Суханронии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ҷашни бошукуҳи 40-солагии ҲНИТ
“Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Ҳамд мар Худоро ва дуруд ба Расули ӯ Муҳаммад (с) ва бар олу асҳоби ишон (р).
Дуруд ба равони поки ҳамаи шуҳадои ин роҳ, роҳи эълои Калиматуллоҳ ва шуҳадои роҳи озодӣ, истиқлолият ва каромоти инсонӣ.
Дуруд ба якояки шумо, меҳмонони азиз, ҳамватанони гиромӣ, хоҳарону бародарони муҳтарам, ба хусус, меҳмонони гиромиқадри мо аз кишварҳои хориҷ, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот ва паси сар кардани монеаҳое, ки мо, «тоҷикони меҳмоннавоз», дар роҳи ишон ба вуҷуд овардем, ташриф оварданд ва ҳозир дар байни мо ҳастанд ва якояки шуморо хайрамақдам мегӯям.
Умед дорам, ки рӯзҳои шумо дар пойтахти меҳмоннавози мо хуб гузарад. Боиси ифтихори мост, ки шуморо имрӯз ба ҳайси меҳмон дорем.
Ба ҳар яки шумо, бародарону хоҳарон аз Суғду Хатлону ва Бадахшону Ҳисору Рашт, ки ба хонаи худ ва ба манзили худ ташриф овардед, хайрамақдам мегӯям. Нури дида, тоҷи сар!
Муҳтарам сафирон, корпуси дипломатӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, хоҳарон ва бародарони азиз!
Имрӯз барои мо – наҳзатиҳо рӯзи ҷашн аст ва хеле шод ҳастем, ки бисёре аз ҳамватанони мо ин ҷашни моро ҷашни худ меҳисобанд.
Аз он рӯзе, ки Наҳзат тасмим гирифт, ки ин ҷашнро баргузор кунад, атрофи рақами “40” дар кишвар баҳсҳои зиёд ба вуҷуд омад, агарчӣ аз ин пеш ҳам рақами “40” дар кишвари мо мушкилӣ пайдо карда буду мо севу ҳафту чилро қаблан манъ карда будем, вале намедонистем, ки то ба ин ҳад рақами чил мушкилӣ меорад.
Баъзе дӯстон гуфтанд, ки шумо бо рақами “40” худ ва Исломи азизро дар минтақа маҳдуд кардед, мо ин ҷо 1 400 сол дорем. Баъзеи дигар гуфтанд, ки шумо муболиға мекунед, ки воқеият аз он “40” камтар аст. Мо ба ҳамаи эшон ва ба онҳое, ки кам мегӯяд, пеш аз рақами чил як рақам илова кунад, мешавад 1 400. Ва онҳое, ки мегӯянд, зиёд аст, сифрро бардоранд, мешавад чор. Ва онҳое, ки бо Наҳзат ва бо вуҷуди он мушкилӣ доранд, рақами чорро бигиранд, мешавад сифр ва мушкилии эшон ҳам ҳал мешавад.
Барои мо – наҳзатиҳо рақам ва сол муҳим нест. Барои мо он рӯзҳо ва соатҳо муҳим ҳастанд, ки мо дар мубориза барои адолат ва барои сарбаландӣ ва каромоти инсонӣ будем.
Ин рӯзро барои якояки шумо табрик мегӯям.
Муборакатон бод!
Муборакатон бод муқовимат, ҳиҷрат, мубориза, сабурӣ, таҳаммул!
Муборакатон бод озод фикр кардан, озод андешидан, озод зистан ва барои каромати инсонӣ талош кардан!
Барои мо рӯзҳое муҳим аст, ки дар он як соат бошад ҳам, бо баракат, бо маънавиёт ва бо фикри озодӣ бошем. Худо паноҳ бидорад аз он садсолаҳо ва ҳазорҳосолаҳо, ки инсоният дар бандагӣ, ғуломӣ ва хориву зиллат зиндагӣ кунад. Агар мо як рӯз сарбаландона зиндагӣ кардагӣ бошем, пас он рӯзро ба якдигар табрик бигӯем.
Муборакатон бод!
Ман худамро низ табрик мекунам, ки ки яке аз шумо ҳастам.
Ҳамчунон дӯстон ин ҷо гуфтанд, ки имрӯз аз некиҳо бояд ҳарф зад.
Ин ҷо дӯстони зиёд як вижагӣ ва сифати наҳзатиёнро зиёд зикр карданд, ки он ҳам сабр ва таҳаммул аст. Мешавад гуфт, ки ин ҳам бренди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шудааст. Мо ҳам, иншоаллоҳ, умедворем, ки шумо ҳам чанд лаҳзае дар баробари суҳбатҳои тӯлониии мо сабр карда бошед.
Бале, мо сабр кардаем, сабр хоҳем кард ва ҳамагонро ба сабр даъват мекунем. Сабр ин сифат ва имтиёз аст.
