Чанде пеш дар маркази ҲНИТ масҷиди хоҳарон оташ гирифту ба харобае табдил шуд. Сухтани ин бино ашки аксарияти бонувони намозгузорро срозер карда буд. Ҳамчунин ин сухтор дар ҷомеа вокунишҳои мухталиферо ба ҳамроҳ дошт. Агарчӣ дар ин сухтор касе зарар надид, вале бинои мазкур ба кулли сӯхта корношоям гашта буд.
Баъд аз ин сухтор намозгузории бонувон ва ҳатто мардон ҳам дар маркази ҲНИТ боздошта шуд. Дар он замон бонувон бо чашми пур аз ашку дили пурҳасрат ба ин бинои сухта менигаристанд. То муддатҳо ин бино барои онҳо сабаби нороҳатӣ ва дилтангӣ буд.
Аммо сохта шудани дубораи ин бино имрӯз хушхабаре барои ҳамагон хоҳад буд. Дар арафаи баргузории анҷумани навбатии ҲНИТ ин бино ба таври замонавӣ ва хуб сохта шуд. Агарчӣ бархе корҳои нотамоме дар дохилаш боқӣ монда бошад ҳам, сохтмони аслӣ ва берунии он ба таври куллӣ ба итмом расидааст.
Ҳоло дар аксҳои поён метавонед аксҳои сухта ва сохташудаи ин масҷидро мушоҳида намоед.
Categories
Ахбори рӯз