Абуубайда ибни Ҷарроҳ – амини уммат

Ҳувайдои Абдуллоҳ

04.04.2012, 19:10

“Амини уммати ман Абуубайда аст”

Дар оғуши Ислом

Дандонҳои шикаста дар роҳи дифоъ аз Паёмбар (с)

Амини уммат

Таскиндиҳандаи дилҳо дар рӯзи “Сақифа”

Холид ба Абуубайда: “Ман сарбозе аз сарбозонат ҳастам”

Даргузашти Абуубайда (р)

“Амини уммати ман Абуубайда аст”

Абуубайда ибни Ҷарроҳ амини уммат аст ва амин будани онро Паёмбар (с) ба ӯ лақаб гузоштааст. Тавре дар ҳадиси шариф омадааст, “Ҳар уммате амине дорад ва амини уммати ман Абуубайда инби Ҷарроҳ аст”. Насаби ӯ дар Фаҳр инби Молик ба Паёмбар (с) мерасад. Номаш Абуубайда писари Ҷарроҳ писари Омир писари Абдуллоҳ писари Алҷарроҳ… писари Фаҳр писари Молик аст. Модараш Умайма духтари Ғанам писари Ҷобир аст.

Абуубайда (р) яке аз афродест, ки хеле зуд ва пеш аз дигарон, дар ибтидо Исломро пазируфт. Ӯ яке аз даҳгона аст, ки Паёмбар (с) ба онҳо муждаи биҳишт дода буд. Пас аз Ислом овардан аҳодисе аз Паёмбар (с) ривоят кардааст. Абуубайда (р) дар бисёре аз муборизаҳо Паёмбар (с)– ро ҳамроҳӣ кардааст. Вай бо хулқу атвори неки худ, ки аз дигар саҳобаҳо фарқ дошт, тавонист, ки мақоми вижаеро касб намояд.

Абуубайда бисёр лоғарандом ва камгӯшт буд. Қади баланд дошт ва азбаски қадаш дароз буд, пушташ каҷ менамуд. Дар ҷанги “Уҳуд”, вақте бо дандон тиреро, ки ба сурати Паёмбар (с) фурӯ рафта буд, маҳкам кашид. Дар натиҷа, ба пушти сар афтод ва ҳангоме ки баланд шуд, дид ки аз даҳонаш хун мерезад ва дандонҳояш шикастааст.

Дар оғуши Ислом

Абуубайда (р) замзамаи мардумро дар мавриди даъвати Муҳаммад (с) шунид ва донист, ки наздиктарин фард ба Паёмбар (с) Абубакр (р) аст ва тамоми корҳои Паёмбар (с) ба дасти ӯст. Бинобар ин, ӯ ба хонаи Абубакр (р) рафт ва аз наздик Исломро фаҳмид. Дидори Абубакр (р) ва Абуубайда (р) ба поён анҷомид, онҳо бо ҳам қарор гузоштанд, ки рӯзи баъд бо Паёмбар (с) дидор кунанд. Муҳаммад (с) ба тозагӣ дар хонаи Арқам писари Убай иқоматро ихтиёр карда буд. Дар рӯзи баъд ва вақти таъиншуда, Абуубайда (р) барои вохӯрӣ бо Паёмбар (с) ба роҳ баромад. Ӯ дар роҳ афродеро дид, ки онҳо ҳам қасди зиёрати Паёмбар (с) доранд. Онҳо Усмон писари Мазъун, Убайда писари Ҳарс , Абдурраҳмон писари Авф ва чанд нафари дигар буданд.

Ӯ пас аз вохӯрӣ онҳоро ҳамроҳӣ кард ва ҳама назди Паёмбар (с) омаданду Исломро қабул карданд. Паёмбар (с) онҳоро аввалин шогирдони мактаби худ ва афроди пешрав дар имону Ислом ба гармӣ истиқбол кард.

Хабари мусалмон шудани Абуубайда (р) ба хонаводааш расид. Баъзе хешовандони ӯ падари ӯро таъна мезаданд, ки писарат Абуубайда мусалмон шудааст ва бо ту мухолифат карда, аз дини Муҳаммад, ки мухолифи дини падарону ниёконат мебошад, пайравӣ кардааст. Таъназаниҳои мардуми Қурайш то ҷое расид, ки падари Абуубайда хашмгин шуд ва шамшерро ба даст гирифту фарёд зад: “Ман фарзандам Омир (Абуубайда)– ро бо ин шамшер мекушам.” Аммо Абуубайда аз Ислом даст бар надошт, то ин ки ҷойгоҳи муҳим ва мақоми волоеро миёни мусалмонҳо ба даст овард, ки яке аз он мақомҳо муждадодан ба биҳишт мебошад.

