Ӯ дар аввал душмани Ислом буд, аммо баъд мусалмон шуд, сонӣ ба ҳаҷҷи умра рафт ва акнун мубаллиғи Ислом гардид…
Мо такя ба расонаҳои дигар моҳи марти соли ҷорӣ хабар дода будем, ки сиёсатмадори машҳури Нидерланд, собиқ ҳарифи сарсахт ва муборизи зидди Ислом Арноуд Ван Дорн Ислом оварда буд.
Акнун Умма информ гузориш медиҳад, ки оқои Доорн ба ҳаҷҷи умра рафтааст.
Худ ӯ дар ин хусус дар Twitter навиштааст, ки ҳоло дар Арабистони Саъудист ва бори дигар ҳамаи онҳое, ки барои мусалмон шуданаш ӯро табрик кардаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин нигоштааст: “Аз он рӯзе, ки ман мусалмон шудам, дар зиндагӣ маро як оромӣ ва хушбахтӣ фаро гирифтаанд. Чӣ хуш аст: ман дар Маккаам!”
Пас аз адои маросими ҳаҷ ҳоҷӣ Доорн бо уламои маъруфи Саъудӣ дидор ва суҳбатҳо баргузор намудааст.
Аз ҷумла, ӯ бо Имоми Масҷиди Набавӣ дар Мадина Алӣ ал-Ҳузайфӣ ва олими машҳури Ислом, профессори Донишгоҳи уммул-Қуро дар Макка Абдуллоҳ ал-Заҳронӣ мулоқоти судманд доштааст.
Дар нақшаҳои ояндаи Арно Ван Доорн ин тарғиб ва густариши Ислом дар Аврупост.