Пеш аз ҳама тавофуқи ҳастаӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шаш
кишвари қудратманди оламро ба ҳама ҷаҳониён ва хосатан форсзабонон ва
мусалмонон бояд табрик гуфт. Табиист, ки ин тавофуқ барои
расидан ба як чаҳони амнтар кӯмак хоҳад кард ва танишҳоро коҳиш хоҳад дод.
Аммо, он чизе ки ин тавофуқ нишон дод ва муҳимтар аз ҳама аст, имкони пайдо
кардани ҳалли дипломатикӣ барои ҳамагуна мушкилист, дар сурате, ки чунин ирода агар вуҷуд дошта бошад. Эътимод ба ҳалли
мусолаҳатомез ва эътирофи он ҳамчун василаи авлавиятнок дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷаҳонро аз худи тавофуқи ҳастаӣ бештар
амн месозад.
Ин
тавофуқ агарчи мунтақидони зиёд дар дохили Эрон ва хориҷ хоҳад дошт, қудрати Эронро
ҳамчун кишвар ва тавони роҳбарияту масъулини онро ба намоиш гузошт. Эрон то ин
лаҳза ҳамчун як қудрати иқтисодӣ ва сиёсии минтақаӣ эътироф гашта буд, тавофуқи
ҳастаӣ ӯро ба қудрати ҷаҳонӣаз лиҳози сиёсӣ табдил дод ва лағви таҳримҳо
метавонад дар ояндаи наздик Эронро ба сатҳи
қудрати иқтисодӣ низ бирасонад. Чун солҳои таҳрим эрониҳо тавонистанд донишгоҳҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисодиро бумӣ
кунанд ва озод шудани сармояҳои хобрафта ва сарозер шудани сармояҳои ҷадид
таъсири мусбате дар беҳтар шудани вазъи иқтисодии Эрон хоҳад расонд. Аммо инро
танҳо пирӯзии Эрон донистан низ чандон саҳеҳ нест. Демократҳои Амрико низ дар арафаи
интихоботи Раёсати ҷумҳуриашон ниёз ба ин тавофуқ доштанд. Онҳо бояд ба миллати
хеш паём мефиристоданд, ки пайи ҳам мушкилоти эҷодкардаи ҷумҳурихоҳонро, ки яке
аз онҳо танишҳо бо Эрон дар заминаи барномаи ҳастаӣ буд, бо гуфтугӯ ҳал мекунанд.
Эътилофи шаклгирифта байни Исроил, кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва ҷумҳурихоҳони
Амрико алайҳи ин тавофуқ наметавонад ин равандро халал ворид кунад, чун аллакай
табдил ба як иродаи ҷаҳонӣ ва воқеият шудааст. Яке аз кишварҳое, ки аз ин
тавофуқ суд мебардорад, Тоҷикистон хоҳад буд ва имкониятҳои беҳтареро барои ҳамкориҳои
дуҷониба ва бисёрҷониба барои мо фароҳам хоҳад сохт.