Categories ҶОМЕА

Таҳиягарони филми “бегуноҳии мусулмонон” эъдом мешаванд

Ҳафт тан аз масеҳиёни қибтӣ, ки дар таҳия ва офаридани филми зидди исломӣ даст доштанд, ҳукми қатл гирифтанд.

Бино ба гузориши расонаи хабарии “Еuronews”, ин масеҳиёни қибтӣ ба хотири иҳонат ба Паёмбар (с) ва ба поймол намудани арзишҳои муқаддаси динии мусулмонон аз суйи додситони додгоҳ Сайфунасри Сулаймон ба сангинтарин ҷазо маҳкум шуданд.

Хотирасон мекунем, филми «Бегуноҳии мусалмон», ки дар он Пайғамбар Муҳаммад (с) таҳвин мешавад, дар ҷаҳони ислом шӯреро барангехта, дар бештари кишварҳои мусалмоннишин мардум бо нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтанд. Ин филм сабаби кушташудани даҳо нафар, аз ҷумла сафири Амрико дар Либия- Кристофер Стивенс ва се дипломати дигари амрикоӣ дар Бенғозӣ гардид.

More From Author

You May Also Like