Ин иттиҳом нест, агарчӣ гоҳо сабри мо ва таҳаммули мо аз тарафи баъзеҳо ҳамчун иттиҳом садо медиҳад, ки чаро то ин ҳад сабр дорем. Худованд дар Қуръони маҷид мегӯяд: “Исбиру ва собиру ва робиту, лаъаллакум туфлиҳун”. Худованд ҳамаи моро даъват карда, гуфтааст: Сабр кунед ва боз дар сабратон ва дар муборизаатон сабур бошед ва бо ҷомеаву дар байни худ ва бо ҳадафҳову ниятон дар иртибот бошед, шояд ки пирӯз шавед.
Ин ҷо ҳазрати Эшони Нуриддинҷон (ки дар сафи аввал байни меҳмонон нишаста буданд) гуфтанд, “Иншоаллоҳ, ҳатмӣ пирӯз мешавед.” Ман ин луқмаи ҳазрати Эшонро ҳамчун башорат мегирам ва ҳамчун як башорати пирӯзӣ қабул дорам ва ин башоратро ба шумо ҳам медиҳам, ки Эшон бадоҳатан ва самимона дар шарҳи ин оят гуфтанд.
Воқеан, дар чунин ҳолат ҳар он чӣ инсон мехоҳад, душвор аст бигӯяд. Ду рӯз омодагӣ гирифтам, ки матни суханрониро бинависам, то хидмати Шумо арз кунам. Аммо чанд бор навиштаму хат задам, дарондаму аз саҳфаи компутер гирифтам. Ба хулосае омадам, ки ҳеч чизе нанависам, мардумро бишунавам ва дар асоси гуфтаҳои онҳо дар ин соат ва ҳар он чи Худованд илҳом доду дар зеҳнам пайдо шуд, ҳамонро дар ин соат бигӯям.
Дирӯз мо Паёми Президентро ҳам шунидем. Паёми аввалу ахир ҳам набуд. Мутмаинан ва яқинан дар болои суҳбатҳои банда таъсир ҳам дошт, чун паём ин санад ва ҳарфҳое ҳаст, ки барои мо гуфта мешавад.
Муҳимтарин нуктае, ки барои мову шумо ва барои ин ҷашн лозим аст, ин ҷумла буд. Президент гуфтанд: “Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳизбҳои сиёсӣ тамоми шароитро муҳайё кардааст.” Ин ҷумла айнан нақлшуда аст. Хонум сафири Амрико дар ин ҷо аз ин ҷумла ёдовар шуданд.
Боз ҷумларо такрор мекунам: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон муҳайё кардааст. Агар гуфта мешуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳизбҳои сиёсӣ дар оянда ҳама шароитро муҳайё мекунад, ман умедвор мебудам, ки иншоаллоҳ, мекунанд. Вале вақте мегӯянд, ки муҳаё кардааст, мехоҳам бидонам, ки он шароит чӣ шароит аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳизбҳои сиёсӣ муҳайё кардааст? Оё толоре барои ҳизбҳои сиёсӣ додаанд, ки ин чорабинӣ баргузор шавад?
Дар ҳоле ки мо шаш моҳ қабл аз ин муроҷиат карда будем, аммо надоданд. Ҳоло ёд надорам, ки ягон ҳизб, ягон созмон, ягон ҳунармандҳои маъруфу машҳури хуби мо барои гирифтани як толор бо раиси дафтари раёсати раисҷумҳур суҳбат карда бошанд. Як ҳунарманд агар Кохи Борбадро бигирад, бо мудири он суҳбат мекунаду маблағро пардохт мекунад ва ин кохро мегирад, вале раиси Ҳизби наҳзат, ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон ба хотири он ки дигарон пешдастӣ накунанд, ин масъаларо бо дафтари дастгоҳи Президент соли 2012 матраҳ карда буд.
Мо наздики 200 меҳмон даъват кардем. Барои омадани меҳмонҳо чӣ кӯмак ва чӣ шароит аз тарафи ҳукумат муҳайё шуд?
Ин лаҳзаҳо дар тамоми идораҳо ва мактабҳои олии кишвар, ҳатто дар мактабҳои миёна вохӯрии падару модарон ва ҷаласаҳои фаъолон гуфта, ҷаласаҳо ташкил шудааст. Аксари меҳмонони мо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъулин, ки ба ин ҷашн даъват шуда буданд, ҳоло дар толорҳои дигар дар “ҷаласаҳо” нишастаанд. Худо кунад, ки ба хотири ободиву пешрафти ҷомеа бошад.
Ман ин ҳарфро ба аъзои ҳизб мегӯям ва муболаға нест. Шумо қалб ва матори ин миллату кишвар ҳастед, зеро то Шумо ҳаракат накунед, ин миллату кишвар бо тамоми дастгоҳаш ҳаракат намекунад. Шумо дар ин рӯз ҷаласаро баргузор кардед, рӯзи шанбе, агарчӣ рӯзи истироҳат аст, давлат бо тамоми дастгоҳаш дар ҳаракат асту кор карда истодааст ва истироҳат надорад.”
Давом дорад…