Categories Ахбори рӯз

Ҳисоботи телефонии Муродалӣ Алимардон ба Президент

Муродалӣ Алимардон муовини сарвазир, раиси комиссияи давлатӣ ва Ситодӣ ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ба Президент Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ гузориш додааст. Дар гузориши худ Муродалӣ Алимардон бобати корҳои анҷомшуда ва рафъи оқибатҳои сел дар шаҳри Кӯлоб мулоҳизоташро баён доштааст. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Шаҳртусу Қубодониён Холмурод Раҳмонов ва Абдулмӯъмин Уфатов ба президент телефонӣ ҳисобот доданд. Тибқи иттилоои сомонаи расмии Президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дастур додааст, ки тезтар хонаҳо сохта шуда мардум бо манзили нав таъмин карда шаванд.

More From Author

You May Also Like