,ёрдамчии
раисиҷумҳури кишвар зимни суханронии худ дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ
дар мавзӯи “Ифротгароии салафӣ: Масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти
миллӣ” аз уламои кишвар даъват намуд, ки ба матлабҳои ифротгароён, ки зидди
мазҳаби ҳанафӣ ва зидди муносибати дину давлат дар Тоҷикистон навишта мешаванд,
посух диҳанд.
Ба гуфтаи ёрдамчии президент бархе
уламои ноогоҳ дар кишвар ҳадису оятҳоро ғалат шарҳ медиҳанд, ки боиси
гаравидани ҷавонони бехабар аз асли Ислом ба ҳаракатҳои ифротӣ шудааст. Дар
робита ба ин мавзӯъ хабарнигори “Наҳзат” ба
чанд нафар коршиносони тоҷик бо саволи “оё бо истифода аз ходимони расмии дин ҳукумат тавони мубориза
бар зидди салафия ва дигар гурӯҳҳои ифротиро дорад ва то кадом андоза дар ин
самт муваффақ хоҳанд шуд?” муроҷиат намуд.
рӯзноманигор
Тарс ё иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар бораи расмӣ кардани вазифаҳои
имомхатибӣ ва ё ин ки имомхатибҳоро як навъ бо пул таъмин кардан аз як нигоҳ
кори хуб ва боиси дастгирӣ аст. Аммо, ҳукумати кишвар касонеро сари вазифаи
имомхатибӣ овард, ки аксари онҳо аз нигоҳи фикрӣ, дониш, мавқеи иҷтимоӣ ва
ҳамчун чеҳра ё аз лиҳози раҳбарӣ афроди нотавонанд. Ин афрод дар муддати
тақрибан 10 соли ахир, ки ҷараёни салафия дар кишвар хеле рушд кард, то ҳол
мустақиман натавонистанд, ки бо ин ҷараёни фикрӣ дар як дебати рубарӯ бо инҳо
сари баҳс нишинанд. Ба ҳамин хотир, ман мӯътақидам, ки ин кори ҳукумат бар
зарари ҳукумат анҷом ёфт, чун мо дар гузашта имомхатибонеро доштем, ба хусус
дар шаҳри Душанбе, ки аз нигоҳи донишҳои динӣ ва замонавӣ хеле мусаллат буданд
ва дар чандин баҳс ҳарифони фикрии худро аз ҷараёнҳои тозазуҳур амсоли салафия ва
шиагароӣ ба зону шинонанд. Имрӯз, мутаассифона мо дар сатҳи имомхатибони
ҷумҳурӣ чунин фардеро намешиносем, ки воқеан ҳам қалами хуб, нутқи хуб ва ҳам
бо донишҳои диниву замонавӣ ба тавре мусаллат бошад, ки ҳарифони худро аз дигар
гурӯҳҳои фикрӣ ба зонӯ шинонанд ва ё ҳадди ақал бо онҳо дар миёни мардум сари
баҳс бишинад.
Файзалӣ Собир, сокини пойтах
Гумон намекунам, ки ҳоло ҳукумат бо рӯҳониёне, ки ҳамагӣ чанд сол пеш аз
минбар дурашон кард, омодаи ҳамкорӣ бошад. Вале ман ба куллӣ бовар дорам, ки ҳукумат
имсол не, соли дигар ҳатман бо рӯҳониёни саршинос ҳамкориро ба роҳ мемонад. Чункиҳарфи
муллоҳоиҳукуматиро
касе гӯш
намекунад ва
инро ҳукумат ҳам
хуб медонад, ки ҳарфионҳо,ки дар масоҷид
фақат
аз сиёсат гап мезананд ба дарди касе намехӯрад. Ҳоло мебинем, бо ин мушкилиҳо рӯзе мерасад,
ки дигар миллат ба ҷуз ҳарфи чанд рӯҳонӣ ҳарфи касеро шунидан намехоҳад ваҳатман
рӯҳониён
барои оромии вазъи Тоҷикистон истифода мешаванд.Чун миллатро наметавон бо зур сохт, миллатро танҳо метавон бо ваҳдати
комил сохт. Ҳукумат бо ин чанд муллои
ҳукуматие, ки дорад, наметавонад бар зидди салафия ва дилхоҳ гурӯҳҳои дигар
мубориза барад. Муллоҳое, ки ҳоло болои минбари масоҷиданд, бовар дорам, ки
аксараш намедонанд дар Тоҷикистон чанд ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ вуҷуд дорад. Ҳоло
аз барномаҳои он ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террорстӣ намегӯем!
раиси шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ
Масъалаи мубориза бо гурӯҳҳои ифротгароӣ хеле масъалаи
печида аст ва онро наметавон бо роҳҳои содда ҳал кард. Зеро имомҳои расмие, ки
аз ҷониби ҳукумат эътироф шудаанд, мутаассифона хеле аз инҳо озод набуда, як
табиати тарсуӣ гирифтаанд. Яъне болои онҳо чунон фишорҳо аз ҷониби баъзе ниҳодҳои
ҳукуматӣ зиёд аст, ки дигар тарсуӣ сифати онҳо шудааст. Дигар бо одамони тарсӯ,
бо одамоне, ки худро озод эҳсос намекунанду дар баёни фикру ақидаи худ озод
нестанд, бо ингуна инсонҳо ба ҳеҷ куҷо расида намешавад.
Ҳукумат дар сурате метавонад муваффақ шавад, ки ба
уламову рӯҳониёне такя кунад, ки онҳо дар миёни мардум эътибору такягоҳ доранду
мардум ба онҳо бовар доранд. Зеро ба аксари уламои дин дар кишвар мардум бовар
надоранд, ба хусус дар масоли динӣ. Вақте онҳо масоили диниро баён мекунанд,
мардум ба шубҳа ба онҳо менигаранд ва дар мубориза ба ифротгароён вақте онҳо
гап мезананд, зери шубҳа қарор мегиранд.