Рустами Эмомалӣ ин дафъа ҳам дар нишасти матбуотӣ ширкат накард

Рустами Эмомалӣ ин дафъа ҳам дар нишасти матбуотӣ ширкат накардcolorstart:#000000Раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар нишасти мабуотии навбатӣ, ки имрӯз, 16 июл баргузор гардид, ширкат надошт.

Ҷои ёдоварист, ки раҳбарияти ҳар ниҳоди давлатӣ барои ширкат дар чунин нишастҳо ва дар рӯбарӯи хабарнигорон гузориш додан вазифадор аст. Аммо иддае руасои ниҳодҳои алоҳида бо ҳар баҳонаҳона аз ширкат дар конфронсҳои матбуотӣ худро канор гирифта, муовин ё нафари дигареро, ки наздик ба роҳбар ҳаст, дастури ширкат дар конфронсҳои матбуотӣ медиҳанд.

Дар нишасти матбуъотии қаблии Хадамоти гумрук таваҷҷӯҳи тамоми хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ба ҳузӯр пайдо кардани Рустами Эмомалӣ, ба ҳайси раиси тозатаъини ин ниҳод равона гардида буд, ки ишон бо чӣ усулу услубе гузориш медода бошад. Аз ин рӯ, анбӯҳи зиёде аз онҳо интизори ба минбари нишаст баромадани Р.Эмомалӣ буданд, то он ҳадде, ки толор имкони ғунҷоиши иштирокчиёнро надошт, ҳатто иддае аз иштирокчиён дар берун монданд. Аммо ҷаноби Р.Эмомалӣ ҳузур пайдо накард ва сабаб ҳам маълум нашуд.

Ин дафъа чӣ? Ин даъфа ҳам ин ҷаноб ҳузӯр пайдо накард, вале посухе ба ин маънӣ садо дод, ки ишон дар рухсатӣ қарор доранд ва Неъмат Раҳматову Нуриддин Маҳмадов, муовинони ӯ ширкат варзида, ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Неъмат Раҳматов, зимни гузориш аз фаъолияти 6-моҳаи ин ниҳод гуфт, тиҷорати моли воридотӣ наздики 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 350 миллион доллар зиёд гардидааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ наздики 2, 4 миллиард доллар ба воридот 518 миллион ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 446 доллар зиёд гардидааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, шарикони аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон Русия, Қазоқистон ва Чин будаанд ва ҳудуди 30%-и молҳои воридотӣ ба Русия рост меояд. Ва дар ин давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби кормандони хадамоти гумрук 2924 ҳодисаҳои қонуншиканӣ ошкор гардида, ки ҷаримаи он 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бояд иқрор кард, ки Рустами Эмомалӣ 7 моҳ боз роҳбарии Хадамоти гумрукро ба зима дорад ва тавре ҳолдонҳо ишора мекунад, фаъолияти ин ниҳодро гӯё ҷоннок кардааст ва инро дар барканор кардани чандин нафар масъулин ва ҷалби ҷавонон ба хадамоти мазкур мебинанд. Таври маълум, Р.Эмомалӣ бо дастгирии падараш, президенти ҶТ соли 2011 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар Хадамоти гумрук ба кор шурӯъ кард ва тӯли як сол, тавре мегӯянд, таҷриба андӯхта, як соли дигар ба ҳайси муъовин дар ҳамин ниҳод кор кард. Ҳоло 7 моҳ боз раҳбарии Хадамоти гумрукро ба уҳда дорад./colorend

More From Author

You May Also Like