Categories Ахбори рӯз

Ғолибони мусобиқаи фарҳангии ҲНИТ эълон шуданд

Дар қароргоҳи марказии ҲНИТ мусобиқаи фарҳангӣ ба хотири мавлуди паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (С) баргузор гардид. Ин озмун аз чанд рӯзи пеш дар миёни ҷавонон эълон гардида буд. Ҷавонони зиёде дар ин озмун сабти ном карданд ва дар ҷамъбасти мусобиқа ширкат намуданд.
Шӯъбаи фарҳанги ҲНИТ саволҳоро дар 3 бахш омода намуд ва ба иштирокчиён пешниҳод кард. Саволҳо аз зиндагонии охирин сафири илоҳӣ бар рӯи замин ҳазрати Муҳаммади Мустафо (С) таҳия гардида ба таври тестӣ пешниҳоди иштирокчиён шуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа раиси шӯъбаи фарҳанг Муҳаммадкарими Орзу таъкид кард, ки ҳадаф аз ташкили ин мусобиқа бурду бохт нест, балки ҳадаф як рақобати солиму дӯстона аст. Инҷо мо бозанда надорем ва ҳар кассе ширкат кардааст баранда аст. Аммо касоне, ки дар ин мусобиқа амалкарди фикрӣ ва зеҳнии сареътаре доштанд, ба саволҳо дақиқтар посух додан два имтиёзи бештаре касб карданд. Ба ҳамин хотир ба расми ёдгорӣ ба касоне, ки имтиёзи бештар доштанд мукофотҳое тақдим мегардад.
Гуфтанист, ки дар ин мусобиқа Зиёвиддини Муҳаммадӣ бо омодагии хуб ҳозир шуда ҷои аввалро азони худ кард. Мукофоти ӯро муовини раиси ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов тақдим намуд.
Дар мусобиқа ба сабаби монанд будани имтиёзҳои Ҳасанова Сафина ва Сироҷиддин Умаров доварон ҳардуи онҳоро муштаракан ҷои дуввум эълон карданд. Ҷои севвумро ҳам ду нафар яъне Солиев Равшан ва Сматова Муҳаббат муштаракан ба худ ихтисос доданд. Дар охир муовини раиси ҲНИТ ба иштирокчиён орзуи муваффақият намуд ва таъкид кард, ки баъди чанд муддат боз як чунин мусобиқаи фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд. Дар бораи он аз тариқи шӯъбаи фарҳанг, ҳафтаномаи «Наҷот» ва сомонаи Ҳнит метавонед иттилоъ пайдо кунед.

More From Author

You May Also Like