Бино ба иттилои маркази
матбуоти ВКД, 8-уми сентябр “дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар
дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои
қудратии ҷумҳурӣ 3 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо
(Ҳоҷӣ Ҳалим), дастгир гардиданд. Ҳамчунин, миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла
5 автомати «АКМ» ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира
карда шуд”. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ВКД, бештари ҷангандаҳои гурӯҳи Ҳоҷӣ
Ҳалим собиқ кормандони баталиони 25-уми Вазорати дифоъ ва размандагон собиқ
ИНОТ мебошанд. Шоми 7-уми сентябр ба воситаи телевизионҳои давлатӣ хабар
доданд, ки 20 нафар аз ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалимро дастгир кардаанд. Инчунин,
нимаи аввали рӯзи гузашта мақомот аз боздошти 14 нафар аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ
Ҳалим ва “аз мусодираи миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз
он ҷумла, 6 адад автомати Калашников, 2 адад ПК, 1 адад СВД, 1 адад РПГ-7В ва
миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо” хабар додаанд. Мақомот ҳамчунин
эълон кардаанд, ки “касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян
намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд аз
ҷавобгарӣ озод буда, барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор мусоидат
менамоянд, мукофотонида мешаванд”. Дар давоми се рӯзи амалиёт шумораи кушта ва
боздоштшудагон аз ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим ба беш аз 80 нафар расидааст.
Аз ҷумла мақомот, шоми
6-уми сентябр хабар доданд, ки “дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби
кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар аъзоёни
гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дар рафти муқовимати
мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Ҳамчунин, 7 нафар аъзоёни ин гурӯҳ
дастгир гардида, миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати «АКМ», 50
тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Аз субҳи 4-уми сентябр
инҷониб ба маълумоти ВКД 26 нафар аз ҷонибдорони генерал Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳалокат
расидаанд. Бино ба хабарҳои ВКД, дар рӯзи 4-уми сентябр зимни ҳамлаи ин гурӯҳ
ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат 9 нафар, ки ба ҷиноят муттаҳам мешаванд, бо шумули
Зиёвуддин Абдуллоев, собиқ размандаи ИНОТ, ки дар ВКД кор мекард, кушта
шудаанд. ВКД
ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро амали дасти ӯ медонад.
5-уми сентябр ВКД “аз безарар кардани 13
нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткоронаи Назарзода А.М.” хабар дод. Дар рӯзи аввали
ҳодисаҳо мақомот аз боздошти 6 нафар пайравони Ҳоҷӣ Ҳалим, рӯзи 5-уми сентябр
аз боздошти 32 нафар иттилоъ хабар доданд. Ба гуфтаи
мақомот дар ин амалиёт теъдоди зиёди силоҳ низ мусодира шудааст, беш аз 500
яроқу аслиҳаро аз махфигоҳҳои ин гурӯҳ гирифтаанд. 9 нафар аз кормандони
мақомоти дохилӣ ба ҳалокат расида, 6 тан ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.
Фарзияи мақомот:
Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслаконаш аъзои ҲНИТ буданд
Вазорати корҳои
дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот генерал-майорНазарзода Абдуҳалим
Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим),муовини вазири дифоъро узви Ҳизби наҳзати исломии
Тоҷикистон, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон номида, ӯро
дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва террористӣ муттаҳам кард. Ин ниҳод ҳамлаҳои
мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати
мудофиаи кишварро кори Назарзода хондааст. Дар изҳороти ВКД, аз ҷумла омадааст,”4-уми
сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба
Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин ба дастгоҳи марказии Вазорати
мудофиаи кишвар ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу
муҳимоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд”.
Ба қавли
масъулини ВКД, дар пайи ин ҳамлаҳо, 4 корманди Дастаи таъиноти махсуси
милитсияи ВКД (ОМОН) ва 4 корманди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат
расидаанд. Манбаъ
таъкид кардааст, шаш тан аз ҳамлагарон боздошт ва нуҳ тани онҳо кушта шудаанд.
Фарзияи ҲНИТ:
Ҳодиса мушкили дохилиниҳодинаи низомиҳост
Шӯрои сиёсии
ҲНИТ дар ҷаласаи фаврӣ ин ҳодисаро баррасӣ намуда, онро мушкили дохилии
ниҳодҳои низомӣ номид ва ҳамчунин вазъияти ба вуҷудомадаро барои суботу оромиши
кишвар хатарнок ҳисобид. Дар изҳороти ҲНИТ омадааст, ки ин дафъа низ баъзе
мақомоти давлатӣ талош кардаанд, то аз ин мусибати миллӣ ва амалҳои афсарону
сарбозони сохторҳои низомии давлатӣ барои ҳадафҳои сиёсии хеш судҷӯӣ намоянд. Бо
ишора ба даъвои ВКД, ки аз Назарзода Абдуҳалим Мирзо, собиқ муовини вазири
дифоъ ва Зиёвуддин Абдуллоев, собиқ афсари ВКД ҳамчун узви ҲНИТ ном бурдааст, Шӯрои
сиёсии ҲНИТ онро хилофи қонунгузории кишвар ва мантиқ дониста, аз он ҳамчун идомаи
талошҳои қаблӣ барои часпонидани ҳамагуна иттиҳому айбҳои сохта ба ҲНИТ ном
бурд. Шӯрои сиёии ҲНИТ барин аст, ки қонунгузории кишвар узвияти афсарону
сарбозон ва кормандони мақомоти низомиро дар ҳизбҳои сиёсӣ манъ намудааст ва
ингуна афрод наметавонанд узви ягон ҳизби сиёсӣ бошанд. Гузашта аз ин, ба
таъкиди Шӯрои сиёсии ҲНИТ чанде қабл гурӯҳе аз ин фармондеҳон ва афсарон бо
изҳороте сиёсати пешгирифтаи доираҳои муайян аз ҳукуматро ҷиҳати бастани ҲНИТ
ҷонибдорӣ карда, барои аз узвияти ҲНИТ хориҷ кардани аъзо кӯшишҳо ба харҷ дода
буданд.
