Categories Русский

Т. Варқӣ: Моддаи 28-и Сарқонун ба таври фаҳшомез нақз мешавад

Ҳамлаи иттилоотие, аз
ҷониби ҳукумат ташкил шуд, бахусус дархости Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва
пешбининамоии илмии АУ-ро метавон чун хазонрез, МТС ва чаҳор арӯсакҳизби дигари
алайҳи муроҷиати ҲНИТ-ро ба институтҳои байналмилалӣ ба хори ҳамели сагҳои
омӯзишдида шабеҳ донист.

Барои ҳама бояд маълум
бошад, ки ҲНИТ дар робита ба муроҷиатҳояш ҳама мароҳили дохилиро гузашт. Ин
ҳизб муроҷиаташро аз ВКД оғоз намуда, онро бо муроҷиат ба раёсатҷумҳур, ки кафили
Сарқонун аст, хотима бахшид, то тавониста бошад, таваҷҷӯҳи ӯро нисбати ба таври
фаҳшомез нақз шудани моддаи 28-и ҳамон Сарқонун ҷалб намояд.

Ба ин тайёрахӯрон, ки
бинобар маблағи халқ, молиёти шаҳрвандон вуҷуд доранд, муқаррароти он моддаро
ёдрас менамоям:

“Моддаи 28. Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд.
Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери
демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои
ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои
ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок
менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд”.

Ҳама ташкилотҳои дар боло
ёдоваршуда, ки бо ишораи “боло” алайҳи ҲНИТ мешӯранд, алхусус
ниҳодҳои аз ҳисоби буҷа фаъолияткунанда, аҳзоби кисагӣ бар мабнои маблағи
молиётсупорандагон, муҳоҷирон, оилаҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандии солҳои
1992-1997 наздиконашро аз даст доданд, вуҷуд доранд. Онҳо бояд он мушкилот,
маҳрумият ва ошуфтагии нафарони оддӣ, ҳамчунин мушкилоти иқтисодиро, ки то ҳол
ҳалли худро наёфтааст, ёд дошта бошанд… Онҳо наметавонанд набинанд, ки шурӯъ
аз соли 2000 Созишномаи сулҳ аз ҷониби роҳбарияти кишвар таҳриф шуда, ҳукумат
асоси сулҳ ва ризоияти миллӣ, меъёрҳои демократиеро, ки дар Сарқонун ва
Созишномаи сулҳ дарҷ шудаанд, тахриб намуда, мамлакату мардумро ба ҷанги ҷадид
мебарад. Ин ҳама сарусадо ва фишор ба як ҳизби конститутсиноӣ – сутуни қавии
Созишномаи сулҳ башорат аз он медиҳад, мардуме, ки аз номи ташкилотҳои номбурда
алайҳи муроҷиати ҲНИТ баромад менамоянд, виҷдон ва арзиши миллӣ надоранд.

Мутаассифона, имрӯз
ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ҳам бемории бемасъулияти сиёсӣ, моҷароҷӯӣ, агар онро
шакли сиёсии ифротгароӣ ҳам нагӯем, дорад. Ҳукумат бо таъқиби аҳзоби мухолифи
конститутсионӣ Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси ҲДТ, Зайд Саидов, сарвари
“Тоҷикистони нав”-ро зиндонӣ кард, ҳатто мухолифонро дар хориҷ кушт,
ки намунаи он Умаралӣ Қувватов мебошад. Махсусан ҳукумат ба эҳсосоти зану марди
мутадаййин нохун мезанаду ифротгароиро
миёни насли ҷавони мӯътақид барангехта, онҳоро ба ДИИШ тела медиҳад. Ва вируси
мазкур дар шакли адами таҳаммулпазирӣ ва беэътиқодӣ дар доираи таҳаввулот ва
шаклдиҳии демократӣ тавсеа меёбад, ки дар умум, нисбат ба демократия нафратро
ба вуҷуд меоварад.

Тоҷикистон шонси ҷиддии
таърихии сохтани маҳдудаи бидуни ҷангу зӯровариро аз даст медиҳад. Бозигарони
нерӯмандтар ба Тоҷикистон чун як давлати шикастхӯрда менигаранд, зеро ҳукумати
мо аз баракати истиқлол баҳра ва аз фоҷиаи ҷанг сабақ нагирифтааст. Кулли сиёсати
баъдиҷангии ҲНИТ ба бахшиш ва компромис равона шудааст, то сулҳ ҳифз шавад.
Танҳо девона будан лозим аст, то ин сиёсатро чун масъулият ва содиқ ба ҳуҷҷати
имзошуда ва Сарқонун нашуморӣ ва ин ҳамаро заъф муаррифӣ намоӣ. Зимнан метавон
аз чанде аз амалҳои натиҷабахши зершӯъбаҳои тирандози кӯҳии мухолифин алайҳи
Маҳмуд Худойбердиев зимни ҳуҷум ба Хуҷанд ёдовар шуд. Ва шубҳа ҳам нест, ки дар
ҳоли аз ҷануб сар задани таҳдиде зарфияти ҲНИТ яке аз мудофеини кишвар хоҳад
буд.

Он ки ҲНИТ новобаста аз
фишорҳо ҷонибдорони худро, тавре баъзе аз лухтакҳои ҳукуматӣ аз дурандешии
сиёсии мегӯянд, сарварони ҲНИТ ба эътироз даъват накарданд, башорат ба
пойбандии онҳо ба тааҳҳудашон нисбат ба таҳаввулоти зина ба зинаи демократӣ
медиҳад.

О ПИВТ: Есть и альтернативное
мнение”, “
www.tajinfo.org

More From Author

You May Also Like