Categories Ахбори рӯз

ЭРОН: Пирӯзӣ ё қадам ба пайроҳаи ҷадиди музокирот?

Шоми 14 июл рӯзномаи “The Washington Post” матни тавофуқи Ҷумҳурии Исломии
Эрон ва “Гурӯҳи 5+1”-ро ба табъ расонд. Ин “тавофуқнома”
иборат аз 159 саҳифа мебошад, ки дар дар натиҷаи музокироти 18-рӯзаи ҷониби
Эрон ва Ғарбу Амрико дар шаҳри Вена, пойтахти Астрия рӯйи кор омад ваэҳтимол меравад, ба радду бадалҳои беш аз
даҳсолаи ду ҷониб нуқтаи таммат гузорад.

Ҷамъбандӣ ё тавофуқ?

Қабл аз он ки баррасии масъала бипардозем,
бояд гуфт, ҳарчанд гуфта мешавад, ки Эрон ва “Гурӯҳи 5+1” ба тавофуқ
расидааст, аммо масъалаҳои ҳастанд, ки хонандаро ба дудилагӣ дар ин маврид
мувоҷеҳ месозад. Масалан, он чизеро, ки “The Washington Post” ба табъ расонидааст, тавофуқнома гуфта
намешавад. Яъне он санад “Joint Сomprehensive Plan of Act” номгузорӣ
шудааст, ки бо забони форсӣ “Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак”-аш (БАРҶОМ)
гӯянд. Расонаҳои русӣ бошанд, аз ин санад ба унвони “договор” –
тавофуқ ёд кардаанд, аммо худи расонаҳои Эрон ин натиҷаи музокиротро, ки русҳо “тавофуқ”-аш
гуфтаанд, “ҷамъбандии музокироти ҳастаӣ” менависанд.

Албатта, дар баъзе ҳолатҳо исми санад нақш
асосӣ надорад, аммо дар баъзе мавориди дигар асли матлаб аз ҳамин гуна як
замина бармехазад. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала хабаргузории “Форс”
менависад, “ҳарчанд дар матни БАРҶОМ ба ин мавзӯъ истифода нашудааст, аммо
раванди баррасии тавофуқ дар ниҳодҳои қонунгузории кишварҳо низ дар ҳамин
марҳала ва дар фурсати семоҳае, ки ба ин мазур пешбинӣ шуда, сурат мегирад.
Қарор аст, Конгресси Амрико аз як тараф ва Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Шӯрои олии
амнияти Эрон матни БАРҶОМ (Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак)-ро мавриди баррасӣ қарор диҳанд”.

Мухтасари шартҳо

Бар ҳар ҳол, санад бар ҳар номе, ки бошад,
содир шуд. Тибқи муқаррароти он, ки миёни Эрон ва Ғарбу Амрико ба вуҷуд
омадааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон ӯҳдадор аст, реакторҳои мустақар дар
Султонободро ба мақосиди сулҳомез истифода намояд; сентрифугаҳои ширкати
мустақар дар Султонобод изтопҳои родиактивиро барои муассисоти тиббӣ истеҳсол
намояд.

Ба ғайр аз ин ӯҳдадории аслии Эрон дар он
зоҳир мегардад, ки нозирони Оҷонси эенержии ҳастаиро тӯли 25 сол иҷозат
медиҳад, то коргоҳҳои ҳастаии ин кишварро таҳти назорат дошта бошанд ва
ҳамчунин гуфта мешавад, ҳар маълумоте, ки МАГАТЭ дар робита ба ниҳодҳои ҳастаӣ
мехоҳад, бояд Эрон пешниҳод намояд. Ҳамзамон бо ин Эрон ӯҳдадор шудааст,
ғанисозии ураниюмро ба ҳадди 3,67 фисад поин биёрад ва ин иқдоми Эрон 15 сол
тӯл хоҳад кашид.

