Categories Ахбори рӯз

А. Холиқов пулсупории хатибонро такзиб кард

Озмуни Қуръони карим, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор гардид, гуфта мешуд, бо сарпарастии президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст, вале овозаҳое ҳам буданд, ки гӯё эмомхатибон барои гузаронидани ба маблағи 300 сомониӣ ҷамъоварӣ карда бошанд. Вале Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои динӣ ин ҳарфҳоро беасос хонд.
Абдураҳим Холиқов дар нишасти имрӯзааш аз хабарнигорон даъват ба амал овард, ки воқеъбин бошанд. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон талош дорад, то ба қадри имкон озодии эътиқоди шаҳрвандонро таъмин намояд. Ҳамзамон ӯ аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои таъсисии 2 масҷиди ҷомеи марказӣ ва 4 мадрасаи мутавассита барои бақайдгирии давлатӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 23 масҷиди панҷвақта ва 2 калисо барои қайди баҳисобгирӣ ба кумита хабар дода гуфт, танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 31 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо иборат аз масоҷиди ҷомеъ, панҷвақта ва мадрасаи мутавассита мебошанд.

More From Author

You May Also Like