Бино ба иттиллои дафтари матбуотиМаҷлиси намояндагон тибқи сметаи хароҷоти Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои соли 2011 минбаъд вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат маблағи истифодаи телефонҳои шахсиашонро худашон пардохт менамоянд. Гуфта мешавад, ки ин тасмим зимни баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон гирифта шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо назардошти зиёд шудани ҳаҷми кор ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба экология, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия дар заминаи ду воҳид сармутахассисони шӯъбаи умумӣ шумораи мушовирони калони кумитаҳо ва комиссияҳо аз 14 то 16 нафар зиёд карда шудааст. |
Categories
Ахбори рӯз