Categories Мавқеъ

«Наҷот» дар ин ҳафта чӣ навиштааст…

nahzat.tj

11.04.2012, 01:25

Нашрияи «Наҷот» дар шумораи навбатии хеш мисли ҳарвақта матлабҳои хонданиеро бо муҳтавои ҷолиб ва баҳбарангез аз нигоҳи сиёсӣ ва фарҳангӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ манзури хонадагони хеш қарор хоҳад дод.

Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо, мусоҳибаест бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз сафари эшон ба Аврупо. Мо дар ин шумора қисмати аввали ин мусоҳибаро ба нашр хоҳем расонд, ки атрофи зарурати муколамаи доираҳои сиёии Аврупо ва намояндагони ҳаракатҳои исломии ҷаҳони Ислом ва раванди таҳаввулот дар кишварҳои мусалмонии ҷаҳони араб, бахусус Сурия, таъсиру фишорҳои кишварҳои алоҳида болои ин таҳаввулотҳо ва назару мавқеъи раҳбари ҲНИТ-ро ба чоп хоҳем расонид.
Дигаре аз мавзӯъҳои муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ аз нигоҳи мо, ин матлабест зери номи «Ахлоқ ва сиёсат» ва саҳифае зери рубрикаи «чеҳра».

Аммо матлабҳое аз қабили «Минбари коршинос», ки дидгоҳи коршиносони тоҷикро нисбат ба муносибати Тоҷикистон ва Узбакистон матраҳ месозад ва «Зарфшони зархез ва баҳсбарангез» низ муносиб ба воқеъият рӯз ва доғи ҷомеа мебошанд.
«Наҷот» дар беш аз 10 саҳифаи хеш дигар матолиберо низ таҳия кардааст, ки аз хондани онҳо иншоаллоҳ манфиъате ба афкор ва равони хонанда хоҳад расид.

Ҳар субҳи рӯзи панҷшанбе, ин нашрия дар шакли «pdf» дар гушаи «нашрияҳои ҲНИТ» дар ин сомона гузошта мешавад.

More From Author

You May Also Like