Абдусамади Раҳмон
“Дар дунёи имрӯз ҳар ҷавоне, ки интернет истифода намекунад, муйсафед аст. Зеро мо мехоҳем ё намехоҳем, дунёи имрӯзро бидуни интернет тасаввур кардан мушкил аст.”- ин нуктаҳоро Азимҷони Ваҳоб, раиси шӯъбаи таҳлил ва барномарезии ҲНИТ дар ҷаласае таҳти унвони “Шабакаҳои интернетӣ ва роҳҳои истифода аз он”, ки бо ташаббуси шӯъбаи фарҳанг ва иршоди ҳизб бо иштироки бархе аз масъулини шӯъбаҳои ҲНИТ дирӯз 19 октябри 2012 дар қароргоҳи ҳизб баргузор гардид, гуфт.
Ӯ афзуд: “Бубинед, аксари рӯзномаҳо ва ҳафтаворҳо маълумотҳояшонро аз интернет мегиранд. Мутаассифона, дар кишвар мо интернет барои дидани видеоҳо, суҳбатҳо байни ҳамдигар ва дигар корҳои ҷуъзӣ истифода карда мешавад ва камтар барои гирифтани хабарҳо ҳам истифода мешавад. Аммо, мутаассифона, дар ҷодаи илмӣ ва таҳқиқотӣ, ки барои пешрафт ва рушди кишварамон хело муҳим аст, аслан истифода намешавад. Як китобхонаи калонро мешавад дар як DVD ҷой дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Ғарб ба беҳтарин шакл дар ин ҷода аз интернет истифода мекунанд.”
Давлат Ризоӣ, масъули барномарезии шӯъбаи фарҳанги ҲНИТ, қайд кард, ки имрӯз истифода аз шабакаҳои интернетӣ аз масоили мубрами рӯз буда, на ҳар кас аз он истифодаи самаранок мебарад. Номбурда қайд кард, ки бояд мардуми тоҷик, бахусус аъзои ҳизб роҳҳои истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук, Твитер, Одноклассиникӣ ва дигар шабакаҳоро омӯхта аз он ба манфиъат истифода баранд.
Дар бораи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон расман 40 ҳазор ва маълумоти ғайрирасмӣ шумори истифодабарандагони ин шабакаро бештар арзёбӣ мекунанд. Муассиси “Фейсбук” донишҷӯи Донишгоҳи Ҳарварди ИМА буда, дар Донишгоҳ шабакаро мукаммал гардонид.
Бобоҷони Қаюмзод, масъули ҷавонон ва варзиши ҲНИТ, гуфт, ки масъулини ҳизбӣ, бахусус дар вилоятҳо ва ноҳияҳо барои истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ бояд бештар ҷалб карда шаванд.
“nahzat.tj”