Муҳибуллоҳ Қурбон
Ё 100 ҳазор доллар ҳам занро хушбахт накард
Як лаҳза дами беғам…
Хонандаи азиз, зиндагӣ шитоб дорад ва мо аз пайи он. Бинобарин, барои он ки аз ҳама гирудори зиндагӣ лаҳзае биосоед, гӯшаи “Як лаҳза дами беғам”-ро оғоз мекунем.
Зери ин бахш ҳафта ақаллан як – ду воқеаи аҷоибу ғароиб ё чизу ихтироъи назаррасро тақдим мекунем. Писандатон омад, идома медиҳем.
Дар Чин марди 34-солае бо номи Чжан Фенг аз ҳамсараш барои фарзанди зиштрӯй таваллад кардан ҷудо шуд. Рӯзе, ки Чжан тифлашро бори нахуст дид, аз рӯйи хеле безеби духтарчааш дар ҳайрат зад ва ҳамсарашро таъна зад, ки ту хиёнат кардӣ ва ин фарзанд аз ман нест.
Дар ҳақиқат, духтарча на ба модар монанд буду на ба падар. Зан садҳо қасам хӯрдааст, ки ба ғайр аз шавҳар дигар мардро надидааст. Мард таҳлили генетикӣ кард ва духтурон тасдиқ карданд, ки духтарча аз худи Чженг будааст.
Пас аз фишорҳои зиёди шавҳар ҳамсараш эътироф кардааст, ки ӯ як духтари бадафт будааст ва аз ин сабаб солҳо аз дари онҳо хостгоре надаромадааст ва ҷавонмарде, ки ӯро дар ягон ҷой медидааст, рӯй турш мекардааст.
Аз ин сабаб барои зебо шудан чанд бор ҷарроҳии пластикӣ кардааст ва барои ин кор 100 ҳазор доллар сарф кардааст.
Пас аз ин Чжан боз зиёдтар дар қаҳр ғутида, ҳамсарашро ба додгоҳ кашидааст ва дар аризаи даъвогиаш навиштааст, ин зан тавассути ҷарроҳии пластикӣ худро зебо сохта, Чжанро ба худ ҷалб кардааст, бинобарин барои хисороти ахлоқӣ аз занаш 120 ҳазор доллар ҷубронпулӣ талаб кардааст.
Додгустар аризаи Чжанро қонеъ кард, вале зан тамоми аксҳои то ҷарроҳиашро нест карда, мегуфт, ки он қадар безеб ҳам набудааст.
Чжан ба он духтуре, ки занашро ҷарроҳӣ карда буд, муроҷиат намуда, аз бойгонии онҳо сурати дар ҳақиқат зишти ҳамсарашро пайдо кард.
Як таҷрибаи аҷибе дар боғдорӣ ҳаст. Агар олучаро пайванд кунед, гелос мешавад, вале чун донаки гелос ба замин афтад, боз ҳамчун ниҳоли олуча месабзад.
Ин ҳикмати Аллоҳ аст…