Дандонҳои шикаста дар роҳи дифоъ аз Паёмбар (с)

Абуубайда (р) ҳиҷрат кард ва ифтихори ҳиҷрат ба Ҳабашаро бо мусалмонон ба даст овард. Ӯ сахтӣ ва хастагии фаровон дар масири ҳиҷратро таҳаммул намуд ва дар Ҳабаша монд, то ин ки Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат кунад. Он вақт Абуубайда (р) аз Ҳабаша ба Мадина ҳиҷрат кард ва ба Паёмбар (с) пайваст.

Дар ҷанги Бадр, амини уммат қаҳрамони бузург ва аспсавори далеру пешрав буд ва ифтихори омӯрзиши аҳли Бадр, ки Худованд гуноҳони гузашта ва ояндаи онҳоро бахшид, насиби Абуубайда (р) низ гардид. Дар ҷанги “Уҳуд”, Ӯ муборизе буд, ки аз Паёмбар (с) дифоъ мекард ва дандонҳояш дар ин рӯз шикаста шуд. Абуубайда (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки дар баробари ҳамлаи Қурайш ба ҷони Муҳаммад (с) сина сипар намуд.

Баъд аз ин ки дар ҷанги “Уҳуд” дандонҳои ӯ шикаста шуда буд, Умар (р) мегуфт: “Марде, ки дандонҳояш аз пеши даҳон шикаста шуда бошад, зеботар ва хушқиёфатар аз Абуубайда надидаам.” Дар муборизаи “Зоти салосил”, вақте Паёмбар (с) хабар шуд, ки гурӯҳи бузурге аз қабилаи Қазоъа ҷамъ шуда ва қасди ҳамла ба Мадинаро доранд, парчамро ба дасти Амр писари Ос (р) дод ва ӯро барои саркӯби душман фиристод. Амр (р) чун ба он ҷо рафт, дид, ки душман бештар аз он аст, ки онҳо фикр мекарданд. Аз Паёмбар (с) дархости кӯмак намуд. Паёмбар (с) дусад нафар аз муҳоҷирин ва Ансорро, ки Абубакр ва Умар (р) низ дар миёни онҳо буданд ба фармондеҳии Абуубайда (р) барои кӯмак ба Амр писари Ос (р) фиристод.

Амини уммат

Гурӯҳи масеҳиёни Ниҷрон дар масҷиди Паёмбар (с) ҳамроҳ бо уламои яҳуд ҳозир шуданд. Онҳо назди Паёмбар (с) бо ҳамдигар ихтилоф карданд, уламои яҳуд гуфтанд, ки Иброҳим (а) яҳудӣ будааст ва масеҳиён гуфтанд, Иброҳим (а) масеҳӣ буда, дар ин маврид Худованд ояеро барои рафъи ихтилофи онҳо нозил кард: “Ай аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим (а) ихтилоф ва муҷодала мекунед. Иброҳим (а) на яҳудӣ, на насронӣ ва на мушрик буд, балки мусалмоне ростин ва дур аз ҳар гуна каҷиҳо буд”. (сураи Оли Имрон, ояти 65 – 67). Паёмбар (с) ҳамчунон бо масеҳиёни Ниҷрон гуфтугӯ кард, то ин ки онҳоро қонеъ намуд. Сипас онҳо аз Паёмбар (с) хостанд, ки касеро пеши онҳо бифиристад, то дину аҳкоми Ислом ва Қуръонро ба онҳо биёмӯзад.

Паёмбар (с) дасташро рӯи шонаи Абуубайда (р) гузошт ва ба онҳо гуфт, ки ҳамроҳи шумо марди аминеро мефиристам, амини воқеъӣ. Ҳамин тариқ Амини уммат ба ҳамроҳи онҳо рафт, то ба онҳо дини нав ва Қуръонро биёмӯзад. Паёмбар (с) ба Абуубайда (р) гуфт: “Бо онҳо бирав ва ба онҳо динро биёмӯз ва дар сурати бурузи ихтилоф дар миёнашон қазоват кун”. Ғайр аз ин Паёмбар (с) ба амонатдории Абуубайда гӯвоҳӣ дод, амонатдорӣ танҳо мунҳасир ба асҳоби киром (р) набуда, балки ӯ амини тамоми уммати муҳаммадӣ мебошад. Ҳамин тариқ Абуубайда (р) яке аз бузургон ва фозилони даврони саҳоба (р) ба шумор меравад, ки хидматҳои бузургеро барои дини Ислом анҷом дода ва мақоми хуберо ба даст овардааст.