Дар қиболи ин ҳама гуфта мешавад, ин
тавофуқ боис шудааст, ки таҳримоти Созмони Милали Муттаҳид дар соҳоти тиҷорат,
молия, фанноварӣ ва энержӣ бардошта мешавад. Тибқи манобеи хабарӣ, тавофуқнома
барҳам задани таҳримоти Иттиҳоди Урупоро дар ростои амалиёти бонкӣ, бима ва
системаи пардохти SWIFT, ҳамзамон ашхос ва ширкатҳоеро, ки дучори таҳрим шуда
буданд, дар бар мегирад.

Ба назар мерасад, ҳайатҳои сиёсӣ вазифаҳои
худро ба анҷом расониданд, аммо кор ба ниҳодҳои қонунгузор расида. Конгресси
Амрико барои баррасии БАРҶОМ 60 рӯз муҳлат дорад. Агар дар давоми 60 рӯз ба хулосае
бирасад, ки БАРҶОМ қобили қабул нест, тӯли 12 рӯзи тақвимӣ Барак Обама муваззаф
шудааст, ки ин “тавофуқнома”-ро вето гузорад. Баъди 12 рӯзи вето боз
ҳам тӯли 10 рӯз БАРҶОМ ба парлумони Амрико меравад ва дар ҳоле ки агар аз се ду
ҳиссаи намояндагони палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони Амрико зидди он раъй
бидиҳанд, БАРҶОМ рад хоҳад шуд.

Бозиҳои сиёсӣ ва роҳ ба сӯйи пирӯзӣ

Эҳтимоли рад шудани ин тавофуқ аз нигоҳи
таҳлили равандҳои сиёсӣ дар солҳои ахир хеле кам аст. Зеро Амрико дар гузашта
бо баҳонае вориди Афғонистону Ироқ шуда буд, ки мехост барои ба даст овардани
нафти Эрон ҳам аз ҳамин усул вориди мубориза бо Эрон шавад. Ин дар ҳолест, ки
Эрон аз лиҳзи захоири нафтӣ миёни кишварҳои ОПЕК дар мавқеи дуюм қарор дорад.
Бо вуҷуди ҳама Амрико натавонист бо истифода аз усулҳои “классикӣ”
бар Эрон пирӯз шавад.

Эрон низ бо вуҷуди он ки муттаҳамили
таҳримоти андаке набуд, тавонист дар баробари Амрико истодагарӣ намояд, ин ҳам
танҳо ба хотири ба даст овардани ҳақ ва он ҳаққе, ки тақдири Эрон ба он сахт
бастагӣ дорад. Барои ҳамин имрӯз Эрон иддао дорад, ки аз зовияи қудрат вориди
музокирот шудааст ва мақомоти сатҳи олии раҳбарии Эрон ин нуқтаро ба маънии
зайл маънидод карданд, кимузокироти мазкур ба маънои додани чизе ва бар ивази
он гирифтани чизе аст. Аз ин рӯ, чунин як ишора формулаи гуфтугӯ бо қудрат аз
зовияи қудратро пеши назар меорад.

Амрико бо таваҷҷуҳ ба он ки Иттиҳоди
иқтисодии АвруОсиё созмон ёфта, на танҳо кишварҳои пасошӯравӣ, балки дигар
кишварҳо низ барои узвият даъват шудаанд, Амрико кӯшиш ба харҷ медиҳад, дар
Осиё ҳарчи бештар муносибати дипломатиро пеш гирад. Дигар ин ки ба музокирот
рафтани Эрон бо Амрико ва сарпечии Амрико аз ин тавофуқ демократия – парчами
аслии он – демократияро зери суол бурда, ҷамоҳири осиёиро алайҳи он басиҷ
менамояд. Хулосаи ниҳоӣ ва ҳадди ақал он аст, ки
агар Конгресс БАРҶОМ-ро напазирад, музокирот аз сар гирифта мешавад.

More From Author

You May Also Like