Ҷумҳурии мардумии Чин тасмим гиифтааст, ки тамоми нирӯҳои кории худро аз Сурия боз гардонад. «Ҳукумати Чин ва дигар мақомот бояд дар мавзӯи ҳифзи шаҳрвандон, ширкатҳо ва дигар нуқоти онҳо дар хориҷ аз кишвар ҷиддӣ рафтор кунад, ба хусус коргарони он», – гуфтааст, Чен Дэмин, вазири савдои ин кишвар.
Тибқи иттилоъи “Вести ру” танҳо беш аз сад нафар коргарони чинӣ дар Сурия барои ҳифзи хобгоҳҳо ва дигар дастгоҳҳо боқӣ хоҳанд монд. Вазир аз баёни теъдоди коргарон ва ширкатҳои чинӣ дар ин кишвар канораҷӯи кард.
Бояд зикр кард, ки соли 2011 Чин ҳазорон шаҳрвандони худро аз Либия замоне ҷанг сурат гирифт, тавассути таёраҳо ва киштӣ ба ватан бозгардонд, аммо ширкатҳои дар он ҷо буда хисороти зиёде диданд, ки ин дафъа низ шояд аз тарси хатари ҷанг аз онщо пешгирӣ кунад. Инчунин Чин дар қатори Русия ва Ирон аз ҷонибдорони ҳукумати феълии Сурия аст, ки дар натиҷаи суқути ин режим имкон дорад вазъи коргарони чинӣ вахим гардад.