Categories СИЁСАТ

Пойгаи дағдағаҳо

М. Қурбон


(Хонандаи азиз, барои он ки аз гирудори зиндагӣ лаҳзае биосоед, гӯшаи “Як лаҳза дами беғам”-ро оғоз кардем. Зери ин бахш рӯзҳои истироҳати ҳафта ақаллан як – ду воқеаи аҷоибу ғароиб ё ҳикояти дилчасперо тақдим мекунем.)

Мо дар бораи пойгаҳои гуногун, аз ҷумла, аспдавонӣ, “Формула – 1” медонем. Ҳатто пойгаи мушу гурба ҳам ҳаст, аммо пойгаи дағдағаи баъзе пулдорони араб, ки дар зер дар борааш ҳарф меравад, тамоман бароям ғайричашмдошт буд.

Вақте дар шаҳри Дубай бинои баландтарини ҷаҳон (828 метр) соли 2010 сохта шуда буд, маро як ҳисси ифтихор фаро гирифт ва гуфтам, хайрият, мо тахмин панҷоҳ сол танҳо биноҳои баландтарини Амрикову Канадаро тамошо мекардем ва орзу доштем, ки кош, пулдорони мусалмон ҳам ба ҷойи исрофи пулу молашон ақаллан якто чунин осмонбӯс месохтанд.

Ва аввал ин корро мусалмонони Малайзия бо сохтани бинои “Дугоники Патронас” шуҳрати ҷаҳонӣ касб карданд ва се сол қабл бошад, шайх дар шаҳри Дубай баландтарин бино “Бурҷи Халифа”-ро маблағгузорӣ намуд, ки 162 ошёна дораду 828 метр баландӣ.

Боиси ифтихори дубайиҳо он аст, аз баландтарин осмонбӯсе, ки аз ин бурҷ барвақттар дар шаҳри Тайпей, пойтахти Тайван сохта буданду баландиаш 528 метр, якбора 320 метр баландтар буд! Яъне, аз баландтарин бино тахмин 100 қабат зиёдтар аст.

Вале шодии шайхи дубайӣ дер давом накард.

Ҳамин марти гузашта ширкати сохтумонии «Shard» аз Британияи Кабир тендерро барои сохтумони бинои нави осмонбӯс дар наздикии шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ бурд ва аллакай корҳои бунёдкорӣ дар маҳалли осмонбӯси оянда сар шудааст.

Ин бино номи “Бурҷи шоҳӣ” ном гирифта, баландӣ ё дарозиаш 1001 метр мешудааст. Ва аз ҳама муҳимаш барои саъудӣ он аст, ки бурҷи оянда аз “Бурҷи халифа” 173 метр баландтар аст.

Арзиши тахминии бурҷ 1 миллиарду 200 миллион доллари амрикоист, менависад ҷаридаи арабии “Аш-шарқул Авсат”

Тахмин меравад, дар баландии 500 метр ҳавзи шиноварӣ, майдончаи чархбол ва дигар воситаҳои истироҳату фароғат дар назар гирифта мешавад.

Метавонед, “Бурҷи шоҳӣ”- ро бо биноҳои баландтарини ҷаҳон муқоиса кунед. Аз ҷониби рост Манораи Эйфел бо баландии 324 метр менамояд, ки дар атрофи сад сол баландтарин иншооти рӯи Замин ба шумор мерафт, дар назди “Бурҷи шоҳӣ” пакана менамояд… Дар омади гап бояд гуфт, ки ҳамин “пакана” зиёда аз 40 сол, то сохтумони Эмпайр – стейт – билдинг бо баландии 449 метр ва 102 қабат баландтарин иншооти ҷаҳон буд.

Агар ин пойга миёни ду шайх ба итмом мерасид, чи тавре мегӯянд, нураналонур мешуд, зеро гумон меравад, дар ин даҳсолаи наздик шояд дигар кишваре ҷуръат накунад ва дағдағаи нав – бунёди бурҷи яз як километр баландтарро накунад, вале хато кардам.

Маълум мешавад, ки гурӯҳе аз Кувайт ба ин пойга ҳамроҳ шуда, бурҷи 1001 метраро месозад. Чӣ тавр Дубай, ки имрӯзҳо бо Бурҷи Халифа машҳури ҷаҳон гардида, аз чунин шуҳрат даст кашад?

Барои ҳамин онҳо чун диданд, ки Саъудӣ бинои 1 километраро месозанд, зуд нақшаи 1050 метрааш кашиданд.

Вале мусобиқаи дағдағаҳо бо ин тамом намешудааст.

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ боз як манора ё бурҷе сохта мешавад, ки баландии он… бовар намекунед… 1600 метр мешудааст.

Бинобарин, танҳо мегӯем, пойга давом дорад ва кош, рӯзе мерасид, ки шайхон дар сохтани мактаб барои бачаҳои муҳтоҷи Африқову Осиё дағдаи худро зиёдтар нишон медоданд…

More From Author

You May Also Like