Categories Ахбори рӯз

Садақаи фитр ва аҳамияти он

Инак аз моҳи
мубораки Рамазон соатҳое ба шумор барои
тамоми мусалмонони кураи замин боқи монда. Моҳе ки фоидаҳои амиқи маънавӣ дар
раванди худсозии инсон ва ҳазорон фазилат дар лобалои худ дорад. Моҳе, ки дарси
азму ирода ва сабру субот барои рӯзадорон меомӯзад.

Пас аз анҷоми
ёфтани ин моҳи шариф, яъне дар рӯзи иди Фитр, шахси мусалмон бояд миқдоре аз
моли худро ба унвони садақаи фитр ба фақир ё мискин бахшад.

Садақи фитр
закоти сароне мебошад, ки шахси рӯзадор барои ҷуброни норасоиҳо ва кӯтоҳиҳои
худ дар аснои рӯзаи ин моҳ ва ҳамчунин
барои дастгирӣ ва кӯмаки бенавоён дар рӯзи ид онро пардохт менамояд.

Садақи Фитр барои
покизагии нафси инсон аз баъзе беҳудагӯиҳо ва норасоиҳое мебошад, ки имкон
дорад гоҳо рӯзадорон дар моҳи Рамазон ба
он олуда бошанд. Ҳамчунин камбағалон ва қишри ниёзманди ҷомеъа ҳади ақал дар
рӯзҳои ид аз хӯрок ва дастгириҳое муносибе бархурдор мегарданд.

Ибни Аббос (р)
ривоят мекунад, ки “Расули Худо (с) закоти фитрро барои пок гардидани рӯзадор аз беҳудагӣ ва бадсуханӣ ва ҳамчунин барои
фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонидааст. Касе онро
пеш аз намоз (намози ид) адо намояд, он закот пазируфташуда аст ва касе онро
баъд аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад
”.

Тавре дар китобҳои
фиқҳӣ гуфта шуда, садақи фитр баъд аз дамидани субҳи рӯзи ид воҷиб мешавад.
Бинобар ин агар шахсе пеш аз дамидани субҳ даргузарад ё баъд аз дамидани субҳ
ба дунё ояд, садақаи фитр бар он ду воҷиб намешавад. Тифле, ки пеш аз дамидани
субҳ ба дунё ояд, дар сурате, ки падараш дорои шароити закот бошад, бар вай
лозим аст, ки аз тарафи тифлаш садақаи фитр бидиҳад.

Садақи фитр
воҷиби афроде мебошад, ки шахси мусалмон бояд онро аз ҷониби тамоми одамоне, ки
дар кафолат ва зери сарпарастиаш қарор доранд, пардохт намояд. Зан бояд худаш
садақаи фитрашро бидиҳад, вале агар шавҳараш аз ҷониби вай онро пардохт намояд,
ҷоиз аст. Фарзандони хурдсол низ агар дорои молу сарват бошанд, садақи фитр аз
моли худашон дода мешавад.

Мустаҳаб аст, ки
пеш аз рафтан ба намозгоҳ садақаи фитр пардохта шавад. Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни
Умар (р) ривоят мекунад, ки “Расули Худо (с) моро ба пардотани закоти фитр пеш
аз баромадани мардум ба намоз амр намуд. Ва худи Абдуллоҳ як ё ду рӯз пеш аз ид
онро пардохт мекард”.

Агар шахс қабл аз
рӯзи иди Фитр онро пардохт намояд, ҷоиз аст ва агар онро аз рӯзи ид ба таъхир
андозад, аз зиммааш соқит намешавад. Ҳатман онро бояд пардохт намояд.

Садақаи Фитр бар
ҳама хоҳ рӯза гирифта бошад, ё нагирифта бошад, воҷиб аст. Мустаҳиқони
(ҳақдорони) садақаи фитр ҳамон касоне мебошанд, ки мустаҳиқи закот ҳастанд.

Имсол дар кишвари мо миқдори садақаи фитр чаҳор
сомонӣ муайян шудааст.

More From Author

You May Also Like