Муроҷиати ахири ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил боиси
ранҷиши бархе аз рӯҳониён, аз ҷумла Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои
уламои маркази Исломии Тоҷикистон гардид. Ӯ дар хутбаи намози ҷумъа гуфт, “ҲНИТ
бо ин кораш дар моҳи муборак Рамазон моро ранҷонидааст”. Ин
ранҷишро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?Мусалмонони кишварро даҳҳо мушкилот домангир
аст вачаро муфтиву ҳамкоронашро масъалаҳое, ки марбут ба эътиқодот ва арзишҳои динии мардум аст,намеранҷонад, аммо муроҷиати
ҲНИТ ранҷонид?
Азиз Нақибзод,
рӯзноманигори хабаргузории “Озодагон”
С. Абдулқодирзода
як шахсияти мустақил нест. Дигар ҳатто хафашавию хурсандшавиаш ҳам аз ҷои дигар
идора мешавад. Чунки ӯ мисли роботест, ки пулти идорааш дар дасти дигарон аст ва онҳое, ки ин пултро дар даст доранд, Абдулқодирзодаро ба ҳар самте хоҳанд тоб
медиҳанд.
Сафар Ризоев, сокини пойтахт
Шумо мехоҳед, рӯҳоние, ки бар ивази курсӣ дар тамоми фишорҳо болои мусалмонҳо хомӯш буд, имрӯз назаре бар фоидаи Ислому муслимини Тоҷикистон гӯяд? Ин тоифа танҳо дар як ҳолат ҷавоб медиҳанд, назди Худованд. Имрӯз Холиқи худро фаромӯш кардаанд. Фаромӯш кардаанд, ки Имоми Аъзам, ки пири мазҳабаш мегӯем, барои чӣ ин дунёро падруд гуфт. Аслан ман намедонам чӣ гуна муфтӣ ва дигар рӯҳониёни “дарборӣ” минбари масоҷидро барои тарғиботи сиёсӣ истифода мекунанд, дар ҳоле, ки мувофиқи қонун ин манъ аст.
Фикр мекунам, онҳо бояд пеш аз хоб рафтан як маротиба фикр кунанд, ки фардо дар назди Худои хеш чӣ ҷавоб хоҳанд дод? Вақте то 18 сола ба масҷид роҳ намеёбад, муллоҳо таҳқир мешаванд, ҳиҷоб манъ аст, риши мусалмононро ба зӯр тарошида мешавад, онҳо ҳам барои ин кор пеши Худо масъулият доранд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Ба фикри ман, ҲНИТ бо роҳҳои қонунӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ва
аъзояш муборизаи сиёсиро пеш гирифтааст. Ин ҳуқуқро ба онҳо меъёрҳои миллӣ ва
байналмилалии кафолат додааст. Агар ин иқдоми ҲНИТ ба таъби муфтӣ нафорида,
боиси малоли хотири эшон шуда бошад, ин мушкили шахсии ӯст. Вале аз минбари масҷид
эълом доштани ранҷиши худ ин нишонаи барангехтани адоват миёни пайравони дини Ислом
маҳсуб меёбад. Таҳлили аъмоли ҷаноби Абдулқодирзода баръало нишон медиҳад, ки ӯ
бештар на ба корҳои мазҳабӣ, балки ба мавзӯи сиёсӣ даст мезанад. Чанд сол пеш,
вақте ки мавзӯи шиканҷа дар маҳбасҳои кишвар матраҳ буд, аз роҳбарияти волои
кишвар то Прокуратураи генералӣ ин падидаи номатлубро маҳкум карда, барои
пешгирӣ ва решакан кардани шиканҷа даъват намуданд. Аммо ҷаноби Саидмукаррам
Абдулқодирзода эълом дошта буд, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон шиканҷа нест. Ҳамон
замон банда дар расонаҳои кишвар гуфта будам, ки муфтии мусалмонони Тоҷикистон
ба кор ва рисолати худашон машғул шавад, беҳтар аст.
Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Нигоҳ”
Мо аз эътиқоду арзиш ва боварҳои онҳо аз куҷо хабар дорем, ки чист? Шояд
муроҷиати ҲНИТ ба эътиқоду бовар ва арзишҳои нафарони ранҷида нохун зада бошад,
ки боис ба ранҷиданашон шудааст?