Шӯрои сиёсии
ҲНИТ дар изҳороти худ аз Ҳукумати ҶТ даъват кард, ки то ҳарчӣ зудтар дар
сиёсати яктарафаи саркӯбгароёнаи худ алайҳи
ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, гуногунандешони сиёсӣ ва динӣ таҷдиди
назар намояд ва барои ба эътидол овардани вазъият ва ҷилавгирӣ аз хунрезии
бештар тадбирҳои лозимаро андешида, аз таҷрибаи нодири муколамаи миллӣ истифода
намояд.
Фарзияи худи генерал:
Баъзе афсарон дахолат ба корҳои сиёсиро мухолифи Сарқонун донистанд
Аввалин шарҳи ҳодисаҳо рӯзи 6
сентябр аз тарафи Ҳоҷӣ Абдуҳалим дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр гардид, ки
дар он Ҳоҷӣ Ҳалим сабабҳои ба ин кор даст заданашро тавзеҳ додаааст. Ба гуфтаи
ӯ шаби ҳодиса хабардор шудааст, ки ҳамин шаб ӯро бо чанде аз собиқ фармондеҳони
ИНОТ барои имзо нагузоштан ба баёнияи зидди ҲНИТ бояд боздошт ё ҳабс кунанд. Манбаъ
ҳамчунин навиштааст, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар ибтидо ба ин хабар бовар накардааст,
аммо вақте хабари боздошти собиқ корманди милитсияи шаҳри Ваҳдат, Зиёруддин
Абдуллоевро мешунавад, бо чанде аз фармондеҳони собиқи ИНОТ дар манзилаш машварат
меорояд. Чун эҳсос мекунанд, ки баромадҳои шаҳри Душанберо бастаанд ва ҳамагӣ шояд
ҳабс ё кушта мешаванд, тасмим гирифтанд, то дар набард ва мубориза ба шаҳодат
бирасанд. Пас дар як амалиёти ногаҳонии барқосо аз чанд идораву қисмҳои низомии
наздик силоҳу муҳимоти заруриро ба даст оварда, ҳалқаи муҳосираро дар яке аз
самтҳои беруни шаҳр рахна карданд.
Ҳоҷӣ
Абдуҳалим дар ин паёмаш сабаби асосии чунин тасмими ҳукуматро барои нобуд
кардани фармондеҳони собиқи ИНОТ дар он мебинад, ки на ҳама дар баёнияи бастани
ҲНИТ имзо гузоштанд ва аз он тарафдорӣ карданд. – Вақте роҳбарияти давлат аз
онҳо ошкор талаб кард, ки зери ин изҳорот ҳамаашон имзо гузоранд ва бастани ҲНИТ-ро
тарафдорӣ намоянд, як қисме аз афсарон онро мухолифи Сарқонун ва дахолати
низомиён ба корҳои сиёсӣ донистанд ва қисми дигар онро мухолиф ба оину фарҳанги
ҷавонмардӣ ҳисобиданд, омадааст, дар паём. Ҳамчунин ба навиштаи ин корбари
“Фейсбук” баъдан хабар расидааст, ки мақомот тасмим доранд, то пеш аз бастани ҲНИТ
аз гурӯҳи имзонакарда ё дудилаҳо халос шаванд. Ин ташвиш ҳам дар мақомот ҷо доштааст, ки пас
аз бастани ҲНИТ ва задану ҳабси аъзову роҳбарони ҳизб имкон дорад, ин афсарон
аз мардум дифоъ кунанд. Дар ин паём Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамчунин мегӯяд, мақомот барои ба
ҷомеа дигар нишон додани воқеъият нақшаеро тарроҳӣ намуданд, ки гӯё ин
фармондеҳон ҳангоми ҳуҷум ва задухурд ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва
чанд нуқтаи дигар кушта шудаанд. Бо ишора ба такрори сенарияи ҳалокати Мирзо
Зиёев Ҳоҷӣ Ҳалим ба фармондеҳони собиқи ИНОТ ёдовар шудааст, ки М. Зиёев барои
гуфтушунид назди мақомот омада буд, вале ноҷавонмардона ӯро ба шаҳодат расонида,
эълон карданд, ки ӯ ҳангоми задухӯрд кушта шудааст. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳалим
мақомот танҳо дар шаҳри Ваҳдат муваффақ ба иҷрои ин тарҳи худ шуданд ва ҷасади
шаҳид Зиёруддинро дар шӯъбаи ВКД-и шаҳри Ваҳдат партофта, иддао карданд, ки ӯ
ба шуъбаи корҳои дохилӣ ҳуҷум кардааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, ин нақшаро
амалӣ карда натавонистанд ва тирашон хок хӯрд. Ҳамчунин Ҳоҷӣ Ҳалим дар ин паём
таъкид мекунад, ки ҳамчун генерал барои ҳифзи ҷони ҳар сарбозу афсар талош
карда, танҳо аз ноилоҷӣ силоҳи онҳоро бо худ гирифтааст. Дар фарҷоми паёмаш
генерал Ҳоҷӣ Ҳалим аз талафоти ҷонӣ ва ҷинояти мақомоти давлатӣ изҳори таассуф
кардааст.