Таскиндиҳандаи дилҳо дар рӯзи “Сақифа”

Баъд аз риҳлати Паёмбар (с), вақте мардум дар Сақифаи Бани Саъд барои интихоби ҷонишине барои Паёмбар (с) ҷамъ шуданд, Абуубайда (р) низ он ҷо буд. Ӯ мусалмонҳоро ба ваҳдат ва ҳамдилӣ фаро хонд. Аммо ҳангоме ки мардум бо ҳам ихтилоф карданд, Абуубайда дар миёни ансор истод ва ба суханронӣ пардохту гуфт: “Ай гурӯҳи ансор, шумо аввалин касоне будед, ки Паёмбар (с)- ро кӯмак ва пуштибонӣ намудед, мабодо аввалин касоне бошед, ки баъд аз Ӯ (с) тағйиру ихтилофро эҷод намоед.” Ин суханони Абуубайда (р) оромиши мардумро бозгардонд ва дилҳои ансорро таскин кард ва кор бо байъати тамоми мусалмонҳо, чи ансорӣ ва чӣ муҳоҷир, бо ихтиёри Абубабакри Сиддиқ (р) ҳамчун халифаи мусалмонон хотима ёфт ва ҳама ӯро ба унвони ҷонишини Паёмбар (с) пазируфтанд.

Абуубайда (р) дар мавриди байъат бо Алӣ (р) сухан гуфт. Алӣ (р) ба Абуубайда гуфт: “Аз ман чизе намебинӣ ҷуз он чи туро хушҳол кунад ва Абубакр (р) низ аз мо чизе намеёбад ҷуз он чи ӯро хушнуд хоҳад сохт.” Абуубайда (р) дар гуфтораш низ амин буд, дар мавзеъҳои худ содиқ ва мусалмонҳоро ба дӯстӣ ва ҳамдилӣ фаро мехонд. Дорои имони қавӣ ва забоне содиқ буд.

Холид ба Абуубайда: “Ман сарбозе аз сарбозонат ҳастам”

Дар ҷанги Ярмук, Абуубайда (р) фармондеҳи лашкар ва яке аз қаҳрамонҳои мусалмонон буд. Абубакр (р) Холид писари Валидро барои кӯмаки Абуубайда ба Шом фиристод ва дар номае хитоб ба Абуубайда (р) гуфт: “Холидро (р) барои кӯмаки ту ва ақиб рондани лашкари Рум фиристодам. Ман ӯро амири тамоми лашкар интихоб кардам, ту аз ӯ итоат кун ва бо ӯ дар чизе мухолифат накун.”

Дар ҳоле ки маъракаи Ярмук ҷараён дошт, Абубакр (р) вафот кард ва хилофат ба Умар (р) расид. Умар (р) Холидро сарбози қаторӣ ва Абуубайдаро сарлашкар таъин кард. Абуубайда ҳанӯз ба Холид нарасида буд, пирӯзӣ тавассути Холид ба даст омад ва ҳангоме ки хабари бекор шудани амирии Холид ба вай расид, ӯ гуфт: “Худованд бар Абубакр (р) раҳм кунад. Ман ӯро аз ҳама мардум бештар дӯст доштам, сипос Худоро, ки баъд аз эшон амри хилофатро ба Умар (р) супурд”. Холид изофа кард: “Худованд ба ту подоши нек диҳад, ай Абуубайда. Ман сарбозе аз сарбозонат ҳастам, барои ман фарқ намекунад, ки фармондеҳи лашкар бошам ё сарбозе дар лашкар.”

Даргузашти Абуубайда (р)

Абуубайда (р), амини уммат дар сарзамини Шом даргузашт. Ӯ дар ҷое ба номи Фаҳл наздики Байсон ҷон ба ҷонофарин таслим намуд. Ба қавле ӯ дар синни 58 буд, ки тарки дунё кард.

More From Author

You May Also Like